Ҷанги оби сарди мулло ва охунд: оё ҷанги гарм хоҳад шуд?

Ахиран Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба толибон ҳушдор дод, ки аз бастани маҷрои дарёи Ҳилманд ба ҷониби Систон ва Балучистони Эрон ва эҷоди буҳрони беобӣ худдорӣ кунад. Дар ғайри сурат ба вокуниши ҷиддии Эрон мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Қабл аз ин вазири корҳои хориҷии Эрон оқои Абдуллоҳиён гуфта буд, ки раисҷумҳур дастур додааст аз ҳар васила ва имконоте барои ҳалли ин масъала истифода шавад. Ин вокуниш метавонад аз истифодаи омили муҳоҷирон то бомбборони сарбанди неругоҳҳои “Каҷакӣ”, “Арғандоб”, “Даҳла”, “Дарованд” ва “Салмо” иборат бошад.

Бояд тазаккур дод, ки он чи имрӯз вобаста ба масъалаи истифодаи об рух медиҳад,такрори ҳаводиси 25 соли гузашта аст.“Толибон” дар даври аввали ҳукмронии худ (1996-2001) аввалин бор ҷараёни оби дарёи Ҳилмандро тавассути бастани сарбандҳои “Каҷакӣ” ва “Арғандоб” ва тағйир додани маҷрои дарё интиқоли обро ба Эрон маҳдуд кард. Хатари хушксолӣ сол аз сол хеле шадид шуда, дар соли 2000 ҷараёни оби Ҳилманд ба Систону Балучистони Эрон комилан қатъ шуд. Вилоятҳои шарқии Систону Балучистон ва Хуросони Эрон дар он сол дучори мушкили беобӣ ва экологӣ шуданд. Мақомоти Эрон таҳдид намуданд, ки тавассути неруҳои ҳавоӣ сарбандҳои дарёи Ҳилманд, хусусан сарбандҳои “Каҷакӣ” ва “Арғандоб”-ро бомбборон хоҳанд кард[1] ва ҳавопаймоҳои низомии ҶИЭ дар масири дарёи Ҳилманд чанд рӯз ба парвоз даромаданд. Толибон аз тарс маҷрои рӯдхонаро боз намуда, ба коршиносони эронӣ иҷозаи вуруд ба ҳавзаи оби Ҳилмандро доранд. Аммо оё акнун баъди таҳдиди Иброҳим Раисӣ ҳавопаймое ба парвоз доромада ва ё ҳушдорӣ ӯ таҳдиди ҳавоӣ аст?

                                                                                                                                     “Миллат”

 

Оби Ҳилманд ва Ҳарирӯд – омили буҳрони давомдор миёни Эрон ва Толибон

Масъалаи истифода аз ҳавзаи обҳои муштарак ё рӯдхонаҳои фаромарзии Афғонистон ва Эрон аз охири садаи XIX ба ин тараф ҳамеша сабаби ихтилофи ҷиддӣ миёни ду кишвар мебошад. Масъалаи мазкур барои он мушкилтар шудааст, ки ҳукуматҳои Афғонистон ба манбаъҳои обии ҳавзаҳои мазкур ҳамчун манбаи гидрокарбонӣ таваҷҷуҳ менамоянд. Аз назари давлатдорони Афғонистон ва қонунгузории ин кишвар[2] об ба ҳукми манобеи дигари энергетикии табиӣ мисли нафту газ маҳсуб шуда, аз омили мазкур мехоҳанд суди иқтисодӣ ва сиёсӣ ба даст оваранд. Эрон дар навбати худ омода нест, ки даъвои соҳиби об будани Афғонистон ва додани имтиёз ба ин кишварро бипазирад. Дар гузашта давлати шоҳии Эрон чанд дафъа ба ҳукумати шоҳии Афғонистон имтиёз дода буд, то оби бештар дарёфт кунад. Аз ҷумла, соли 1974 давлати Эрон ҳудуди 2 млрд. доллар кумаки молӣ барои барномаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла сохтани роҳи оҳан ва неругоҳҳои обии Афғонистон ихтисос дод, то ин кишвар дар истифода аз оби ҳавзаи рӯдхонаҳои фаромарзии Ҳилманд ва Ҳарирӯд мушкилӣ эҷод накунад.[3] Ҳамин муносибат дар замони ҳукуматҳои баъдии Афғонистон, ҳукуматҳои чапи комммунистӣ, муҷоҳиддин, толибон ва ҳукуматҳои либерал-исломистии баъди соли 2001 ҳоким буда ва ҳаст. Мушкили асосӣ дар заминаи ҳалли масъалаи об миёни ду кишвар аз ҳамин дидгоҳҳо манша мегирад.

