Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни шарҳи ҳодисаи ҳамла ба хонаи Дӯстмурод Ҳакимов, сокини ноҳияи Файзобод ба хабарнигори «Миллат» гуфт, ки гуруҳи кории махсуси ин вазоратхона ба бозпурсии афроди ҳамлавар оғоз кардааст.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки шаби 8 ба 9 октябр як гуруҳи авбош ба манзили зисти Дӯстмурод Ҳакимов, ки мардум ӯро бо лақаби Дости Бурут мешиносанд, ворид шуда қасди ғорат кардани молу ашёи ӯро доштаанд.
Дар робита ба ин ҳамлаи мусаллаҳона ба манзили зисти Дӯстмурод Ҳакимов дар сайти расмии Вазорати корҳои дохила маълумоти муфассал дарҷ шудааст, ки бино ба иттилои он, гумонбарон Ҳакимов Барзу Мизробшоевич (соли таваллуд 1987), сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Шарипов Фирӯз Ҷӯрахонович (соли таваллуд 1993), Умаров Муҳаммад Маҳмадсиддиқович (соли таваллуд 1973) Худойбердиев Санчимурод Абдураҳимович (соли таваллуд 1970), Комилҷони Сайфиддинзода (соли таваллуд 1991), сокинони ноҳияи Файзобод дар дохили хонаи Дӯстмурод Ҳакимов аз сӯи кормандони милитсияи Файзобод боздошт шудаанд.
Ин манбаъ меафзояд, ки Барзу Ҳакимов бо Фирӯз Шарипов, Муҳаммад Умаров ва Санчимурод Худойбердиев ҳанӯз рӯзи 9 сентябр ба шахсони дигари то ҳол барои гуруҳи тафтишотӣ номаълум бо исми Маҳмад ва Абдулло занг зада, дар шаҳри Ваҳдат нақшаи ғорат кардани хонаи Дӯстмурод Ҳакимовро кашидаанд.
Бо ҳадафи ғорат кардан, онҳо таппончаи бозичагӣ ва чанд корд бо худ гирифта, дар автомашинаи «Нексия», рақами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, ба самти ноҳияи Файзобод ҳаракат кардаанд.
Бино ба натиҷаи таҳқиқи гуруҳи тафтишотӣ, соати яки шаб бо дастуру пешниҳоди Барзу Ҳакимов ниқобу дастпӯшакҳои сохтмониро ба бар карда, Шарипов Фирӯзро дар паси дар «посбон» гузошта, дигарон аз дарвоза вориди ҳавлӣ шуда, дари хонаи хоби Дӯстмурод Ҳакимовро боз дида, вориди он мешаванд.
Дар иттилоияи ВКД омадааст, ки «онҳо бо таҳдиду зӯроварӣ ба Ҳакимов Достӣ, аз кисаи костюмаш 1700 сомониро гирифта, баъди он аз аз дастони ҳамсараш Ҳакимова Гулсун ду ангуштарин ва як адад дастпонаи тиллоиро тасарруф намуда, набераи 16-солаи соҳибхона Ҳакимов Абдулҳақ Меҳробовичро зери мушту лагат гирифта, маҷбур месозанд, ки соҳибхона калиди сандуқи оҳанини (сейф) дар ҳуҷра бударо ба онҳо бидиҳад. Аммо дар ҳамон лаҳза кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ огоҳ шуда, вориди манзил мешаванд ва Шарипов Фирӯз Ҷурахоновичро дар ҷойи ҳодиса ва боқӣ ёрони ӯро ҳангоми гурехтани ишон дастгир мекунанд. Аз онҳо 1-адад ангуштарӣ, 1-адад корди қатъшаванда, 1-адад бастаи скоч, 1 ҷуфт дастпӯшаки сохтмонӣ ва автомашинаи тамғаи «Нексия», рақами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 249 қисми 4 бандҳои «д» ва «в» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Вазорати корҳои дохилӣ овозаҳо дар мавриди ба гарав бурда шудани набераи Дӯстмурод Ҳакимовро рад кард. Сухангӯи ин вазорат мегӯяд, ки кормандони митилсия ҳанӯз замони дар дохили хона будани афроди мусаллаҳ худро ба манзили Дӯстмурод Ҳакимов бо мусоидати ҳамсояҳо ва наздикон ҳамлагаронро боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, онҳо феълан таҳти пурсиш қарор доранд.
Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки дар робита ба ин ҳодиса мутобиқи моддаи 249 қисми 4 бандҳои «д» ва «в» парвандаи ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Зимнан, Дӯстмурод Ҳакимов аз афроди пурнуфуз дар ноҳияи Файзобод ба шумор меравад, яке аз писарони ӯ Меъроҷиддин Ҳакимов, вакили Маҷлиси намояндагон мебошад, ки дар соли 2010 дар интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи Файзобод пирӯз дониста шуд. Дар интихоботи соли 2006 аз ҳавзаи Файзобод писари дигари ӯ Акбар Ҳакимов низ вакили парлумон интихоб шуд.
Ангезаи ҳамла ба манзили зисти Дости бурутро Вазорати корҳои дохилӣ ғоратгарӣ унвон мекунад.
Бино ба иттилои бархе аз расонаҳо аз қавли сокинони Файзобод гӯё 10 рӯз қабл мағозаи фурӯши гӯшти мурғу тухми Дӯстмурод Ҳакимов, воқеъ дар сари роҳи деҳаи «Кабкрез» низ аз тарафи афроди ношинос оташ зада шуда буд.