Тасвиби қатъномаи пешниҳодии Тоҷикистон дар бораи об дар СММ

Хабари хуб 22.12.2020 19:31

Маҷмаи умумии СММ рӯзи 21 декабр қатъномаи ҷаҳонии об барои тавсеаи пойдори соли 2018-2028-ро, ки аз сӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳоланд ироа шуда буд, ба тасвиб расонид.

Ин қатънома бо раъйи 190 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расидааст.

Дар чорчӯби қатъномаи об барои тавсеъаи пойдори 2018 -2028 қарор аст, ҳамоиши байналмилалӣ дар соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милал баргузор шавад.

Ҳамчунин дар соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии «Нақши об дар коҳиши фақру бекорӣ, беҳбуди хадамоти беҳдоштӣ, дармонӣ ва тадвини барномаи таъмини оби мавриди ниёзи кишварҳо» баргузор хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси ҷаҳонии об, ки ноябри соли 2015 дар Будапешт, пойтахти ҷумҳурии Маҷористон баргузор шуд, тарҳи ҷаҳонии об барои тавсеъаи пойдор дар даҳаи 2018 -2028-ро пешниҳод карда буд.

©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97