Бидуни шинохти дақиқи таърихи ташаккули марзҳо миёни ду кишвар - Эрон ва Афғонистон, омӯзиши таърихи муоҳидаи Гандумак (1878) ва қарордоди таҳти ҳимояи Британияи Кабир қарор гирифтани Афғонистон (1879) моҳияти қарордодҳои обӣ ва муқаррароти онҳоро ба дурустӣ дарк намудан имкон надорад.

Баъди таҳти ҳимояи Британия қарор гирифтани Афғонистон, афсарони низомии англис амалан сиёсати хориҷии ин кишварро муайян мекарданд. Яке аз ҳадафҳои асосии ин афсарон ҳалли мушкили марзӣ ва обии миёни Афғонистон бо Эрон буд. Мақомдорони баландрутбаи низомии бритониёӣ Голд Смит ва Мак Моун доварии баҳси рӯдхонаҳои марзиро дар соли 1895-1896 ба уҳда доштанд. Соли 1896 миёни Эрон ва Афғонистон тафоҳумнома бо миёнҷигарии ду афсари англис ба имзо расид, ки аз се як ҳиссаи оби Ҳилманд ва ҳавзи Ҳомун ҳақобаи Эрон ва ду ҳиссаи он ҳақобаи Афғонистон дониста шуданд. Аммо бо имзои ин муоҳида масъалаи мушкили истифодаи об миёни ду кишвар поён наёфт ва баҳси тарафҳо идома дошт.[4]

Дар соли 1917 Эрон ва Афғонистон дар заминаи истифода аз обҳои минтақа тафоҳумномаи навро имзо намуданд, ки бар асоси он бояд музокира бар сари тақсими об байни ду кишвар оғоз шуда, ҳақоба барои тарафҳо дубора таъин мешуд. Ин музокирот солҳои зиёд тӯл кашид, вале натиҷа надод. Ҷонибҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши ихтилофот дар соли 1937 протоколи муваққатиро дар мавриди истифода аз ҳавзаи оби Ҳилманд имзо карданд. Бар асоси ин санад оби Ҳилманд дар обанбори Камолхон ба сурати баробар (50% саҳми Афғонистон ва 50% саҳми Эрон) тақсим шуд.[5]

Давлати Афғонистон уҳдадор шуд, ки аз обанбори Камолхон изофа бар наҳру каналҳое, ки то имзои санад мавҷуд буданд, барои ноҳияҳои атроф канали иловагӣ намеканад. Афғонистон ба рағми имзои ин санад чандин наҳру канал дар минтақа бунёд намуд. Ба назари мақомоти эронӣ кандани каналҳои Қаро ва Сироҷ аз ҷониби Афғонистон боиси камобӣ дар минтақаи Систони Эрон шудааст. Эрон ин иқдоми Афғонистонро дағалона вайрон намудани қарордодҳои солҳои 1896 ва 1937 эълон намуд ва талош кард, ки музокироти навро барои таъини ҳақобаи ин рӯдхонаҳо оғоз кунад, вале ба натиҷа нарасид.[6]

Ҳукумати Эрон дар замони Паҳлавӣ барои ҳалли масъалаи мазкур талоши зиёд ба харҷ дод. Эрон ба ин назар буд, ки қарордоди бо миёнҷигарии Британия ҳосилшуда на боиси ҳалли мушкилот, балки боиси эҷоди мушкилоти бештар шудааст ва ҳайати Афғонистон зимни сафари худ ба Теҳрон дар соли 1937 хостори таҳия ва имзои муоҳидаи нав шуд.

