Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” таъсис мешавад

Хабари хуб 01.03.2019 12:45

Ҳукумати Тоҷикистон азм кардааст, ки як минтақаи озоди иқтисодии дигар дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб эҷод кунад.

Бар тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, масъалаи  таъсиси минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷаласаи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Минтақаи озоди иқтисодӣ, бо ироаи сабукиҳои махсуси молиётӣ ва расмиёти сабуктар барои ҷалби бештари сармоягузорон ва таъсиси корхонаҳо ташкил мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ – “Ишкошим”, “Суғд”, “Данғара” ва “Панҷ” фаъолият доранд. Бар асоси омори расмӣ минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” аз рӯи ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳо пешсаф буда, фаъолияти ду минтақаи дигар беҳбудӣ мехоҳад.

Ахиран Ёдгор Файзов раиси ВМКБ  далели фаъол набудани сармоягузорон дар минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”-ро ба адами инфрасохтори зарурӣ рабт дод. 

Ӯ гуфт, ягон сармоягузор дар мавзеъе, ки инфрасохтори дуруст - роҳ, барқ, интернет, обу ташноб, меҳмонхонаҳо ва ғайраҳо надорад, маблағгузорӣ намекунад.

Феълан мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки зерқитъаҳои минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”-ро дар навоҳии дигари ВМКБ ташкил диҳанд.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97