Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

“Ним”-e аз Бозор Собир будан чӣ масъулият дошт...

Фарҳанг ва адаб 20.11.2019 14:36

 Боре дар меҳмонии шоир: “Орзу дорем, янгаи Гулчеҳра ҳамеша дар хидмати Шумо бошад!”

Вокуниши эътирозомези шоир: “Аҷаб орзуе! Гулчеҳра хидматгор аст, ки дар хидмати ман бошад...”

 Аммо бо вуҷуди ин эътирози шоири озодандеш янгаи Гулчеҳра шабонарӯзӣ дар хидмати шоир буд. Ба сину соли хеш нигоҳ накарда, ҳар меҳмони шоирро бо дастархони боз пешвоз мегирифт, ҳоло ҳам ки дигар он шоири шӯридадил нест, меҳмононаш меоянд, ва янгаи Гулчеҳра мисли ҳамеша гирди онҳо парвона аст. Ӯ ҳам инсон аст, гоҳе эҳсоси хастагӣ мекунад ва шояд меҳмоне инро дарк накардаву хафа ҳам шуда бошад. Аммо аз ҳақ нагузарем, Бозор Собир аз ҷумлаи шоирони дасту дил бози кишвар буд ва ба шарофати ин хислат ва кадбонугии янгаи Гулчеҳра ҳеч касе нохӯрда аз хони шоир бадар намерафт. 

Рӯзҳои аввали фавти шоир янгаи Гулчеҳра дар ҳолати шок қарор дошт, ашки чашмонаш хушкида буд, узрхоҳона изҳор медошт, ки ашкҳояш дигар намерезанд... Пас аз моҳҳо, рӯзи зодрӯзи шоир, ки меҳмони хонаи марҳум шудам, ёри азизи шоирро дар худ рехта дарёфтам, дар назарам ба солҳо дар ин чанд моҳ пиртар шуда буд. Хоне ороставу меҳмонону мухлисони шоирро, ки ба хотири ёдбуди устод дари ӯро куфта буданд, даври он ҷамъ оварда буд. Ҳама мисли ҳамеша, танҳо шамъи маҳфил намерасид. Ҳушу ёди ҳозирин ба дар, ки ҳамин ҳоло шоири шабзиндадор аз хоб бедор мешаваду аз дар медарояд ва бо шеваи хоси худи ӯ ба ҳозирин дуруд мефиристад. Аммо афсӯс, ки қомати болои ӯ  дигар ба хок сарозер шудааст. Чашмаи ашкони янгаи Гулчеҳра акнун ҷорӣ асту ба зӯр худро нигаҳ медорад, ашкашро пок мекунад: “На, имрӯз набояд бигирям. Имрӯз рӯзи шодист, зодрӯзи Бозор аст!”

Бозору Гулчеҳра чӣ гуна ба ҳам ёр шуданд?

Аз нақли ҳамсари шоир: “Ошноии ман бо Бозор тӯлонӣ набуд. Агарчӣ қаблан дида будамаш. Рӯзе мунтазири меҳмон будем. Бояд бо парвози наздиктарин меҳмонон меомаданд, аммо ҳеч аз онҳо дарак нашуд. Модарам манро меҳмонхона фиристод, то хабар бигирам, ки шояд он ҷо рафтаанд. Суроғашон рафтаму пайдояшон накардам. Як ҷавони болобаланд он ҷо буд, аз ӯ пурсидам. Гуфт, ки ман ҳам мунтазири меҳмонеам, касе наомадааст. Ташаккур гуфтаму ба хона баргаштан хостам. Ҷавон иҷозат хост то маро гусел кунад. Гуфтам, ки раҳмат хонаи мо аз ин ҷо дур нест. Аммо боз ҳам думболам то дами дари хонаамон омад. Ва мунтазир монд то бо ӯ хайру хуш кунам. Баргашта гуфтам, ташаккур, ман расидам. Таклиф кард, то боз ҳамдигарро бубинем. Гуфтам, бошад, як ду ҳафта пас. Хандиду гуфт, чаро ин қадар дер... Ва бо ҳамин ошноии мо бо Бозор шуруъ шуд. 