Соли 1939 сафири Эрон дар Кобул Боқир Қосимӣ бо ҳукумати Афғонистон муоҳидаи навро дар заминаи истифода аз оби Ҳилманд имзо намуд. Афғонистон бори дигар бар асоси банди дувуми ин санад уҳдадор шуд, ки наҳри дигаре аз обанбори Камолхон барои обёрии заминҳои минтақаҳои атроф нахоҳад кашид.[7] Ин тафоҳумнома бар асоси меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ истифода аз оби ҳавзаи муштаракро танзим мекард. Амалӣ шудани он амалан ба иродаи ҳукумати Афғонистон, ки кишвари болооб маҳсуб мешавад, вобастагӣ дошт. Аммо давлати Афғонистон ин мувофиқатномаро тасвиб (ратификатсия) накард ва хостори замонати Эрон барои пазируфтани ҳаққи Кобул дар истифода аз обанбори Камолхон шуд. Мақомоти Кобул мехостанд, ки Эрон ҳаққи моликияти ҳукумати Кобул ба сарбанди Камолхонро эътироф ва дар як ёддошти ҷудогона эълон намояд. Бар асоси он ба Афғонистон бояд ҳаққи сохтани иншооти обӣ, истифодаи озодона ва ҳатто хориҷ шудан аз муоҳида дода мешуд. Сарфи назар кардани Эрон аз эътирофи чунин ҳақ ба Афғонистон ва имзои накардани ёддошти иловагӣ боис шуд, ки иҷрои тафоҳумнома солҳо ба таъхир биафтад.

Дар пайи хушксолии соли 1954 ва кам шудани оби Ҳилманд ба соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои шарқии Эрон зарари зиёд ворид шуд ва ин беобӣ боиси муҳоҷирати сокинони манотиқи Систон гардид. Эрон масъалаи танзими об дар миёни ду кишварро бори аввал барои баррасӣ ба  Шӯрои амнияти СММ пешниҳод намуд. Аммо намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақомоти Эронро қонеъ кард, ки пешниҳоди худро аз рӯзномаи Шӯрои амнияти СММ бозпас бигирад. Бо миёнҷигарии ИМА Комиссияи бетараф барои ҳалли масъала ташкил дода шуд. Комиссия аз се коршиноси амрикоӣ, канадагӣ, чилигӣ ва инчунин ҳайатҳои ду кишвар иборат буд. Ин ҳайат бо номи “Комиссияи делтаи Ҳилманд” маъруф гашт. Дар тарҳи омоданамудаи ин Комиссия ҳаққи оби ошомиданӣ барои Эрон мавриди пазириш қарор гирифт, вале барои кишоварзӣ аз сӯи комиссия 22 метри мукааб об дар сония пешниҳод шуд, ки ҳайати давлати Эронро қонеъ насохт.[8]

Дар натиҷи музокироти ду ҷониб то соли 1957 давом кард, аз ҷониби Комиссия барои Эрон 26 метри мукааб об дар сония пешниҳод шуд, аммо ҳайати Афғонистон ба он мухолифат кард, ҳарчанд ин аз меъёри таъиннамудаи Тафоҳумномаи соли 1896 (аз се як ҳиссаи об) камтар буд.

Эрон бо дастгирии ИМА соли 1957 Комиссияи махсус барои расонидани кумакҳои иқтисодӣ ба Афғонистон таъсис дод. Ба дунболи он подшоҳи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ ҷиҳати чанд метри мукааб зиёд намудани ҳаҷми об барои Эрон ризоият дод ва музокираи ҳайатҳо идома пайдо намуд. Солҳои 1960, 1967 ва 1971 Комиссияи бетараф ҷаласаҳои худро бо ҳайатҳои ду кишвар борҳо баргузор намуд, аммо ба далели он ки Афғонистон иқдом ба сохтани ду сарбанд дар минтақаи Чахонсур намуда буд, ин музокирот бенатиҷа анҷом ёфт. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳо дар соли 1971 ҷараёни оби Ҳилманд ба сӯи Эрон ба муддати 22 рӯз комилан қатъ гардид, ки боиси муҳоҷирати сокинон ва нобудии олами набототи минтақа гардид. Вазъияти пешомада ҷонибҳоро барои ҳарчӣ тезтар ба натиҷа расидан водор намуд. Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ ва кори Комиссияи бетараф, ки 19 сол идома ёфт, ниҳоят 13 марти соли 1973 байни Афғонистон ва Эрон “Муоҳидаи тақсими оби Ҳилманд”, ки иборат аз як қарордод, як аҳднома ва ду протоколи иловагӣ мебошад, ба имзо расид. Ин қарордодро аз ҷониби Афғонистон Муҳаммад Мусо Шафиқ, садри аъзам ва аз ҷониби Эрон Амир Аббоси Ҳувайдо, нахуствазир имзо гузоштанд.[9]

