Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Ҷои зан куҷост: Кунҷи хона ё миёни ҷомеа?

Иҷтимоъ 31.08.2019 12:56

 Имрўзҳо тамоми ҷаҳон аз баробарии гендерӣ, яъне баробарии ҳуқуқи зану мард ҳарф мезананду барои амалӣ сохтани ин ормон маблағҳои ҳангуфте низ ихтисос ёфта ва сарф мешавад. Вале, тавре ба назар мерасад, ин принсип дар амалкарди давлатҳо то ҳадди қонеъкунанда риоя намешавад.

 Баробарии гендерӣ: аз воқеият то ормон

Тавре ба назар мерасад, баробарии гендерӣ, бо вуҷуди талошҳо ва барномарезиҳои зиёд дар тамоми ҷаҳон даҳсолаҳо боз риоя намешавад. Ҳатто дар пешрафтатарин давлати демократии ҷаҳон – Иёлоти муттаҳидаи Амрико, ки бештар муддаии баробарии ҳаққи инсонҳо ва ба хусус баробарии ҷинсиятӣ аст, дар амал иҷрои ин амр нокифоя аст. Дар тўли таърихи ин давлат 44 президент роҳбарии ҷумҳуриро ба ўҳда доштаанд, вале дар миёни ин 44 президент ҳатто як зан ҳам набуд. Яъне таърихи ИМА зани президент будани ҳеч занеро ёд надорад. Ҳамчунин, дар интихоботи соли 2016, ки ду номзад ба ҳам рақобати шадиде доштанд, яке аз онҳо зан, намояндаи Ҳизби демократҳои ИМА Ҳиллари Клинтон буд. Вале бо вуҷуди таҷрибаи кофии сиёсӣ доштану яке аз сиёсатмадорони фаъол будан ба мақоми раиси ҷумҳур мушарраф нашуд. Ва ин бор низ номзаде аз ҷинси мард, ва як сарватманди ин кишвар, ба курсии раиси ҷумҳурии Амрико такя зад.

Назар ба ИМА дар Урупо вазъ беҳтар аст ва то ҷое баробарии гендерӣ риоя мешавад. Дар Урупо занонро дар вазифањои калидии давлат ва низ дар сатҳи роҳбарии як кишвар дидан мумкин аст. Яке аз занони таъсиргузор дар сёсати дунё ин Ангела Меркел, конслер ё Садри аъзами Олмон аст. Ӯ зиёда аз як дањсола аст, ки Садри аъзамии Олмон мебошад. Бону Меркел ҳаштумин Конслери кишвари Олмон ва нахустин зан аст, ки ин вазифаро то ба ҳол ишғол кардааст. Ӯ ин зимоматро аз соли 2005 то ба ҳанӯз ба уҳда дорад. Ангела Меркел дар ҳали масъалањои сиёсӣ хеле фаъол буда, ҳамеша дар баҳсҳои сиёсии ҷаҳон андеша ва афкори ӯ вазн дорад ва дар баъзе мавридҳо охирин суханро маҳз ӯ мегӯяд.

Тереза Мей аз дигар занони фаъоли Урупо мебошад, ки баъди фаъолиятҳои сиёсии хеш соли 2016 сарвазирии Британияи Кабирро ба уҳда дорад. Ӯ ҳамчунин, вазири корҳои хориҷии Британия ва вазири занон ва баробарҳуқуқиро ба уҳда дошт. Воқеан Британияи Кабирро метавон макони занони сарвазир унвон кард. Зеро бар иловаи Тереза Мей сарвазирии ин кишварро Маргарет Тетчер низ аз соли 1979 то соли 1990 ба уҳда дошт. Маргарет Тетчерро ҳамчун «зани оҳанин» мешиносанд ва ӯ дар сиёсат яке аз шахсиятҳои калидии Британия ба шумор мерафт.

