Марди иронӣ баъди ба дор кашидан зинда мондъ

Хабари хуб 29.10.2013 10:46

dor imagesАфви Байналмиллал ё Amnesty International аз мақомоти Ирон хостааст, ки нақшаи ба дор кашидани мардеро, ки пас аз дор кашида шуданаш зинда мондааст, канор бигзорад.

Ин марди 37 солаи зиндонӣ, ки аз вай танҳо "Алиризо М." ном мебаранд, ҳафтаи гузашта дар зиндони Буҷнурд барои қочоқи маводи мухаддир ба дор кашида шуд. Бино ба гузоришҳо, пизишк эълон кард, ки вай мурдааст. Вале вай зинда будааст. Ӯро рӯзи баъд ба бемористон интиқол доданд ва ба ҳуш омад.

Филип Лютер-раҳбари барномаҳои Афви Байналмиллал барои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ мегӯяд, талошҳо барои бори дувум ба дор кашидан "даҳшатовар" аст ва  гувоҳи набуди ҷанбаҳои ҳуқуқи башар дар низоми адлияи Ирон мебошад.

Бино ба маълумоти  созмони Афви Байналмиллал, Ирон дар давоми соли ҷорӣ дастикам 508 нафарро эъдом кардааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97