Баъди имзои Муоҳида Эрон дар соли 1973 ду миллиард доллар тавассути Комиссияи махсуси расонидани кумаки молӣ ба Афғонистон, ки ҳанӯз дар соли 1954 таъсис карда буд, барои лоиҳаҳои тараққиёт дар Афғонистон ҷудо намуд. Аммо ин маблағ амалан бар ивази 4 метри мукааб обе буд, ки дар ҳар сония ба ҳаққи Эрон изофа шуд. Эрон ба асоси ин созиш ҳаққи дарёфти 26 метри мукааб обро аз рӯди Ҳилманд дар ҳар сония пайдо кард. Аммо бо вуҷуди пардохти як қисми ин маблағ аз сӯи Эрон ин тавофуқнома то поёни ҳукмронии Муҳаммад Зоҳиршоҳ ба ҳукми қонун ва иҷро надаромад. Пас аз сарнагун гаштани М. Зоҳиршоҳ ва ба сари қудрат омадани Муҳаммад Довудхон соли 1976 Ҳукумати Афғонистон ин муоҳидаи тақсими оби Ҳилмандро тасвиб намуда, ба иҷро гузошт.[10]

Миёни Эрон ва Афғонистон дар соли 1976 дар мавриди иҷрои лоиҳаҳои муштарак, сохтани обанборҳои нав дар маҷрои рӯдхонаи Ҳилманд ба манзури истифодаи муштарак аз оби ин сарбандҳо мувофиқа ҳосил шуд,[11] аммо таҳаввулоти сиёсии соли 1978 дар Афғонистон (1978) ва пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон (1979) иҷрои ин нақшаҳоро мутаваққиф намуд.

Бо оғози ҷанги дохилӣ дар Афғонистон аз соли 1979 гарчанде масъалаи истифода аз оби ҳавзаҳои муштарак ҳамчунон мушкил эҷод мекард, аммо мавриди музокира ва бозбинии ҷонибҳо қарор нагирифт. Вазъияти сиёсӣ ва низомии дохилӣ дар Афғонистон ин имконро аз ҳукуматҳои Афғонистон гирифта буд.

Масъалаи истифодаи оби ҳавзаи Ҳилманд гарчи даҳсолаҳо мавриди баҳс ва муноқишаи ду кишвар буд, аммо соли 1998 баҳонае барои оғоз шудани гуфтугӯҳо миёни Эрон ва ҳукумати “Толибон” гардид. “Толибон”, ки рӯйи оштӣ ва ҳамкорӣ ба Эрон нишон намедод, дар ибтидои ҳукмронии худ дар Афғонистон (1996-2001) аввалин бор ҷараёни оби дарёи Ҳилмандро тавассути бастани сарбандҳои “Каҷакӣ”, “Арғандоб” ва тағйир додани маҷрои дарё интиқоли обро ба Эрон маҳдуд кард. Хатари хушксолӣ сол аз сол хеле шадид шуда, дар соли 2000 ҷараёни оби Ҳилманд ба Систони Эрон комилан қатъ шуд. Дар матбуоти Эрон ва байналмилалӣ хабарҳо роҷеъ ба ин ки гӯё “Толибон” маҷрои Ҳилмандро барои обёрии киштзорҳои кӯкнор тағйир додаанд, зиёд паҳн шуд. Вилоятҳои шарқии Систону Балучистон ва Хуросони Эрон дар он сол дучори мушкили беобӣ ва экологӣ шуданд, бархе мақомоти ҶИЭ таҳдид намуданд, ки тавассути неруҳои ҳавоӣ сарбандҳои дарёи Ҳилманд, хусусан сарбандҳои “Каҷакӣ” ва “Арғандоб”-ро бомбаборон хоҳанд кард.[12] Ҳамин тариқ, ҳавопаймоҳои низомии ҶИЭ дар масири дарёи Ҳилманд чанд рӯз ба парвоз даромаданд.