Он замон тоза аз Афғонистон омада буд, маъруф ҳам набуд, мегуфт, кам кам шеър менависам, як ҷавони тозахате мисли ҳама ҷавонони шаҳрамон, аммо бо костюми обии шинам ва мӯйи ба таври хос шона задааш як каме аз дигарон фарқ мекард. Пас аз яку ним моҳ ба хонаамон ҳамроҳи ду нафар хостгорӣ омад. Модарам пас аз пазироӣ, ба ошхона наздам омаду гуфт, ин ҷавон ҳамчун себи ду кафон падаратро мемонад. Шармгинӣ, камгапӣ... Модарам ӯро писандид ва гуфт, бо ӯ издивоҷ бикун.

Аммо Бозор мегуфт, ман солҳо пеш мешинохтамат, дар китобхона, дар хиёбон, дар донишкада зиёд дида будамат...

Ҳамин гуна арӯсии мо хоксорона, дар доираи маъдуди хешу ошно баргузор шуд. Ва имтиҳонҳои сахти зиндагӣ шуруъ гардид. Аввал то чанд моҳе дар хонаи модари ман зиндагӣ кардем. Баъдтар аз маҳаллаи Кӯҳдоман (Нагорный) - и пойтахт як ҳавлии хурди дорои ду ҳуҷраро Бозор харидорӣ кард. Ҳамроҳи мо хоҳари Бозор ҳам зиндагӣ мекард, ӯро Бозор оварда буд, то дар пойтахт таҳсил кунад ва дониши хуб бигирад. Рӯз гузаронидан сахт буд. Ман кор намекардам. Бозор дар нашриёт кор мекард. Гоҳе хонаи хоҳарбузурги Бозор ва гоҳе ҳам хонаи модарам тез-тез меҳмонӣ мерафтем ва ҳамин гуна рӯз мебурдем. Ин гуна сахтиҳо то он даме, ки ба рӯзномаи “Маориф ва маданият” ба кор рафт, идома дошт. Рӯзе Бӯринисо Бердиева хонаи мо хабаргирӣ омаду зиндагии мо ранги дигар гирифт. Ёд дорам, ки омад, ин тарафу он тарафи хонаро гашту “ин чӣ зиндагист” гуфта рафт. Ба зудӣ дар назди корхонаи равған (“масложир”) барои мо духонагӣ доданд. Ҳамин гуна дар як хона, ман ҳамроҳи ду бачаамон ҷо гирифтему як хонаи дигарро ба Бозору китобу қаламу дафтару варақҳояш вогузор кардем. Шаби дароз хоб надошт, варақҳои зиёдеро таҳрир мекарду хат мекашид, ба ҷойи як мисраъ мисраъи нав менавишт, субҳ рӯи варақҳои хат-хатӣ хобида медидамаш. Борҳо таъкидаш мекардам, ба ту чӣ даркор, ки ба ҷои дигарон майна об бикуниву мисраъи нав бинависӣ? Аз ин дида, худат шеър бинавис! Мегуфт, “чӣ кор кунам, намешавад ҳамин хел хом ба чоп бидиҳам. Дили мардум аз шеъру адаб мемонад.” Бисёр коркушта буд ва корашро аз сидқ иҷро мекард.”

Шоир ин вазъи ҳоли хешро чунин тавсиф мекунад:

Дар хонаи ман дорӯи хобам монда,
Як пар қалами пари уқобам монда,
Ман болини ҳамсарӣ надидам умре,
Дар болини ман ҷилди китобам монда.

