Авҷи таниш миёни Исломобод ва Деҳлии Нав: Покистон ду таёраи ҷангии Ҳиндро сарнагун кард

Хабари хуб 27.02.2019 13:39

Нерӯҳои низомии Покистон иддаъо доранд, ки ду ҳавопаймои ҷангии ҳиндиро дар ҳарими фазойи ин кишвар сарнагун ва як пилоти ҳиндиро низ зинда дастгир кардаанд.

Ба дунболи нақзи ҳарими ҳавойии Покистон тавассути таёраҳои ҷангии ҳиндӣ дар рӯзи гузашта, имрӯз таниш миёни Исломобод ва Деҳлии Нав ба авҷи худ расид.

Осаф Ғафур сухангӯйи артиши Покистон дар сафҳаи Твиттери худ иддаъо намудааст, ки нерӯҳои ҳавойи ин кишвар субҳи имрӯз чаҳоршанбе (27 феврал) ду таёраи ҷангии ҳиндиро дар ҳарими фазойии ин кишвар ҳадаф қарор додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин ҷангандаҳо дар дохили хоки Покистон суқут карда ва яке дигари он дар дохили хоки Ҳинд суқут кардааст.

Вай иддаъо карда, ки нерӯҳои низомии Покистон як пилоти ин ҷангандаҳоро низ зинда боздошт карда ва амалиёти низомӣ барои пайдо кардани ду пилоти дуввумии ҳиндӣ дар минтақаи Ҷамму Кашмири зери идораи Покистон оғоз шудааст.

Аз сӯи дигар, бархе расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд, ки низомиёни Покистон як ҷангандаи худро иштибоҳан мавриди ҳадаф қарор дода ва сарнагун кардаанд.

Давлати Ҳинд то ҳанӯз дар мавриди ҳадаф қарор гирифтани ҷангандаҳояш дар ҳарими фазойии Покистон чизе нагуфтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки пас аз ҳамлаи террористии ду ҳафта пеш бар сарбозони ҳиндӣ дар минтақаи Кашмири зери идораи Ҳинд, таниш миёни ду кишвари ҳамсоя боло гирифтааст.

Дар он ҳамлаи интиҳорӣ 44 сарбози ҳиндӣ кушта ва 46 сарбози дигар захмӣ шуда буданд. Масъулияти ин ҳамларо “Ҷайши Муҳаммад” бар уҳда гирифт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97