Номаи сипоси Акбаршо Искандаров

Иҷтимоъ 20.05.2020 19:06

                Дӯстони азиз, бародарону хоҳарони гиромӣ!

           Бо лутфу инояти Худованди бузург, меҳрубонӣ ва садоқати пизишкон ва парасторон, дуои якояки шумо азизон, пайвандон, дӯстон аз Ватани азиз ва кишварҳои дуру наздик дар як имтиҳони бисёр сахти зиндагӣ, бар як маризии хатарнок пирӯз шудам.

          Ман дар ин чанд рӯзи мушкил, ки баробари солҳои дароз менамуд, муҳаббат ва меҳрубониҳои шумо - азизонро эҳсос намудам. Паёмҳои саршор аз садоқату меҳрубонӣ, дуои хайр ва таманниёти нек ва ҳамроҳиятон руҳия ва иродаи манро барои мубориза ва пирӯзӣ бар ин маризии хатарнок тақвият мебахшид.

           Ба якояки шумо, ба хусус ба сардухтури Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе ва табибони ҳозиқ, аз ҷумла Исломов Нурулло Додоевич, мудири шуъбаи эҳё, ҳамшираҳои шафқат самимона ИЗҲОРИ СИПОС менамоям. Саломатии дубораи худро мадюни заҳамоти пизишкони ин беморхона ва орзуҳои нек ва дуои хайри шумо азизон медонам.

          Ман ба иродаи миллат барои пушти сар гузоштани ин “вабои аср” бовар дорам. Ин буҳрон барои ҳамаи башарият ва хусусан барои миллати мо сабақи бузурги зиндагӣ хоҳад шуд.

          Бисёр зарур аст, ки ба хотири зудтар раҳо шудан аз ин вазъият ҳамаи тавсияҳои беҳдоштии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми пизишконро қатъиян риоя намоед. Худатон ва наздиконатонро эҳтиёт кунед.

          Аз Парвардигор таманно дорам, ки тамоми мардуми мо ва аҳли башарро дар паноҳаш нигаҳбон бошад.

           Бо самимият ва арзи сипос, Акбаршо Искандаров

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97