Дузд ҳама чизро бурд, ба ҷуз шоир

Янгаи Гурчеҳра лаҳзаҳои зиндагиаш бо шоирро варақгардон мекунад:

“Боре бояд ба Кӯлоб мерафт. Шаб шиму костюмашро дарзмол карда, бо пойафзораш дами даст дар даҳлез гузоштам, то зуд пайдо кунад. Ӯ бедорхобӣ мекашиду ман пас аз тафтиши дафтари талабаҳо хаста шуда, дар паҳлуи бачаҳоям сахт хобам бурдааст. Субҳ бедор шудам, дидам на костюм асту на пойафзор, ошхона даромадам, ҳама чизро дузд бурдааст. Дари ҳуҷраи Бозорро кушодам, миёни хона дар ҷомааш печида хоб рафтааст. “Бозор, хез, дузд ҳама чизро бурдааст”- гуфтам. Аммо дигар дер шуда буд. Ба милиса муроҷиат кардем. Бефоида. Ҳама он чӣ муддатҳо барои рӯзгор ҷамъ оварда будем, дузд ба як шаб рабуда буд. Бозор хеле нороҳат шуд. Пас аз чандин бор муроҷиат кардан ба милитсия, милисае гуфт, шукр бикун, ки шавҳаратро набурдааст дузд, вагарна чӣ кор мекардӣ?! Манзураш, ки дар хона будеду дузд омад, хабар нашудед, ҳоло думболи дузд мегардед(!). Аммо милиса аз куҷо медонист, ки шоир бедорхобӣ мекашад , хуни ҷигар мехурад то сатре бо сатре ҷӯр биёяд. Ва пас аз ин ҳама ранҷ хоби ғафлаташ бурда. Бозорро тасаллӣ додам, ки ғам нахурад, боз кор мекунему рӯзгорро саришта мекунем.

Чойи кабуди талх ва шоир

Дар маҳаллаи назди корхонаи равған аксарият оилаҳои ҷавон ва аҳли қалам буданд. Навхонадорӣ камбудии зиёд дорад. Як рӯз ҳамсояамон Саъдия ба хонаи мо омад ва гуфт, меҳмон дораду чойи кабуд (сабз) дар хона нест. Як каме чойи кабуд лозим дорад. Ман ҳам узр пеш овардам, ки то маош чанд рӯзи дигар асту чойи кабуди мо ҳам тамом шудааст. Маслиҳат кардем, ки то бачаи Саъдия рафта аз магазин овардани чойи кабуд, Бозор рафта меҳмонро ба гап мегирад. Ҳамсари Саъдия сари кор буд. Дар гӯши Бозор хондем, ки Саъдия вақте дар ҳузури меҳмон пурсид, чи гуна чой дам кунам(?), ту бигӯ, ки чойи сиёҳ (!), то пеши меҳмон айб нашавад. Бозор рафту ҳамроҳи меҳмон нишаст, хурок хурданду вақте соҳибхона чӣ гуна чой дам кунам гуфта мепурсад, Бозор мегӯяд: Як чойи кабуди талх дам бикун!...

Ин қадар ташвишу сенария сохтани мо куҷо шуду Бозор чун ҳамеша хостаи дилашро гуфт.

Он замон ҳамсоя хеле озурда шуд, аммо баъдҳо мегуфтему механдидем. Бозор ҳамчунин як одам буд. Намешуд ӯро дигар кард!

Рисолати зани шоир

Бо шоир зистан кори содае нест. Фарди эҷодкор ҳамеша ба чизҳое фикр мекунад, ки одамони маъмулӣ аз пардаи хаёл намегузаронанд. Баъзан шодиеро кас бо ёри худ дар миён мегузорад, вале аз он су ба ту бетафовут менигарад, ҳеч гуна эҳсосе нишон намедиҳад. Ҷисман дар паҳлӯят ҳаст, аммо хаёлаш пар - пар мезанад, вақте баргашта ба чашмонаш менигарӣ, ғарқи хаёланд, ё ба барги гуле хира шудааст ё ба мӯре, ки дон мекашад. Ин ҷо шоир ба ҳамнафасе кор дорад, ки ӯро дарк кунад, то мурғи илҳомаш мояи парвози як шеъри нав шавад.

