Задухӯрд миёни навҷавонон дар Душанбе

Хабари хуб 19.10.2013 16:37

jangi maktabbachaho  1Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи ноболиғон ба иттиҳоми даст доштан дар авбошӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Сайти расмии ин ниҳод рӯзи чаҳоршанбеи 16 октябр навишт, ки боздошти ин афрод ба дунболи захмӣ шудани як навҷавони 16-сола дар задухӯрде миёни навҷавонон дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, задухӯрди гуруҳӣ миёни ҳудуди 10 навҷавон дар хиёбони Шамсӣ, дар наздикии маркази тиҷоратии "Саодат" баъд аз зуҳри рӯзи 15 октябр рух додааст.

Як ҷавони 20-сола дар ҷараёни ин ҳодиса бо зарби корд як ноболиғро, ки аз ӯ Саид Қурбонов ном бурда мешавад, шадидан захмӣ кардааст. Дар натиҷа, навҷвони маҷрӯҳ ба бемористон бурда шудааст.

Дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Задухӯрди миёни навҷавонон дар шаҳри Душанбе баъд аз як рӯзи ҳушдори ВКД ба волидон дар бораи таҳти назорат қарор додани фарзандонашон дар рӯзи иди Қурбон рух додааст. Далели аслии ин ҳушдор "таъмини амнияти кӯдакон ва навҷавонон" эълом шуда буд.

Ин нахустин бор нест, ки милитсия аз задухӯрдҳои гурӯҳӣ миёни навҷавонон дар Тоҷикистон гузориш медиҳад. Дар соли ҷорӣ бар асари чандин маврид аз чунин ҳодисот чанд нафар аз навҷавонон ҷони худро аз даст доданд ва ё шадидан ҷароҳат бардоштанд.

Дар баҳори соли ҷорӣ як донишҷӯ дар шаҳри Душанбе дар задухӯрде аз сӯйи як талабаи мактаби ҳамагонӣ ба қатл расида буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97