Вазъияти пешомада ҶИЭ-ро барои музокира бо мақомоти “Толибон” дар мавриди тақсими об ва фиристодани як ҳайат барои боздид аз сарбанди “Каҷакӣ” водор намуд. Толибон дар аввал ҳар гуна пешниҳоди музокираро рад намуданд. Ба маълумоти Ваҳиди Мужда, вақте ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои вазирони ҳукумати (номниҳоди) “Толибон” матраҳ шуд, ҳеҷ яке аз аъзои ҳукумат аз мавҷудияти қарордодҳои тақсими об миёни Эрон ва Афғонистон хабар надошт. Ҳатто вазири ҳаҷ ва авқофи “Толибон” дар ҷаласа таъкид мекунад, ки ба далели он ки эрониён масҷиди Шайх Файёзро дар Машҳад вайрон кардаанд, ба онҳо аслан иҷозаи истифода аз оби Ҳилманд дода нашавад. Бо талоши масъули корҳои хориҷии “Толибон” Аҳмад Вакил Мутаваккил, ҳайати Эрон бо роҳбарии Ғуломризо Баҳронӣ, сардори ситоди масъалаҳои Афғонистон дар Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба Афғонистон омад. Ин аввалин ҳайати ҳукуматии ҶИЭ буд, ки аз замони ба қудрат расидани “Толибон” ба Афғонистон омада буд. Ҳайати мазкур аз ҳавзаи оби Ҳилманд, аз ҷумла аз обанборҳои “Каҷакӣ”, “Даҳла” ва “Дарованд” боздид ва бо мақомоти расмии “Толибон” мулоқот намуд. Тарафи “Толибон” бо роҳбаладӣ намудани ин ҳайати ба манотиқи аз хушксолӣ осебдида, талош намуданд исбот кунанд, ки нарафтани оби дарёи Ҳилманд то вилоятҳои Эрон натиҷаи хушксолӣ, беборишӣ ва тағйири иқлим аст, на пайомади бастани пеши маҷрои об ва ё ба тарафи киштзорҳои кӯкнор сарозер намудани маҷрои ҷараёни он.

Дар натиҷаи мулоқоти ҳайати ҶИЭ бо мақомоти “Толибон” зимни ин сафар дар мавриди таъйини ҳақоба барои ду кишвар ягон санад ба имзо нарасид. Зеро ҶИЭ ҳукумати гурӯҳи “Толибон”-ро ба расмият намешинохт ва имзои қарордод бо ҳукумати эътирофнашудаи ин гурӯҳ дар Кобул дар амал эътироф намудани он ба унвони як ҳокимияти қонунӣ мебуд. Аз ин хотир ҷониби Эрон пешниҳод намуд, ки санад дар мавриди истифодаи об ва ҳамкориҳои марзӣ байни вилояти Систон ва Балучистони Эрон ва вилояти Нимрӯзи Афғонистон, ки ҳаммарз мебошанд, имзо шавад. Толибон ин пешниҳодро рад намуданд.

Ҳайати ҶИЭ дар хулосаи сафари кории худ ба Афғонистон тайид намуд, ки ҷараёни об дар рӯдхонаи Ҳилманд 42,8 метри мукааб дар сония мебошад ва сарбанди “Каҷакӣ” дорои 1 млрд. метри мукааб захираи об мебошад. Ба ин далелҳо 14 сентябри соли 2001 намояндаи доимии ҶИЭ дар СММ дар номае ба унвони Дабири кулли ин созмон аз амалкарди ҳукумати гурӯҳи “Толибон” шикоят намуда, таъкид доштааст, ки ин гурӯҳ бо бастани дарғоти садди “Каҷакӣ” ҷараёни оби Ҳилманд ба Эронро қатъ намудааст шудааст.[13]

Дар тамоми давраи ҳукмронии “Толибон” агарчи чандин бор баҳси об, биёбоншавӣ, тағйири иқлим бар асари беобӣ, хушк шудани ҳавзи Ҳомун боиси муноқишаҳои лафзӣ шуд ва як ҳайати расмии ҶИЭ ба манзури музокира дар ин масъала аз Кобул, Ҳирот, Қандаҳор ва Нимрӯз дидор намуд, аммо ҳеҷ тавофуқе дар ин замина ҳосил нашуд. Масъалаи об ва танзими истифодаи ҳавзаҳои муштараки обии ду кишвар ҳамчун пешзаминае барои гуфтугӯҳои ҶИЭ бо гурӯҳи “Толибон” дар заминаҳои сиёсӣ истифода шуд. Вале мушкили об дар ин давра (1996-2001) барои ҳукуматҳои баъдӣ ба мерос гузошта шуд.

