Шогирдони мактаби "«Ҳотам ва ПВ» дар сафи пеш

Хабари хуб 19.12.2020 15:30

Бино ба иттилои сойти расмии Вазорати илм ва маорифи кишвар, толибилмони макотиби кишвар дар Олимпиадаи байналмилалй аз фанни физика сазовори чойхои намоён шуданд.

 Рузҳои 7-15-уми декабри соли 2020 ба таври фосилавӣ Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика (IdPhO) баргузор гардид, ки дар он аз 38 кишвари дунё беш аз 190 нафар толибилм иштирок намуданд.

   Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи мазкур фаъолона иштирок намуда, соҳиби 3 ҷойи ифтихорӣ – Пиров Далер-хонандаи синфи 11 литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 2-юм, Камолиддинзода Маҳмадхуҷа-хонандаи синфи 10 литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 3-юм, Абдулҳамидов Абдураҳмон-хонандаи синфи 10 литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 3-юм, Шамсиев Яҳё-хонандаи синфи 11 литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе ва Юсупов Абдуллоҷон - хонандаи синфи 11 литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе соҳиби ифтихорнома гардиданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97