Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмиллалии нахи пунба “Истанбул-2019” ширкат мекунад

Хабари хуб 27.02.2019 11:29

Тоҷикистон барои ҳаштумин бор пай дар пай нахи пахтагини худро дар Намоишгоҳи байналмиллалии нахи пахтаи “Истанбул-2019”, ки аз 28-уми феврал то 2-юми марти соли ҷорӣ дар Истанбул пойтахти тиҷории Туркия баргузор мегардад, ба кулли харидорони байналмиллалӣ ба маърази тамошо хоҳад гузошт.

Панҷ корхонаи ресандагии “Ваҳдат Текстил”, “РБТ Ресандаи Тоҷикистон”, “Ресандаи Қурғонтеппа”, “Спитамен Текстайлз” ва “ХИМА Текстил” анъанаи хуби иштироки корхонаҳои Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи бузурги соҳавӣ идома медиҳанд. Ба мисли солҳои қабл, ин сафари ҳайъати Тоҷикистон ва иштирок дар намоишгоҳи мазкур бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмиллалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории ҳукумати Швейтсария дар чорчӯби Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмиллалӣ сурат мегирад.

Намоишгоҳи байналмилалии нахи пахтаи Истанбул мизбони беш аз 8000 боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон буда, пешсафони соҳаро, ки бозори байналмилаллии риштаро муайян мекунанд, гирд меорад. Дар он, ки ҳамчун “қалби саноати ришта дар АвруОсиё” шуҳрат ёфтааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд.

Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмиллалӣ, махсусан, ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97