Туркия аз шеваи бархӯрди Чин бо мусалмонони уйғур интиқод кард

Хабари хуб 27.02.2019 11:15

Ҳукумати Туркия барои дуввумин бор аз шеваи бархӯрди Чин бо ақаллияти мусалмонони уйғур дар ин кишвар интиқод кард.

Мавлуд Човуш Уғлу вазири хориҷаи Туркия рӯзи душанбе 25 феврал дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид гуфт, ки Чин бояд байни террористҳо ва мардуми бегуноҳ тафовут қоил шавад.

Вазири хориҷаи Туркия гуфт, ки Чин ҳаққ дорад алайҳи ифротгароӣ мубориза кунад, аммо ӯ аз Чин хост то ба озодии динҳо эҳтиром бигузорад ва аз ҳувияти фарҳангии уйғурҳо ва соири мусалмонон муҳофизат кунад.

Туркия ягона кишвари бузурги мусалмон аст, ки аз саркӯби густурдаи ақаллиятҳои мусалмон ба вижа уйғурҳо дар Чин интиқод мекунад.

Мавлуд Човуш Уғлу вазири хориҷаи Туркия аз бахӯрди Исройил бо фаластиниён низ интиқод кард ва гуфт, ки нақзи ҳуқуқи фаластиниён тавассути Исройил ба як сатҳи ҳушдордиҳанда расидааст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97