Тавлиди асал дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст

Хабари хуб 27.02.2019 09:26

Бино ба иттилоъи сомонаи расмии Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2018 дар Тоҷикистон ба миқдори 4 ҳазору 182 тонна асал истеҳсол карда шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба гуфтаи ин манбаъ, соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли асал дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2017 80.3 тонна бештар аст.

Вазорати кишоварзӣ ҳамчунин афзудааст, ки дар Тоҷикистон 222386 оила замбӯри асал мавҷуд мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон навъи аълосифати асал ва аз лиҳози табиъӣ тоза тавлид карда мешавад.

Тоҷикистон асосан ин навъи маҳсулотро ба кишварҳои Русия, Қазоқистон, АМА ва Афғонистонро содир мекунад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97