Дар Урупо дар баробари сарвазирони зан президентони занро низ дидан мумкин аст, ки дар замони роҳбарии онҳо, натанҳо кишварашон рушд карда, балки дар сатҳи кишварҳои ҷаҳонӣ ном баровардаанд. Масалан, соли 2018 дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки дар Русия баргузор шуд, ҷаҳон шоҳиди боз як шоҳкории президенти зан шуд. Ин Президенти Хорватия Колинда Грабар-Китарович буд, ки бо шарофати таваҷҷуҳи хос ва ташвиқи бевоситаи ӯ тими футболи Хорватия сазовори ҷоийи дуюм гардид. Маҳз худи Президент дар бозиҳои тими кишвараш дар миёни мухлисон тимашро тарафдорӣ намуд.

Дарвоқеъ дастоварди ҳар кишвар бастагӣ ба тарзи мудирияти дуруст аз суи роҳбарони он кишвар дорад, ки дида мешавад, кишварҳое таҳти роҳбарии бонувон дар Урупо аз кишварҳои пешгом ва муваффақ дониста мешаванд.

Ҳамин гуна, занон дар дигар кишварҳои дунё низ ба мақоми роҳбарии давлат такя задаанд, аз ҷумла роҳбарии давлатҳои- Аргентинаро дар солҳои 2007-2015 Кристина Фернандес де Киршнер, Финландияро дар солҳои 2000-2012 Таря Халонен, Филлипинро дар солҳои 2010-2016 Глория Макапагал-Арройо, Бразилияро дар солҳои 2011-2016 Дилма Русеф, Кореяи Ҷанубиро дар солҳои 2012-2016 Пак Кин Хе, Шветсарияро дар солҳои 2015-2016 Симонетта Соммаруга ба уҳда доштаанд. Аз соли 2014 то имрӯз Литваро зан - Даля Грибаускайте роҳбарӣ мекунад.

Аммо ин ҳол, дар Федератсияи Русия, ки дар мо дар бештари маврид ба ин кишвар тақлид мешуд, ҳолат дигаргуна аст. Агарчӣ Русия зани қудратманде чун Матвиенко ва чанд вазири зан ҳам дар кабинаи Ҳукумат дорад, аммо таҷрибаи сиёсии Русия нишон медиҳад, то имрўз ягон ҳизби сиёсие дар ин кишвар вуҷуд надорад, ки роҳбарии онро зан ба уҳда дошта бошад. Дар муборизаҳои интихоботии порлумонӣ ва ишғоли маснади президентӣ низ мардон дастболо мебошанд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистони мардсолор ин ҳолат аёнтар ба назар мерасад. Ҳарчанд ки мақомдорон аз баробарии гендерӣ дар кишвар ва қабул намудани қарору қонунҳои махсус оид ба ин принсип сухан мекунанд, вале дар амал манзараи комилан дигар ҳукмфармо аст. Ҳатто дар байни Қаҳрамонони Тоҷикистон исми як бонуро наметавон дид. То ҳол номи ҳеч зане, (агарчӣ бо номи одамон гузоштани шаҳру навоҳӣ чандон дуруст нест- «Ҳавво») ба ноҳия ё шаҳре дар кишвар гузошта нашудааст, дар ҳоле ки номи даҳҳо ноҳия ба ифтихори абармардони тоҷик номгузорӣ шудааст.

Занон худ барои мақоми баландтар камтар саъй мекунанд

Ин ҷост, ки саволе матраҳ мешавад, ки дарвоқеъ ҷои зан куҷост? Кунҷи хона ё миёни ҷомеа?!

Рӯзноманигор Абдуфаттоҳ Воҳидов бар он назар аст, ки бо вуҷуди таъкидҳои бешумори Роҳбари давлат аз минбарҳои гуногун дар бораи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеаи кишвар ва дар ин самт қабул шудани қарорҳои ҳукумати кишвар, таъмини тавозуни гендерӣ дар кишвар то ҳол ҳамчун масъалаи мушкил боқӣ монда, занон, ба истиснои чанд нафари ангуштшумор, аз ҷиҳати ишғоли мансабҳои давлатӣ дар сатҳи корхонаю муассисаҳо ва мактабу боғчаҳои бачагон боло нарафтаанд. Яъне дар ин самт назари ҷомеаи мардсолори кишвари мо ба занон ҳамчун иҷрокунандаи ягона намуди фаъолият, ба хусус ба дунё оварандаи фарзанд ва тарбияи вай, аз байн нарафтааст.

