Тайи ду моҳи ахир нархи орд дар Тоҷикистон 4.6 дар сад афзоиш ёфт

Хабари хуб 28.02.2019 12:01

Бар асоси мушоҳидаҳои мардум, дар ду моҳи ахир қимати орд дар бозорҳои Тоҷикистон 4.6 дар сад гаронтар шудааст.

Бар асоси эъломи Агентии давлатии омори Тоҷикистон, ҳамакнун қимати як кило орди навъи олӣ ҳудуди 4 сомониро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки як моҳ пеш қимати ин хӯроки аслии мардум 3,43 сомонӣ буд.

Орди мавриди ниёзи Тоҷикистон бештар аз Қазоқистон таъмин мешавад.

Коршиносон яке аз иллатҳои афзоиши қимати ордро гаронии ин маҳсул дар Қазоқистон ва низ коҳиши тавлиди гандум дар Тоҷикистон медонанд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 14,6 дарсад камтар аз соли 2017 гандум истеҳсол карда шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97