Фотима Алмоҳӣ, зоири солманди судонӣ, дар масҷиди ҳазрати Муҳаммад (с) воқеъ дар шаҳри Мадина, дубора қудрати биноии худро боз ёфт.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Фотима Алмоҳӣ зоири солманди судонӣ, дар масҷиди ҳазрати Муҳаммад (с) воқеъ дар шаҳри Мадина, бо сар додани фарёду шодӣ, ки дубора қудрати биноии худро боз ёфт, тамомӣ ҳаҷиҳои ҳозир дар масҷидро шигифтзада кард.
Вай муддати ҳафтсол буд, ки биноиашро аз даст дода ва бо вуҷуди ҷарроҳиҳои мутаъаддид ҳаргиз қодир бадаст овардани дубораи қудрати биноӣ худ нашуд. Вай гуфт: гуё ба ман илҳом шуда буд, ки дар ҳаҷи имсол биноии худро дубора ба даст хоҳам овард. Бо вуруд ба кишвари Арабистон ин нури умед дар дилам афзун шуд.
Вай дар идома мегӯяд: Чандин рӯз дар масҷиди ҳазрати Муҳаммад (с) мондам ва соатҳои тӯлонӣ дар дохили масҷид барои шифои чашмонам дуо мехондам. Дар гӯшае аз масҷид нишаста будам, ки ногаҳон пардаи сиёҳе, ки ба муддати ҳафт сол пеши чашмонам кашида шуда буд, ба оромӣ маҳв шуд, ва тасвири писарам, ки рӯ ба рӯи ман нишаста будро ба сурати комилан возеҳ дидам.
Фотима Алмоҳӣ ҳамчунин аз орзуи 7 солааш ингуна мегӯяд: Акнун метавонам писарамро пас аз ҳафт сол бубинам ва бидуни кумаки дигарон ҳаракат кунам.
Ин бонуи мусалмони судонӣ ба ҳамин далел соъатҳои тӯлонӣ дар масҷиди Паёмбар (с) монд ва ба даргоҳи Худованд дуо кард.