Беш аз 500 ҳазор доллар ёрии бебозгашти Ҷопон барои рушди манотиқи кӯҳистон

Хабари хуб 28.02.2019 11:44

Ҳукумати Ҷопон расонидани кумакҳои  бебозгаштро ба рушди иқтисоди Тоҷикистон тақвият мебахшад. Дар ин росто 27 феврал дар сафорати Ҷопон дар Душанбе  маросими имзои созишномаҳои муштараки  ҳафт  лоиҳаи нав  ба маблағи умумии беш аз ним миллион доллари амрикоӣ  (558,045$)  ба тасвиб расид.

Ин кумакҳо  дар чорчӯби Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ (GGP)  ироа карда мешаванд.

Бино ба иттилои хабаргузории расмии Тоҷикистон "Ховар", ба созишномаҳо Ҳаҷимэ Китаока сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо –раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Тоҷикобод,  Ховалинг,  Кӯҳистони Мастчоҳ,  Рӯшон, Мурғоб  ва директори Маркази таълимӣ барои калонсолони  ноҳияи  Ашт имзо гузоштанд.

Лоиҳаҳои  мазкур аз  сохтмони хати  оби нӯшокӣ  дар ҷамоати  Абдулвосиеви ноҳияи  Рӯшон (89,270 $),  сохтмони муассисаи  таҳсилоти миёнаи рақами 11 дар деҳаи Раҷабови ҷамоъати Навободи шаҳри  Турсунзода (89,250 $),  сохтмони  маркази бонувон дар ноҳияи Тоҷикобод (89,285 $), сохтмони беморхонаи минтақавӣ  дар ҷамоъати Гожо Бердибаеви  ноҳияи Мурғоб (89,250 $), хати оби полезӣ  дар деҳаи  Худгифи  Сояи  ҷамоати Иван –тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (89,250 $), дастрас намудани техникаи кишоварзӣ  дар ҷамоъати Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг (89,280 $) ва таҷҳизонидани маркази  таълимӣ барои калонсолони  ноҳияи Ашт (22,460 $) иборат буданд.

Бояд тазаккур дод, ки  шурӯъ аз соли 1996 то инҷониб ҳукумати Ҷопон дар доираи кумакҳои бебозгашт барои  бахши аъзами аҳолӣ ва  амнияти башарӣ 401 лоиҳаро ба маблағи  умумии 32,4 миллион доллари амрикоӣ  дар Тоҷикистон  амалӣ намудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97