Мак Моун, полковники бритониёӣ дар як ёддошти худ аз 25 сентябри соли 1904 навиштааст, ки мушкили аслӣ дар масъалаи тақсими об аз он ҷо оғоз мешуд, ки роҳбарони Афғонистони таҳти ҳимояти Бритониё рӯдхонаи Ҳилмандро як рӯдхонаи дохилӣ ва ҳар гуна истифода аз оби онро «ҳаққи инҳисорӣ ва истиснои»-и худ донистанд. Дар ҳоле ки мутобиқи меъёрҳои байналмилалии Ҳилманд як дарёи фаромарзӣ маҳсуб мешуд.[14]

Ба маълумоти Атовулло Абдӣ, муҳаққиқи эронӣ ҷониби Афғонистон ҳамеша аз вазъият ба хубӣ истифода карда ва бисёр кам ба қарордодҳое, ки вазъияти босубот ва мутмаинро дар ин масъала ба вуҷуд биёварад, пойбандӣ нишон додаанд.[15]

Мақомоти Эрон даъво доранд, ки сиёсатҳои обии Афғонистон дар охири асри XX ва аввали асри XXI барои кишоварзӣ дар шарқи ин кишвар, хусусан дар вилояти Систон ва Балуҷистон натиҷаи фоҷиаангез ба бор овардааст. Бино ба маълумоти манобеи эронӣ бар асари хушксолӣ ва беобӣ қисме аз мардуми Систон ва Балучистон маҳалли будубош ва деҳаҳои худро гузошта, ба минтақаҳои Гулистон, Хуросон ва Машҳад муҳоҷират намудаанд.[16]

Холӣ шудани деҳаҳо ва маҳаллаҳои маскунии марзӣ аз сокинон дар навбати худ мушкилоти амниятиро ҳам дар пай дорад. Ин кор муҳофизати марзҳои Эронро мушкил мекунад. Холӣ шудани ҳар деҳаи сарҳадӣ масрафи таъмин намудани бехатарии марзҳо ва нигаҳдории неруҳои мусаллаҳ дар минтақаҳои беодамро афзоиш медиҳад. Аз ҷониби дигар, муҳоҷирати сокинони минтақаҳои дучори камобӣ ва биёбоншуда ба вилоятҳои атроф, масъалаи афзоиши аҳолӣ, мушкили ҷои кор ва мушкили таъмини аҳолӣ ба манзили истиқоматиро пеш овардааст.

Муҳаққиқони эронӣ ба ин боваранд, ки идомаи сиёсати обии Афғонистон дар ҳавзаҳои Ҳилманд, Ҳарирӯд ва Ҳомун боиси биёбоншавии заминҳо, барҳам хӯрдани экосистемаи минтақа, аз байн рафтани имконияти ҳаёт барои инсон, олами наботот ва ҳайвонот дар қисмати шарқии Эрон гашта, буҳрони бекорӣ, муҳоҷират, афзоиши хокборишҳо, бесарусомонии сокинонро ба вуҷуд овардааст. Хатари муноқиша ва ҷанг бар сари масъалаи об дар оянда боқӣ хоҳад монд.

Бо сарнагун гардидани “Толибон” ва таъсиси Идораи муваққат дар соли 2001 шароит ва имкони музокирот барои ҳалли буҳрони обӣ дар заминаи паймонҳои байналмилалӣ миёни ду кишвар фароҳам шуд. Моҳи марти соли 2002 дар ҷараёни сафари Ҳ. Карзай ба Теҳрон ва мулоқоташ бо С.М. Хотамӣ ду ҷониб “Санади ҳамкорӣ”-ро имзо намуданд, ки дар банди 13-уми он ба иҷрои Муоҳидаи соли 1973 дар мавриди тақсими оби Ҳилманд миёни ду кишвар таъкид шудааст.[17]