Зиндагии осоне надоштем. Бо нӯги қалам нони ҳалол меёфт. Борҳо хаста ҳам шудам, аз ин тарзи зиндагӣ. Аммо Бозор мисли як кӯдаки дилсафед буд. Узр пеш меовард ва мегуфт, дигар чӣ кор кунам, охир?! Ва боз ҳам раҳми манро меовард ва мо ба зиндагиамон идома медодем. Муҳаббати мо ба як раҳм табдил шуда буд. Дилам ба кӯдакии Бозор, ба имрӯзи шоир месӯхт ва ман ҷавонии худро, нафси худро, хостаҳои худро ба пойи ин раҳму шафқат рехтам. Охир бояд бори дӯши ин шоирро як касе мекашид. Ва сарнавишт ин рисолатро насиби ман гардонида будааст.

Хонаи нав

Бозор ба Иттифоқи нависандагон ба кор омад ва дар бинои марбут ба нависандагон ба мо хонаи нав доданд...

Ба ҳамин тариқ панҷову панҷ сол ману Бозор бо ҳам умри хешро сипарӣ кардем. Бозор зиёд эҳтиромам мекард, дӯстам медошт, бароям шеър мебахшид. Аммо ман аз ин ҳама як гуна хиҷолат мекашидам. Мегуфтамаш, аз ин ки барои ман шеър менависӣ, дар як мавзуъи муҳим шеър эҷод бикун. Бо ин вуҷуд ӯ чанд шеъреро барои ман бахшид. Барои дигарон низ шеър эҷод кардааст. Барои ишқи аввалинаш, ба ҳамон духтараки деҳаашон Сӯфиён, барои ишқи даврони ҷавониаш, ки ҷуръати изҳори муҳаббат карданро накарда буд ва баъдҳо бисёр афсус хурд ва ман низ мешинохтамаш. Вале ман рашк намекардам, ва Бозор ҳам инро аз ман пинҳон намедошт. Ҳамеша мегуфтамаш, агар касе дигар дар зиндагиат ҳаст, ман розиам, интихоб бар худат аст! Аммо ҳамеша мегуфт, интихоби ман туӣ ва хуб ҳам шуд, ки бо ту издивоҷ кардам.

То куҷо тавонистам аз ӯ муроқибат кунам, куҷое кутаҳӣ кардам, куҷое дуруст, қазоват аз ман нест. Хеле эҳтиёташ мекардам. Намедонам, ин дард аз куҷо домони ӯро гирифт. Агар шароит ва фурсат даст медод, беҳтар аз ин мехостам, зиндагии шоирро бисозам. Бозор бисёр азият шуд дар зиндагӣ... Танҳо ду соли ахир, пас аз хастагиҳои зиёд, ки бо даъвати Раиси ҷумҳур, ба Ватан баргашт, як нафаси осуда кашид. Аммо хеле хаста шуда буд!”

“Дубора моҳ бадар шуд, чаро намеоӣ...”

Ба янгаи Гулчеҳра занг мезанаму аҳвол мепурсам. “О духтар, куҷоӣ ту?! Чаро хона намеоӣ?”- cадои ошно, аммо хастаи ёри дерини шоирро мешунавам.

Дар посухи суолаш оҷизӣ мекашам. Сад баҳона пеш меоварам, аммо наметавонам, бигӯям: “Охир дигар Устоди шеър нест!”

Ба яқин посухи ин суол пеши ёри нозанини шоир ҳаст, то бигӯяд: “Мо ҳастем: Ман, Шогуна...”

Хиҷолатмандона, аммо аз рӯи тақозои касб суолаш мекунам: Ин ҳама рӯзу моҳи бе Шоир чун мегузарад? Чӣ гуна дарди бе ӯ буданро таҳаммул мекунед?           

Ин зани пӯлодини обутобёфта дар зиндагӣ посухам медиҳад:

“Боз ману Бозор танҳоем. Мисли ҳамеша. Дигар он аҳли маҷлису базму шогирду шоиру раису сарояндаи таронаву суруди Устод барои ҳамеша остонаи ӯро фаромӯш кардаанд. Мисле ки шоиру шеъре набуд!...