Номбурда дар бораи он ки, чӣ боис шудааст то назари ҷомеаи мо ба зан, бо вуҷуди ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф шудани давлатамон, то ҳол тағйир намеёбад, гуфт, ки пеш аз ҳама, худи занон барои дар миёни ҷомеаи кишварамон мақоми баландтар доштан камтар саъй мекунанд. Зеро тафаккури онҳо, махсусан дар деҳот, аз замони кўдакиашон дар оила ҳамчун «соҳибхоназан» ташаккул дода мешавад. Духтарон минбаъд, бо мурури ба воя расидан, худро то ҳадди имкон барои иҷрои ҳамин вазифа омода месозанд ва дар бораи пешравии худ, донишомўзӣ ва дар ҷомеа мақом пайдо кардан камтар андеша менамоянд. Ҳамин руҳия дар тафаккури писарон низ тарбия карда мешавад ва замони ба воя расидану ба ягон мансаб соҳиб шудан, онҳо ба зан ҳамчун манбаи таваллуди фарзанд ва иҷрокунандаи корҳои муқаррарии хонагӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ муносибат мекунанд ва қудратеро, ки дар занон нуҳуфтааст, ба эътибор намегиранд.

Абдулфаттоҳ Воҳидов ҳамчунин мегӯяд, ки дар замони мо, бо сабаби камбуди ҷойи кор, тамоюли ихтисор кардани кормандон ба вуҷуд омадааст: “– Бо итминон гуфта метавонам, ки дар ҳар корхона, дар мавриди ба вуҷуд омадани зарурати ихтисори кормандон, бо ҳар баҳона дар навбати аввал занонро ихтисор мекунанд. Дар маҷмўъ, ҷомеаи мардсолори мо ва аксари кишварҳои олам, имрўз барои ба занон додани имконияти истифодаи иқтидорашон, яъне донишу малакаҳояшон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии давлат омода нест.»

Ҷомеаи тоҷик аз зани шуҷоъ ва озод метарсад

Бо вуҷуди он ки бархеҳо аз беҳуқуқии занон ва риоя нагардидани баробарии гендерӣ дар кишварҳои шарқ, аз ҷумла кишварҳои мусулмоннишин нигаронӣ мекунанд, аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар кишварҳои мусулмоннишин бархе аз роҳбарон ва сарвазирон аз ҷумлаи занон буданд ва то ҷое онҳо дар рушду нумуъи ин кишварҳо саҳми чашмрасе доштаанд. Аз ҷумла, дар Ҳиндустон Индира Гандӣ, дар Покистон Беназир Бҳутто ва дар Қирғизистон Роза Отунбоева, аз ҷумлаи заноне буданд, ки кишварро на танҳо роҳбарӣ намуданд, балки дар ҷараёни инқилобҳо ва раванди таҳаввулоту таърихи ин кишварҳо саҳми бузурге низ доштаанд.

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, шоира Адиба Азиз, ки чанде пеш оид ба масъалаи гендерӣ дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» баҳси тунде низ дошт, зимни суҳбат гуфт, ки ғолибан дар давлатҳои пасошӯравӣ, ҳатто дар Русияи путинӣ нақши зан хеле заиф аст. Украина ба ҳар ҳол барои худ як бонуи оҳанин дорад, ки ин Тимошенко аст.

Ба гуфтаи ў, Покистон бо Беназир Бҳутто, Ҳинд бо Индира Гандӣ ва Афғонистон ба теъдоди зиёди занони сиёсатмадор то ҷое пешқадамтар ба чашм мерасанд, барои намуна, халабони ҷавон Нилуфар аз Афғонистон ба ҷаҳониён худро муаррифӣ намуд. Афғонистон давлати ноамнест дар минтақа, вале ҳузури занони озодихоҳ бисёр равшан мебошад. Адибаи Азиз суол мегузорад: – Вале оё дар Тоҷикистон иҷозат медиҳанд, ки як хонум ба ҷаҳониён чеҳраи худро бозтоб намояд?

