Фармондеҳи марзбонони Русия рӯзи чоршанбеи 30-юми октябр дар марзи муштараки Тоҷикис-тон Афғонистон бо ҳамтоёни тоҷику афғони худ дидору гуфтугӯ мекунад.
Владимир Кулишов, муъовини аввали раиси Идораи Федероли Амнияти Русия, ки ҳамзамон фармондеҳи марзбонони ин кишвар аст, шоми дирӯз вориди Тоҷикистон шуда ва имрӯз, 30-юми октябр ба посгоҳи марзии Панҷи Поён сафар кард.
Ӯро дар ин сафар ба марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон Шералӣ Мирзо, ҳамтои тоҷикаш ҳамроҳӣ мекунад.
Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки Шералӣ Мирзо ва В. Кулишов, ки ҳоло дар минтақаи Шерхон Бандари Афғонистон қарор доранд, бояд бо ҳамтои афғони худ мулоқот кунанд.
Ин сухангӯ гуфт, ки танҳо пас аз анҷоми мулоқот дар бораи мавзӯъоти матраҳ шуда дар он иттилоъ хоҳад дод.
Аммо коршиносон мегӯянд, ки мақомоти марзбонии се кишвар дар ҷараёни ин мулоқот барномаи ҳамкориҳои худро дар оянда, пас аз хуруҷи нируҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ мекунанд.
Интизор меравад Владимир Кулишов, фармондеҳи Идораи марзбонии Русия дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва низомиёни рус, мустақар дар кишвари мо мулоқот анҷом бидиҳад.
Марзбонони рус дар соли 2006 нигаҳбонӣ аз марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро комилан ба марзбонони тоҷик таҳвил доданд.
Пас аз хуруҷи нируҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон теъдоди марзбонони тоҷик дар ин марз то 16 ҳазор нафар афзоиш ёфта ва 11 посгоҳи ҷадиди марзӣ бунёд шуд.