Зайд Саидов мегӯяд дар "спектакл" дигар иштирок намекунам

Хабари хуб 26.10.2013 16:29

Zayd saidov  tВакилони мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири боздоштшуда, ба нишони эътироз алайҳи нақзи қонуни расидагӣ ба ҷароими ин кишвар толори додгоҳро тарк кардаанд.

Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеъи Саидов, рӯзи чаҳоршанбеи 23 октябр ба Би-би-сӣ гуфт чанд дархосте, ки тайи ду рӯзи ахир онҳо ба раиси додгоҳ ироа дода буданд, нодида гирифта шудааст.

Табаров мегӯяд, ки Зайд Саидов дар ҷаласаи имрӯзи додгоҳӣ суханронӣ карда ва бо ишора ба ин ки Шавкат Абдулхайров, судяи парванда, ба парвандаи ӯ мунсифона расидагӣ намекунад, ба нишони эътироз аз судя хостааст, ки иҷоза диҳад ӯро аз толор берун кунанд.

Табаров ба нақл аз суханони Саидов гуфт: "Муваккили ман гуфт, дигар дар ин муҳокима, ки ба як "спектакл" табдил шудааст, ширкат намекунад. Вай аз мо низ хост, ки дигар дар идомаи муҳокимаи парванда ширкат накунем."

Ба гуфтаи вакилони мудофеъи Зайд Саидов, онҳо дирӯз аз судяи парванда хостори озмоиши мустақиллонаи "Ди-эн-эй"-и Зайд Саидовро карда буданд, то робитаи падару фарзандии ӯ бо зане, ки иддаъо дорад писараш фарзанди З. Саидов аст, муъайян шавад.  Вакилои Саидов мегӯянд онҳо натоиҷи озмоиши қаблӣ, ки масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо мавориди зиёди нақзи қонун ва бидуни ҳузури вакилони мудофеъ дар як ширкати хусусӣ дар Маскав анҷом додаанд, эътимод надоранд. Онҳо хостаанд, ки ин озмоиш дар яке аз кишварҳои урупоӣ ва бе таври бетарафона анҷом шавад.

Аммо Табаров афзуд: "Имрӯз судяи парванда Шавкат Абдулхайров ин дархости мо ва ҳамчунин тақозои дигари мо мабнӣ ба нобоварӣ ба ҳайъати додгоҳро рад кард."

Вай афзуд, ки дар аксари мавридҳо судяи парванда дархостҳои вакилони мудофеъро барои муъайян кардани воқеъият рад мекунад.

Табаров гуфт: "Ман гумон мекунам, ки муҳокимаи муваккили мо бо мавориди зиёди нақзи қонуни расидагӣ ба ҷароими Тоҷикистон доир мешавад ва судя нисбат ба ӯ рафтори муғризона мекунад."

Дар натиҷа, вакилони мудофеъи Саидов идомаи ширкат дар муҳокимаи додгоҳӣ худдорӣ мекунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз чаҳор моҳи расидагӣ ба парвандаи Зайд Саидов муҳокимаи ӯро дар бинои боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар аввалҳои моҳи сентябр пушти дарҳои баста оғоз карда буд.

Дар оғоз ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи З. Саидов ҳашт иттиҳом, аз ҷумла ришваситонӣ ва чандҳамсарӣ, сӯиистифода аз мақом, тақаллуб, таҷовуз ба номус, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ, водор кардан ба сиқти ҷанин ва тамаъҷӯиро ворид карда буданд.

Ҳудуди як моҳ қабл дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳии Зайд Саидов иттиҳоми "маҳрум сохтани ғайриқонунӣ аз озодӣ" ба ин феҳрист изофа шуд. Аммо З. Саидов ва се вакили мудофеъи ӯ тамоми иттиҳомоти ворида алайҳи ӯро рад мекунанд ва онҳоро туҳмат мехонанд.

Дар ҷараёни чаҳор моҳи боздошти Саидов раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон қазияи ӯро "сиёсӣ" хонда ва тақозои озодии вайро кардаанд.

Ҳамчунин бархе аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо пахши баёнияҳое аз давлати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ба қазияи Зайд Саидов расидагии мунсифона шавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97