Кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъи (СПАД) сар аз моҳи декабри соли равон расонидани кӯмакро ба марзбонони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон оғоз хоҳанд кард.
Намояндаи расмии дафтари матбуотии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) дар Маскав дар як мусоҳибаи катбӣ ба «Озо-дӣ» навишт, ки кишварҳои узви ин созмон таҳдид ба амнияти худро пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон воқеӣ медонанд ва ба иҷрои қарори таҳкими марзҳои ҷанубии СПАД мусоидат хоҳад кард.
Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, кӯмаки СПАД ба Тоҷикистон ба маънои нерӯи ҳарбӣ набуда, асосан ба таҷҳизот ва муҳимот рабт дорад: «Дар чаҳорчӯби кӯмакҳои СПАД дар назар аст марзбонони тоҷик дар сарҳади Афғонистон силоҳу таҷҳизотҳои нави ҳарбӣ ва либоси низомӣ бигиранд. Ҳамчунин дар доираи ин кӯмакҳо омодасозии кадрҳои низомӣ барои ҳимояи сарҳад дар мактабҳои олии кишварҳои узви СПАД дар назар аст».