Хабари хуб

Толибон бар як пойгоҳи низомӣ дар Ҳилманд ҳамла карданд 01.03.2019 13:53 Толибон бар як пойгоҳи низомӣ дар Ҳилманд ҳамла карданд
Гурӯҳи Толибон шаби гузашта аз чанд самт болои пойгоҳи Шӯроб дар вилояти Ҳилманд ҳамла анҷом доданд. Ба гуфтаи вазорати дифоъи Афғонистон, дар ин ҳамла 12 нафар аз Толибон даст доштанд, ки аз миёни ....

Дар Тоҷикистон 9 ҳазору 317 нафар зиндонӣ вуҷуд дорад 01.03.2019 08:30
Бино ба гузориши Маркази байналмилаллии пажӯҳиши зиндонҳо, шумори маҳбусон дар Тоҷикистон 9 ҳазору 317 тан мебошад. Бо такия ба ин додаҳо, Тоҷикистон аз рӯи шумори зиндониён охирин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар Қирғизистон 10 ҳазору 574 тан дар ҳоли ҳозир муҳлати ҳабсро паси сар мекунанд ва ин кишвар аз ....
Идомаи таниш миёни Деҳлӣ ва Исломобод: Ҳинд аз Покистон хост халабони асири ин кишварро фавран озод кунад 28.02.2019 13:51
Вазири хориҷаи Ҳинд аз Покистон хост то пилоти асири ин кишварро ҳар чи сареътар ва бо саломати комил таҳвили Деҳлии Нав бидиҳад. Сушма Сварадж вазири хориҷаи Ҳинд дар хитоб ба Покистон гуфт, ки ба сароҳат аз ин кишвар мехоҳем, ки дар ҳифзи саломат ва амнияти халабони асирафтодаи ҳиндӣ ҳар чи тезтар ....
Тайи ду моҳи ахир нархи орд дар Тоҷикистон 4.6 дар сад афзоиш ёфт 28.02.2019 12:01
Бар асоси мушоҳидаҳои мардум, дар ду моҳи ахир қимати орд дар бозорҳои Тоҷикистон 4.6 дар сад гаронтар шудааст. Бар асоси эъломи Агентии давлатии омори Тоҷикистон, ҳамакнун қимати як кило орди навъи олӣ ҳудуди 4 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки як моҳ пеш қимати ин хӯроки аслии мардум 3,43 сомонӣ буд. Орди ....
Беш аз 500 ҳазор доллар ёрии бебозгашти Ҷопон барои рушди манотиқи кӯҳистон 28.02.2019 11:44
Ҳукумати Ҷопон расонидани кумакҳои  бебозгаштро ба рушди иқтисоди Тоҷикистон тақвият мебахшад. Дар ин росто 27 феврал дар сафорати Ҷопон дар Душанбе  маросими имзои созишномаҳои муштараки  ҳафт  лоиҳаи нав  ба маблағи умумии беш аз ним миллион доллари амрикоӣ  (558,045$)  ба тасвиб расид. Ин кумакҳо  дар чорчӯби Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои ....
Ҳудуди 35 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар соли 2018 барои таҳсил вориди Русия шуданд 28.02.2019 11:23
Бино ба иттилоъи Вазорати умури хориҷаи Русия, аз Тоҷикистон ба Русия дар соли гузашта 34,7 ҳазор нафар барои таҳсил вориди ин кишвар шудааст. Ин манбаъ афзудааст, ки дар соли 2018 ба Русия дар маҷмуъ 536,5 ҳазор ҷавонони хориҷӣ барои таҳсил омадаанд. Аз ин теъдод 212 ҳазор ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ....
Авҷи таниш миёни Исломобод ва Деҳлии Нав: Покистон ду таёраи ҷангии Ҳиндро сарнагун кард 27.02.2019 13:39
Нерӯҳои низомии Покистон иддаъо доранд, ки ду ҳавопаймои ҷангии ҳиндиро дар ҳарими фазойи ин кишвар сарнагун ва як пилоти ҳиндиро низ зинда дастгир кардаанд. Ба дунболи нақзи ҳарими ҳавойии Покистон тавассути таёраҳои ҷангии ҳиндӣ дар рӯзи гузашта, имрӯз таниш миёни Исломобод ва Деҳлии Нав ба авҷи худ расид. Осаф Ғафур сухангӯйи артиши ....
Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмиллалии нахи пунба “Истанбул-2019” ширкат мекунад 27.02.2019 11:29
Тоҷикистон барои ҳаштумин бор пай дар пай нахи пахтагини худро дар Намоишгоҳи байналмиллалии нахи пахтаи “Истанбул-2019”, ки аз 28-уми феврал то 2-юми марти соли ҷорӣ дар Истанбул пойтахти тиҷории Туркия баргузор мегардад, ба кулли харидорони байналмиллалӣ ба маърази тамошо хоҳад гузошт. Панҷ корхонаи ресандагии “Ваҳдат Текстил”, “РБТ Ресандаи Тоҷикистон”, “Ресандаи Қурғонтеппа”, ....
Туркия аз шеваи бархӯрди Чин бо мусалмонони уйғур интиқод кард 27.02.2019 11:15
Ҳукумати Туркия барои дуввумин бор аз шеваи бархӯрди Чин бо ақаллияти мусалмонони уйғур дар ин кишвар интиқод кард. Мавлуд Човуш Уғлу вазири хориҷаи Туркия рӯзи душанбе 25 феврал дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид гуфт, ки Чин бояд байни террористҳо ва мардуми бегуноҳ тафовут қоил шавад. Вазири хориҷаи Туркия гуфт, ки ....
Тағйири иқлим боъиси бо нуқсони қалб ба дунё омадани навзодон мешавад 27.02.2019 09:54
Тағйири иқлим занони ҳомиларо дар маърази хатар қарор дода ва бар асоси ёфтаҳои як пажӯҳиши ҷадид, дар оянда кӯдакони бештаре бо нуқси таваллуди қалбӣ ба дунё хоҳанд омад. Нуқсҳои таваллуди қалбӣ шаклҳои мухталиф дорад, ки як шакли маъмули он мавҷудияти сӯрохи изофӣ ва ғайримаъмул дар девораҳои дохилии қалб ё ба истилоҳи ....
Тавлиди асал дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст 27.02.2019 09:26
Бино ба иттилоъи сомонаи расмии Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2018 дар Тоҷикистон ба миқдори 4 ҳазору 182 тонна асал истеҳсол карда шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба гуфтаи ин манбаъ, соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли асал дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2017 80.3 тонна бештар аст. Вазорати кишоварзӣ ҳамчунин афзудааст, ки дар Тоҷикистон 222386 ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97