Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол

Илм ва фановарӣ 11.10.2022 13:03

 

 

Агарчӣ бо Раҳматкарим Давлатов: ин шахси ситорагарми миёнақади чехракушод, ки хамеша табассуми самимӣ  сураташро зеб медиҳад, аз дер боз  салому алек ҳастаму мақолаҳои проблемавии ҷолибашро перомуни масоили Афғонистон дар матбуоти даврӣ ҳамеша пайгирӣ мекардам, шиносоии мо аз наздик соли 2015, баъд аз ба кор омаданаш ба шӯъбаи Эрону Афғонистони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИҶТ (ҳоло АМИТ) сурат гирифт.

Мо дар як шӯъба кор мекардем ва дар ҷаласаҳои шӯъба ҳангоми баррасиву муҳокимаҳои рисолаҳову китобҳои ҳамкорон ширкати фаъол дошт.

Соли 2017 Институти мазкур ба се муассисаи мустақил тақсим шуд: ба Институти забон ва адабиёти ба номи  Рӯдакӣ, Институти омӯзиши масоили давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ.

Дар тақсимот шуъбаи мо марбути Институти омӯзиши масоили давлатҳои Осиё ва Аврупо гардид ва Раҳматкарим Давлатовро раиси иттифоқи касабаи Институт интихоб карданд. Маҳз ба ин вазифа маҳорати ташкилотчигӣ ва истеъдоди роҳбарии ӯ барои мо ҳамкорон кашф гардид. Фаъолияти иттифоқи касаба эҳё гардид ва чорабиниҳои зиёде ба роҳ андохта шуд. Маъмурияти Институт низ бештари корҳои иҷтимоиро бо дӯши ӯ муҳаввал мекард. Соли 2018 Раҳматкарим ба шӯъбаи таҳияи феҳристи дастхатҳои Маркази мероси хаттӣ гузашт. Аз сарбориҳои иҷтимоӣ фориғ шуда ба анҷоми рисолаи  илмиаш машғул шуд ва яксол баъд рисолаи номзадиашро бо муваффақият дифоъ кард.

Раёсати АМИТ таҷрибаву истеъдоди мудирияти Раҳматкарим Давлатовро ба назар гирифта моҳи майи соли 2020 ӯро ба симати директори Маркази мероси хаттӣ таъин кард. Ба андешаи банда раёсати АМИТ дар интихоби Раҳматкарим Давлатов хато накард. Зеро дернапоид, ки бо сарварии Раҳматкарим Давлатов самти фаъолияти Маркази мероси хаттӣ дар маҷрои воқеии илмӣ-пажӯҳишӣ ва тавсифу таҳияи феҳристи дастхатҳои маҳфуз дар захираи он қарор гирифт. Директори ҷавон дар айни замон барои тақвияти нерӯи ақлонии Марказ муҳаққиқони ҳирфаиву мутахасисро ҷалб намуд.

Дар муддати ду соли сарварии Раҳматкарим Давлатов рисолаву китобҳои чандинсол пеш таълифу таҳия кардаи кормандони илмии Марказ чоп ва нашр гардид. Бо талоши бевоситаи ӯ маҷаллаи илмӣ-пажӯҳишии Маркази мероси хаттӣ таъсис дода шуд. Банда беш аз як сол аст, ки ба ҳайси сарходими илмӣ дар шӯъбаи тавсифи дастхатҳо ва таҳияи феҳристҳо фаъолият мекунам. Тарафҳои номаълуми хислатҳои ӯ бароям ошкор шуд. Пеш аз ҳама, ӯ роҳбари меҳрубон, аммо  серталабу усулӣ. Муносибаташ бо ҳамкорону зердастон хело муадабона ва мӯҳтарамона аст. Хушбахтона, мисли бисёре аз мудирони навбаромади имрӯзӣ мутаккабиру дағал нест. Дар тасмимгирӣ ин ё он масъала хело мулоҳизакорона амал мекунад ва шитобзада нест. Дар муассиса муҳити ороми илмӣ ва эҷодиро фароҳам овардааст. Дар ҷаласаву Шӯрои илмӣ ҳеҷ гоҳ ба дағаливу тавҳини шахсият роҳ намедиҳад. Кӯшиш мекунад, дар байни кормандон ҳусни тафоҳум ва рақобати илмии солим барқарор бошад.  Банда шахсан шоҳиди он будам, ки ду донишманди номдори Марказ, ки дар матбуот баҳси илмӣ карда, билохира кудурати шадид байнашон ба миён омад, Раҳматкарим Давлатов ба ҳайси миёнҷӣ онҳоро оштӣ дод. Аз ин рӯ, бузургӣ ба ақл аст, на ба сол. Ин ҳама хислат ҳоло кам андар кам дар симои як сарвари нисбатан ҷавони идорае ба мушоҳида мерасад. Ман бар ин ақидам, ки дар баробари фаросату заковати фитрӣ, ки Раҳматкарим Давлатов аз волидайни мӯҳтарамаш ба ирс бурда ва худаш аз зиндаги сабақ гирифтааст, нақши хонавода, ҳамсару фарзандон низ муассир аст. Зеро дар сурати созгории муҳити хонавода шахс дар кору фаъолияти рузмарааш орому фаъол аст.

Хушбахтона, муҳити хонаводаи Раҳматкарим Давлатов намунаи беҳтарини хонаводаи як рӯшанфикри тоҷик аст. Ҳамсари оқилаву меҳрубон ва фарзандони неку солеҳ манбаи илҳом ва саодати дӯсти ҷавони ман Раҳматкарим мебошанд.

Ман самимона эшонро бо камолоташ – 50 солагиаш шодбош гуфта, тавфиқу саодату саломатӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илму донишро аз Эзиди мутаол барояш таманно дорам.

Олимҷон Хоҷамуродов

д.и.ф., профессор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97