Подзаҳре (нушдору) барои дармони саратон (рак)

Хабари хуб 01.03.2019 10:00

Беш аз як саввум маргҳои саратонӣ бино ба гуфтаи донишмандон марбут ба истеъмоли ғизоҳои носолим ва кам витамин аст. Ин ки истеъмоли кадом гурӯҳ аз маводи ғизоӣ барои саломатӣ музирр (зарарнок) ё муфид ҳастанд, мавзуъе аст, ки илм муфассал ба он пардохтааст.

Себ монеъи паҳн шудани ҳуҷайраҳои саратон мешавад

Хӯрдани себ монеъи густариши сулулҳои саратонӣ (“раковые клетки”) мешавад ва холестерин ва оксидантҳои чарбии хунро коҳиш медиҳад. Себ дорои маводи таркибии бисёр арзишманде монанди флавоноидҳо ва пектинҳо аст, ки барои саломатии рӯда муассир мебошанд. Саратони рӯда саввумин омили маргу мирҳои саратонӣ дар миёни занон дар саросари ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ин омил барои мардон дар ҷойгоҳи дуввум қарор дорад.

Занҷабил низ дармони хубе барои саратон баршумурда мешавад

Занҷабил ба далели маводи таркибӣ ва хосиятҳои бешумораш умедбахштарин восита барои дармони бемориҳои саратонӣ аст. Мутолиъоти илмии бешуморе сареҳан бар таъсири усораи (шира, афшура) занҷабил дар пешгирӣ аз бемориҳои саратонӣ таъкид доранд. Аз ҷумла саратони пистон, ҷигар, шуш, простата ва панкреатит.

Чойи сабзро низ дармон барои саратон медонанд

Чойи сабз саршор аз маводи полифенол аст, ки нӯшидани он ба пешгирӣ аз мубтало шудан ба бемории саратон кӯмак мекунад ва боъиси нобудии сулулҳои (клетка, ҳуҷайра) саратонӣ ва омсоҳои ( варам) мавҷуд дар бадан мешавад. Илова бар он дар бархе мутолиъоти илмӣ омадааст, ки чойи сабз нақши муҳииме дар ҷилавгирӣ аз бурузи бемориҳои қалбӣ-уруқӣ (рагҳо) дорад. Ҳамчунин нӯшидани чойи сабз дар тармими сулулҳое, ки ба далели оксидантҳо, ба таври мисол аз кашидани сигор, осеб мебинанд нақши муассире дорад.

Помидор ҳам барои пешгирӣ аз саратон муассир аст

Истеъмоли помидор ҳар чи бештар беҳтар; чи ба сурати хом, чи ба сурати рубб ва сус (паста и соус). Помидор саршор аз витамин ва маводи маъданӣ аст, ки хӯрдани муназзами он боъиси тақвияти сулулҳои бадан дар баробари саратон мешавад. Бинобар таҳқиқоти мунташиршуда аз суи донишгоҳи Ҳорвард, истеъмоли гуҷаи фарангӣ (помидор) метавонад хатари мубтало ба саратони простата ро ҳудудан 21 то 34 дар сад коҳиш диҳад.

Сир (чеснок)

Сир дорои моддаи доруйи “алюминиевая аминокислота”, ки на танҳо аз бурузи саратон пешгирӣ мекунад, балки боъиси тақвияти системаи иммунии бадани инсон дар баробари дигар бемориҳо низ мешавад. Ин модда ба сулулҳои саратонӣ мечаспад ва сабаби нобудии онон мешавад, аз ин ки ба сулулҳои солим осеб расонанд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97