Ӯ қайд кард, ки ҷои зан дар раванди ҷаҳонишавӣ бешак дар ҷомеа аст. Аммо замоне, ки зан пойбанди шавҳар ва фарзанд мегардад, ҳама чиз иваз мешавад. Аммо номбурда гуфт, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон баробарии гендерӣ вуҷуд надорад: «Ҷое Наполеон ба ин маънӣ гуфтааст, ки агар ба дараҷаи тамаддуни миллате баҳо додан хоҳӣ, ба занони он кишвар бинигар.Озодии зан танҳо дар пӯшидани либоси миллӣ ва урупоӣ нест». Адибаи Азиз суол мегузорад, ки агар баробарии гендерӣ дарвоқеъ дар ҷомеаи мо бошад, пас чаро зани тоҷик то ҳанӯз сафир нест? Ба ин далел, ки Тоҷикистон давлати демократист, барномаҳои гуногун ба шакле роҳандозӣ шудан дорад, аммо яке аз сабабҳои риоя нагардидани баробарии гендерӣ ин аст, ки ҷомеаи мардсолори тоҷик аз зани шуҷоъ, озод ва соҳибмансаб сахт метарсад. Ин мардсолорӣ ҷинси мухолифро худхоҳ кардааст. Намунаи боризтарин зани шуҷоъ Гулрухсор аст, аммо бо як гул баҳор намешавад.

Барои ҳалли масъала номбурда пешниҳод дорад, то қабл аз ҳама афкори ҷомеаро бояд тағйир дод. Ба мардуми ом бояд фаҳмонид, ки ҷойгоҳи зан баробари мард аст, барномаҳое, ки аз тарафи ҳукумат рӯи кор меоянд, ҷиҳати дастгирии духтарон барои идомаи таҳсилот ҳаст. Ин танҳо алифбои генедерист.

Баробарии гендериро ҷомеа дарк накардааст

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносонт бар он назаранд, ки нақши зан дар ҷомеа назаррас аст ва фаъол набудани зан дар ҷомеа нишони заифии онҳо нест, чунки ихтисосҳое ҳастанд, ки занҳо наметавонанд дар он фаъолият намоянд.

Сайфулло Сафаров, файласуф ва собиқ муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он назар аст, ки дар баъзе ҷойҳо худи занон қобилияти фаъолият намуданро надоранд. Вай мегӯяд, “масалан, дар байни файласуфҳо ва онҳое, ки дар конҳои ангишт кор мекунанд, аз қадим занон дида намешаванд. Лекин Суқрот ба шарофати занаш Суқрот шуд.

Ба гуфтаи ў, дар Тоҷикистон Сарқонун, қонунҳои ҷорӣ ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии гендериро кафолат медиҳанд, вале ҷомеа ин заруратро дарк накардааст. Аз ин сабаб расидан ба дараҷаи идеалӣ, кори саҳл нест. Ин раванди тӯлонист ва дар дигар давлатҳо баробариии гендериро худи занҳо бо мубориза ба даст меоранд. Дар мо давлат пешниҳод мекунад, вале ҷомеа ва шуури ҷамъиятӣ онро қабул намекунад.

Сайфулло Сафаров афзуд: “Ҷои занон албатта ҷомеа аст. Ин ҳақиқати бебаҳс мебошад. Вале дар паҳлўи онҳо бояд мардони босаводу бофарҳанг бошанд, ки занони худро дуруст роҳнамоӣ кунанд. Модарони фарзандонашонро эҳтиром кунанд, то дигарон онҳоро эҳтиром намоянд.

Оё вақти он нарасидааст, ки дар баробари он ки ҳама аз баробарии гендерӣ мегўянду маблағҳои ҳангуфте низ дар ҳолати номаълумӣ сарф мешавад, муайян намоем, ки ҷои занон куҷост? Кунҷи хона ё миёни ҷомеа?!

Мазҳаб Ҷумъа

Бознашр аз маҷаллаи "Ҳавво"

№1-2019 

 

 

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97