Ҷеф Безос, мудири иҷроӣ ва бунёнгузори ширкати “Амазонка”дар чорчӯби раванди талоқ аз ҳамсараш бо ӯ бар сари ояндаи ин ширкат ва умури молии он ба тавофуқ расид.
Бино ба ин тавофуқ Ҷеф Безос ҳаққи раъйи худ дар мавриди 143 миллиард доллар саҳоми ширкати “Амазонка”- ро ҳифз мекунад. Дар муқобил Макензи Безос, ҳамсари вай соҳиби чаҳор дарсад аз саҳмияҳои «Амазонка» хоҳад буд.
Интишори хабари ҷудоии Ҷеф Безос аз ҳамсараш ояндаи арзишмандтарин ширкати ҷаҳонро дар ҳолате аз ибҳом қарор дода буд.
Ҷеф Безос ва ҳамсараш моҳи январ эълом карда буданд, ки қасд доранд аз якдигар ҷудо шаванд.
Бино ба эъломи нашрияи “Форбес” тавофуқи ба даст омада байни сарватмандтарин ҷуфти ҷаҳон ба Ҷеф Безос иҷоза медиҳад, ки ҳамчунон унвони сарватмандтарин марди ҷаҳонро дар ихтиёр дошта бошад.
Ин дар ҳоле аст, ки Макензи Безос ба севумини зани сарватманди ҷаҳон табдил хоҳад шуд.
Макензи Безос бар асоси тавофуқе, ки бо ҳамсараш ба даст оварда, аз саҳми худ дар рӯзномаи “Вашингтон пост” ва ширкати «Блу ориҷин» (Blue origin) сарфи назар кардааст.
Арзиши саҳоме, ки Макензи Бузус дар ширкати “Амазонка” дар ихтиёр хоҳад дошт, 36 миллиард доллар тахмин зада мешавад.
Интизор меравад, тавофуқи талоқи Ҷеф Безос ва ҳамсараш тайи 90 рӯзи оянда додгоҳ тайид кунад.