Хабари хуб

Боздошти Лайливу Маҷнуни замон дар Эрон 11.03.2019 08:42 Боздошти Лайливу Маҷнуни замон дар Эрон
Дар Эрон ду ошиқ ҳини номзадӣ дар маҳзари ом дастгир шуданд. Ба гузориши сайти Gazeta.ru, вақте ки ҷавон дар ҳузури як теъдоди зиёде аз муштариёни маркази тиҷоратӣ ба духтархонуми маҳбубаш дархости арӯсӣ намуд ....

Ҳамлаи гургҳо дар ноҳияи Шуғнон ба ҳалокати модару духтар анҷомид 07.03.2019 16:00
Гузориш мешавад, ки субҳи имрӯз дар пайи ҳамлаи гургҳо  дар рустои Мденшори ҷамоъати Поршневи ноҳияи Шуғнони ВАБК як модар ҳамроҳ бо духтараш ба ҳалокат расиданд. Аз ин ду фарди ба ҳалокатрасида Амалбегим Ташрифбековаи 83-сола ва духтараш Мастибегим Давандоваи 55-сола ном бурда мешавад. Умеда Юсуфова сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  дар суҳбат бо ....
Дар ғарби Кобул чандин таркиш ба вуқуъ пайваст 07.03.2019 13:41
Чанд лаҳзае қабл садои чандин таркиш дар ғарби Кобул пойтахти Афғонистон шунида шуд. Гуфта мешавад чандин таркиш дар наздики гирдиҳамойие, ки барои гиромидошт аз бисту чаҳорумин солрӯзи террори Абдулалӣ Мазорӣ баргузор гардида буд, ба вуҷуъ пайвастааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки афзун бар шунида шудани таркиш садои тирпаронӣ низ аз ин маҳалл шунида ....
Низомиёни покистонӣ ва ҳиндӣ аз нав ба якдигар ҳамларо оғоз карданд 07.03.2019 11:01
Сарбозони покистонӣ ва ҳиндӣ рӯзи гузашта (6 март) як бори дигар дар ҳудуди марзи ду кишвар дар Кашмир бо ҳам даргир шуда ва бар пойгоҳҳои ҳамдигар ракета партоб карданд. Мавҷи тозаи даргирӣ миёни низомиёни ду кишвар ҳамзамон бо талошҳои депламатиии ду ҳамсояи рақиб барои коҳиши таниши мавҷуд сурат гирифтааст. Низомиёни ҳар ду ....
Чин ба Тоҷикистон 300 миллион доллар барои коркарди нахи пахта ҷудо мекунад 07.03.2019 09:17
“Сhina Machinery Industry Construction Group Inc” як ширкати давлатии Чин барои рушди бахши бофандагии Тоҷикистон 300 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Бино ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Неъматулло Ҳикматуллозода вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар рӯзи 5 март бо намояндагони бахши соҳибкории Чин таҳти раҳбарии Ху Син менеҷер ....
Созишномаи ҳамкориҳои низомии миёни Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид 07.03.2019 08:48
Парлумони Тоҷикистон рӯзи гузашта созишномаи ҳамкориҳои низомии миёни Тоҷикистону Узбекистонро, ки моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Тошканд имзо шуда буд, ба тасвиб расонид. Ин нахустин созишномаи ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон дар бахши низомӣ аст, ки баъди комилан барқарор шудани робитаҳои ду кишвар дар як соли пеш имзо шудааст. Барқарории равобити ....
Анҷоми муҳлати ваколати сафири Эрон дар Тоҷикистон 07.03.2019 08:26
Ҳуҷҷатулло Фағонӣ сафири Эрон дар Душанбе рӯзи гузашта қабл аз анҷоми ваколати сафириаш  бо Шамсиддин Орумбекзода вазири фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард. Бино ба иттилоъи сайти расмии Вазорати фарҳанг, Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, ки мӯҳлати ваколаташ чун сафири Эрон дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад, бо вазири фарҳанг оид ба рушди минбаъдаи ....
Иттифоқи нависандагон мизи гирд перомуни “Адабиёти бачагон”-ро баргузор мекунад 06.03.2019 15:13
Маркази матбуъотии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз баргузории як мизи гирд перомуни адабиёти бачагон дар шаҳри Душанберо хабар дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо ширкати адибон, олимон, ноширон, мутахассисони соҳаи маъориф ва табъу нашр дар мавзӯъи «Вазъи имрӯзаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва дурнамои рушди он» ....
Машваратҳои сиёсии миёни вазоратхонаҳои хориҷаи Тоҷикистон ва АМА дар Абу Забӣ баргузор шуд 06.03.2019 13:59
Рӯзи гузашта дар шаҳри Абу Забӣ дуввумин нишасти машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмиллалии Амороти Муттаҳидаи Араб дар сатҳи муъовинони вазоратхонаҳои ин ду кишвар баргузор гардид. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст ....
Қиматтарин мошини ҷаҳон ба нархи 11 миллион доллар ба намоиш гузошта шуд 06.03.2019 12:56
Қиматтарин мошин дар ҷаҳон дар намоишгоҳи байналмиллалии “мошин Женева” ба намоиш гузошта шуд. Ширкати фаронсавии Bugatti дар намоишгоҳи байналмиллалии “мошин Женева”, қиматтарин мошини ҷаҳонро мавриди муъаррифӣ қарор дод. Ин мошин La Voiture Noire ном дорад ва қимати он 11 миллион доллар мебошад. Гуфта мешавад, ширкати Bugatti то кунун як нусхаи ин мошинро тавлид ....
Дар Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон 65 осоишгоҳи беҳдоштӣ барқарор карда шуд 06.03.2019 11:45
Тоҷикистон барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ 65 осоишгоҳ ва беш аз 300 минтақаи хусусии сайёҳиро омодаи қабул онон кардааст. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин мавзуъ ба хабаргузории Авесто гуфтааст, ки дар кишвар дар ҳоли ҳозир 65 дар сади осоишгоҳҳо бозсозӣ карда шуда, беш ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97