Ҳар чӣ қадар бисёр биншинед, умратон кам мешавад

Хабари хуб 01.11.2013 17:32

harchi dar khonaБар асоси мутолиъоти анҷомшуда ҳар чи замони бештаре дар ҳолати нишаста бошед, ба ҳамон нисбат аз умри шумо коста мешавад.

Барои анҷоми ин таҳқиқ  шеваи зиндагии 120 ҳазор фарди амрикоӣ ба муддати 14 сол мавриди баррасӣ қарор гирифт. Натиҷа нишон дод афроде, ки сабки зиндагии камҳаракат ва шуғлҳои нишаста доранд, тули умри кутоҳтаре хоҳанд дошт. Ин иртибот бо дар назар гирифтани  омилҳое монанди сол, фарбеҳӣ ва ғизохӯрӣ ҳамчунон вуҷуд дошт.

Натиҷаҳо ҳикоят аз он дорад, афроде, ки беш аз 6 соъат дар рӯзро дар ҳолати нишаста ба сар мебаранд бо эҳтимоли 37 дарсад бештар аз афроде, ки камтар аз 3 соъат дар рӯз нишастаанд, дар хатари марг қарор доранд.

Дар идомаи ин мутолиъот мушаххас шуд, афроде, ки пас аз замони муайяни нишастан муддатеро ба варзиш мепардозанд, бо хатари камтаре рӯ ба рӯ ҳастанд, аммо зарарҳои хатарноки нишастани тулонимуддат ҳамчунон дар онҳо вуҷуд дорад. Муҳаққиқон ҳамчунин дарёфтанд бештарин хатари маргу мир дар камини афроде аст, ки натанҳо сабки  зиндагии нишаста доранд, балки варзиш ва фаъолияти баданӣ низ анҷом намедиҳанд.

Мутолиъоти қаблӣ низ баёнгари он буд, ки нишастан ба муддати тулонӣ ва дар аксари соъоти шабонарӯз хатари бемориҳои хатарноке ҳамчун бемориҳои қалбӣ- уруқӣ ва диабети навъи дуро афзоиш медиҳад.

Сарпарасти ин гуруҳи таҳқиқот тавсия мекунад, агар шуғле доред, ки ночоред соъатҳои тулонӣ дар тули рӯзро пушти миз бинишинед, аз ҳар фурсати кутоҳе барои ҳаракат кардан истифода кунед ва аз пушти миз бархезед ва каме роҳ биравед.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97