Тағйири иқлим боъиси бо нуқсони қалб ба дунё омадани навзодон мешавад

Хабари хуб 27.02.2019 09:54

Тағйири иқлим занони ҳомиларо дар маърази хатар қарор дода ва бар асоси ёфтаҳои як пажӯҳиши ҷадид, дар оянда кӯдакони бештаре бо нуқси таваллуди қалбӣ ба дунё хоҳанд омад.

Нуқсҳои таваллуди қалбӣ шаклҳои мухталиф дорад, ки як шакли маъмули он мавҷудияти сӯрохи изофӣ ва ғайримаъмул дар девораҳои дохилии қалб ё ба истилоҳи авом сӯрохи қалб аст.

Ба гуфтаи пажӯҳишгарони ин мавзуъ, дар марҳилаҳои аввали бордорӣ ба вижа ҳафтаҳои 3 то 8, ки барои инкишофи қалб муҳимм аст, агар занони бордор бо ҳавои ба шиддат гарм дар тамос бошанд, ба эҳтимоли зиёд кӯдаки мубтало бо нуқсҳои қалбро ба дунё хоҳанд овард.

Бар асоси омори созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамасола ҳудуи 1.35 миллион навзод бо нуқсҳои таваллуди қалбӣ ба дунё меоянд, яъне дар ҳар 1000 таваллуди зинда ҳудуди 9 навзод мубтало ба сӯрохи қалб мебошанд.

Маркази контроли амрози Амрико гузориш додааст, ки танҳо дар Амрико солона 40 ҳазор навзоди мубтало ба нуқсҳои таваллуди қалб ба дунё меояд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97