Меҳмони ёр

Об занед роҳро, ҳин, ки нигор мерасад,

Мужда диҳед боғро, бӯйи баҳор мерасад.

 Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз маҷаллаи онлайнии “Ҳавво” барномаи тозаеро тақдими Шумо мекунад.  

    Мо тасмим дорем, то дар ин барнома аз ногуфтаҳо ва ношунидаҳо бигӯем.

Аз вижагиҳои ҳунари ошпазӣ ва фарҳанги хоси миллатҳои дунё шуморо огоҳ бисозем. Ҳамчунин аз ёрони фаромӯшшуда ёд хоҳем кард ва гӯшанишинонро ба баҳсу гуфтумон даъват мекунем.

Бо мо бошед ва моро дар Фейсбук, Инстаграм, Телеграм ва Ютуб пайгирӣ намоед.

Нахустин касе, ки даъвати моро пазируфт ва мо ба суроғаш рафтем, хонум Наима Имрон, ёри азизи Ҳайдар Имрон, Сафири муҳтарами Ҷумҳурии исломии Покистон аст.

Нахустин барномаро дар бахши видеои сомонаи мо бубинед:

http://millat.tj/video/5398-dar-me-monii-khonum-naima-imran.html

Наврӯзатон пирӯз бод!

"Ҳавво"

 

 

 

 

 

 

 

 

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97