Намедонам… Ба набуданаш одат накардаам. Шояд аз он рӯ, ки зиёд касалӣ накашид ва то лаҳзаи охир агарчӣ бо кислород нафас мекашид, роҳ мерафт, суҳбат мекард. Агар бемори бистарӣ мешуду ранҷи бемориашро мекашидам, мумкин буд, ба маргаш, ба рафтанаш бовар кунам. Аммо ман наметавонам инро ҳазм кунам. Бовар намекунам, ки дигар нест!

Зиёд касонро барои аз даст додани азизонашон, аз сидқи дил таслият гуфтаам, дар азояшон худро шарик донистаам, барои аксарият дил сӯзонидаам. Аммо марги ёри кас дарде дигар будааст, марҳам надорад, дард намекунад, аммо месӯзонад, зарра –зарра аз ҳастиатро кам мекунад.
Чӣ кунам, ки дигар Бозор рафта... Ҳеч ғаме бадтар аз ғами мурдан набудааст!”

 

Рӯи қабрам лола рӯяд...

Гулчеҳраи Бозор, шоири ҳамеша дар такопӯ, навгӯву навҷӯ, акнун тани танҳо, бидуни рафиқу ҳампаҳлуи хеш дар хиёбонҳои шаҳри ишқ, ба ёди орзуҳои рафта, ашкҳои рехта, қалбҳои шикаста қадам мезанад. Ҳар ҳафта бо як дастагуле ба сари қабри ёри хеш меравад, чун ҳамеша таки танҳо, боз ҳамон Гулчеҳраву Бозори шоир...

Ёри дерини шоир мегӯяд, “мунтазири омадани писарам ҳастам, то биёяду рӯйи қабри Бозорро гулкорӣ кунем. Корҳои зиёди анҷомнадода боқист. Манзили охирати ӯро, ҳамчуноне Бозор мехост, бояд такмил кунам. Гули лолаи сиёҳ бояд бикорам, ин орзуи Бозор буд, ин ҷо пайдо накардам, мунтазирам то писарам биёрад. Ҳамаашро мекунам. Яку якбора наметавонам, аммо ҳатман тамоми хостаҳояшро бояд бикунам! Нимпайкараашро ҳам, ҳамаашро!...”

Аз он суи гӯшӣ дар дил, дар баробари иродаи як зани резапайкари бепуштвона, ки ин ҳама бори миллатеро бар дӯш мекашад, аҳсант мехонам ва арақи пешониамро бо пушти дастонам хушк мекунам. Ингор, ки ин ҳама бори дӯши ман буда, қоматхамидатар мешавам.

Аммо сарнавишти янгаи Гулчеҳра ин ҳикматро, ки “пушти ҳар марди бузург зани бузурге қарор дорад”, бароям ба дурустӣ ва яқин собит месозад.

Адолати Мирзо

 Бознашр аз маҷаллаи "Ҳавво",

№1. Баҳори соли 2019

Ту ними манӣ

Бозор Собир

 

Ту нимӣ, ними манӣ, ними ҷисму ҷони манӣ

Ва зарра-зарра ту пайванди ҷовидони манӣ.

Ба ҳар куҷо, ки равӣ, дар ман аст решаи ту,

Ту, эй гул, аз қалами сабзи устухониманӣ.

Ба ҳар куҷо, ки равам, нимаи танам бе ту,

Ба ҳар куҷо, ки равам, ними одамам бе ту,

Ба ҳар куҷо, ки бубинам туро, зиёд шавам,

Ба ҳар куҷо, ки набинам туро, камам бе ту.

Ба дасти ман бирасад дасти кас, ту меларзӣ,

Расад ба дасти ту дасте, ба ларза меоям.

Ту ошёни ману ман, ки ошёни туам,

Ту ҷои ҷони ману ман, ки ҷои ҷони туам.

Тамоми неъмати дунё, чи ғам, ки моли кас аст,

Тамоми неъмати дунё ба ҳукми хору хас аст.

Туро насиб кунад ишқи ман, ҳамин кофист,

Маро насиб кунад ними бистари ту, бас аст.

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97