Барои интихобот КМИРТ 2 миллион доллар сарф кардааст

Хабари хуб 05.11.2013 19:59

nt javononБо поёни раванди таблиғу ташвиқоти номзадҳо, масъулони КМИР мегӯянд, тамоми хароҷоти ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо истифода аз маблағҳои буҷа сурат мегирад.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ, ҳазинаи баргузории интихоботи президентиро бештар аз 10 миллион сомонӣ ё баробар ба беш аз 2 миллион доллар унвон кард ва гуфт, ки ин миқдор маблағ барои тамоми чорабиниҳои интихоботӣ, назири сафарҳои хидматӣ, баргузории давраҳои омузишӣ, таблиғу ташвиқи номзадҳо, чопи маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ ва дигар иқдомот сарф мешавад. Ба ин тартиб КМИР барои барномаҳои таблиғу ташвиқи ҳар номзади интихоботӣ, ки дар маҷмуъ 6 нафар ҳастанд, 25 ҳазорӣ, сомонӣ ё беш аз 5 ҳазор доллар ҷудо кардааст.

Аммо раҳбари дастгоҳи КМИРТ гуфт, ки ниҳоди онҳо дар ин интихобот аз созмонҳои байналмилалӣ як танга ҳам нагирифтаанд, «мо ба кумаки онҳо (созмонҳои байналмилалӣ) муҳтоҷ нестем. Чанд созмони байналмиллалӣ пешниҳоди кумак кард, аммо мо рад кардем. Чун мо маблағ дорем. Ин интихоботи Тоҷикистон аст. Барои ҳамин дар ин интихобот мо аз ягон созмони байналмилалӣ як тин нагирифтем. Мо худамон интихоботро бо пули худамон мегузаронем».

Ба гуфтаи Абдуманон Додоев, ҳатто дафтари САҲА чандин бор барои баргузории семинарҳои муштараки омӯзишӣ пешниҳоди ҳамкорӣ кард, аммо КМИРТ онро рад кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони дафтари САҲА дар Душанбе гуфтанд, ки тарҳҳоеро дар робита ба интихоботи президентии Тоҷикистон рӯи даст гирфтанд ва яке аз иқдомот, ки дар ҳамкорӣ бо КМИРТ анҷом шуд, омӯзиши интихобкунадагон қабл аз баргузории интихобот будааст.

Дар ин самт ба таъкиди ин масъулон, бар иловаи чопи маҷмуаҳои иттилоотӣ иборат аз суолу ҷавоб бо забонҳои тоҷикиву русӣ, ҳамчунин давраҳои омӯзишӣ бо ширкати мутахассисону намояндагони КМИРТ ва дафтари САҲА дар тамоми манотиқи Тоҷикистон анҷом мешавад, ки ба интихобкунандагон имкон медиҳад то дар рӯзи интихоботи президентӣ ширкати фаъол дошта бошанд. Ҳатто масъулони дафтари САҲА мегӯянд, ки дар пайи ин маърака, беш аз 30 ҳазор интихобкунандагон  мустақиман ва 50 ҳазор нафари дигар тариқи дарёфти маҷмуаҳои иттилоотӣ огоҳ хоҳанд шуд. Бо ин ҳам масъулони дафтари САҲА дар мавриди маблағҳои сарфшуда барои интихоботӣ президентии Тоҷикистон изҳори назар намекунанд.

Бино ба иттилои Би-би-сӣ аксари номзадҳои интихоботӣ гуфтаанд, ки маблағе, ки аз сӯи КМИР барои таблиғу ташвиқи онҳо ҷудо шуда буд, нокофӣ аст. Ин аст, ки Абдуҳалим Ғаффоров, номзади ҳизби сотсиалистӣ ба ҷузъ аз маблағи тахсиснамудаи КМИРТ, боз аз ҳисоби ҳизб ва шахсони саховатпеша 40 ҳазор сомонии дигар дар ин раванди масраф кардааст.

Саъидфаъфар Исмонов, номзади ҳизби демократии Тоҷикистон бошад, мегӯяд, вай асосан аз ҳисоби худаш ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ ё баробар ба 30 ҳазор доллар хароҷоти интихоботӣ доштааст. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Исмонов, «25 ҳазор сомонӣ ҳеҷ чиз намешавад. Барои 5 -6 ҳазор нусха нашрияро чоп кардан, ҳазор доллар сарф шуд. Ҳол он ки мо 50  60 ҳазор танҳо газета чоп кардем. Бар илова, варақаҳову плакатҳо ва дигар маводҳои таблиғотӣ, сафарҳои гурӯҳҳои ташабускор ва дигар хароҷотҳо ҳаст, ки бояд пардохт шавад.»

Аммо номзади ҳизби коммунист, Исмоил Талбаков бештар аз суи дӯстону ҳаммаслаконаш барои таблиғоташ маблағ пайдо кардааст, ки куллан беш аз 120 ҳазор сомонӣ ё ҳудуди 25 ҳазор долларро ташкил медиҳад, «албатта дар масъалаи маблағ танқисӣ надоштам, чун як қисм маблағро писарам дод, Шодӣ Шабдолов як маошашро кумак кард, маоши худамро низ сарф кардам. Ин маблағҳоро барои чопи нашрияву маҷмӯаҳо, хароҷоти нақлиёт, роҳкирои шахсони бовариноку гурӯҳҳои ташабускор, одамонро зиёфат додан сарф кардем.»

Аммо бо он ки хароҷоти интихоботии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ ва номзад аз ҲХДТ бештар аз дигар номзадҳо аст, масъулони ин ҳизб танҳо гуфтанд, номзади онҳо дар чорчуби қонуни интихобот маблағҳоро сарф кардааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи тасмими КМИРТ, бар иловаи маблағи 25 ҳазор сомонии ҷудокардаи ин ниҳод, номзадҳо ҳақ доштанд, ки то ҳудуди 200 ҳазор сомонии дигар аз ҳисоби худу ҳизбашон ва шахсони ҳаводор истифода кунанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97