Дар Тоҷикистон 9 ҳазору 317 нафар зиндонӣ вуҷуд дорад

Хабари хуб 01.03.2019 08:30

Бино ба гузориши Маркази байналмилаллии пажӯҳиши зиндонҳо, шумори маҳбусон дар Тоҷикистон 9 ҳазору 317 тан мебошад.

Бо такия ба ин додаҳо, Тоҷикистон аз рӯи шумори зиндониён охирин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Дар Қирғизистон 10 ҳазору 574 тан дар ҳоли ҳозир муҳлати ҳабсро паси сар мекунанд ва ин кишвар аз Тоҷикистон як зина болотар аст.

Узбекистон, ки 43 ҳазору 900 тан зиндонӣ дорад, аз ин ҷиҳат теъдоди маҳбусон нахустин кишвари минтақа баршумурда мешавад.

Қазоқистон бо 39 ҳазору 219 тан ва Туркманистон бо 30 ҳазору 452 тан зиндонӣ дар раддаҳои дувум ва савум қарор доранд.

Тибқи ин гузоришҳо, Тоҷикистон 18 зиндон дорад.

Зиндони Душанбе, ки соли 1935 сохта шудааст, кӯҳнатарин зиндони кишвар ба шумор меравад.

Ин зиндон барои 1,5 ҳазор тан маҳбус пешбинӣ шудааст.

Манбаъ: ТоҷикТа

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97