Аз ин назар, ҶИЭ ба сохтани сарбандҳои нав дар ҳавзаи дарёҳои Ҳилманд, Ҳарирӯд ва Ҳомун ҷиддан мухолифат мекунад. Далели мухолифати Эрон ба сохтани обанбори “Салмо” дар ҳавзаҳои оби Ҳарирӯд ва такмили неругоҳи “Арғандоб” дар дарёи Ҳилманд эҳтимоли биёбон шудани заминҳои бештар дар вилояти Хуросон ва Систону Балучистони Эрон аст. ҶИЭ бовар дорад, ки ин иқдом хатари зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва амниятӣ хоҳад дошт.[18]

Афғонистон баъди он ба сохтани сарбанди “Салмо”-дубора оғоз намуд, ки Эрон ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Туркманистон сарбанди “Дӯстӣ”-ро дар шимоли вилояти Хуросон дар дарёи Ҳарирӯд ба анҷом расониданд. Эрон дар соли 1993 ба сохтани ин сарбанд оғоз намуд. Ин иқдоми ҶИЭ боиси вокуниши Давлати Исломии Афғонистон шуда буд. Мавриди нигаронии ДИА дар номаи эътирозии Ҳомид Карзай, муовини вазири корҳои хориҷии ДИА (1992-1995) ба унвони вазорони корҳои хориҷии Эрон ва Туркманистон баён шудааст. Дар ин нома аз ҷумла таъкид шудааст, ки “эҳдоси ин садд метавонад дар оянда ба далели камбуди об муъҷиби сӯи тафоҳумот шавад. Зеро Афғонистон мусаммам аст эҳдоси банди обгардони “Салмо”-ро, ки ба далели ҷангҳо мутаваққиф шуда буд, аз сар бигирад”.[19]

Афғонистон дар соли 2005 бо сармоягузории Ҷумҳурии Ҳиндустон сохтмони неругоҳи барқи обии “Салмо” дар дарёи Ҳарирӯдро, ки 40 сол хобида буд, аз сар гирифт ва соли 2017 он ба истифода дода шуд.

Оби дарёи Ҳарирӯд аз марзи ду кишвар убур карда, ба вилояти Хуросони шимолии Эрон мерасад. Эрон нигарон аст, ки бо сохтани сарбандҳои бештар дар ҳавзаи Ҳарирӯд вилояти Хуросони Эрон низ ба сарнавишти беобии вилояти Систон ва Балучистон мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Дар мавриди истифода ва танзими оби ҳавзаи Ҳарирӯд миёни Афғонистон ва Эрон ба фарқ аз масъалаи ҳавзаи Ҳилманд ҳеҷ тафоҳумномае вуҷуд надорад. Талошҳои Эрон барои музокира дар ин маврид ва расидан ба як тавофуқ то кунун ба натиҷа нарасидаанд. Ҷониби Афғонистон ба ҳар баҳонае оғози музокира дар мавриди танзими истифодаи муштарак аз оби ин ҳавзаро ба таъхир андохтааст.

Коршиносон ва муҳаққиқони эронӣ ба мақсади беҳбуд бахшидан ба робитаҳои байнидавлатии ду кишвар барои ҳалли мушкили обҳои фаромарзӣ пешниҳодҳои мухталифро ба давлати ҶИЭ ироа намудаанд. Аз ҷумла, фишори сиёсӣ ба давлати Афғонистон, ба кор бурдани қувваи мусаллаҳ ва истифода аз омили муҳоҷирони афғон дар Эрон аз ҷумлаи ин пешниҳодҳо мебошад, ки ҳамеша матраҳ мешавад.[20]

Масъалаи истифода аз оби ҳавзаҳои муштараки Эрон ва Афғонистон яке аз масъалаҳои мавриди гуфтугӯ ва баҳси ду ҷониб дар тамоми давраи муосир мебошад. Хусусан ҷониби ҶИЭ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки баҳси обро дар рӯзномаи музокирот ва мулоқотҳои байнидавлатӣ ҷой диҳад.

Ф. Моликӣ, сафири ҶИЭ дар Афғонистон (2008-2013) таъкид мекунад, ки “мавзӯи оби Ҳилманд аз масоили бисёр муҳиме буд, ки баробари вуруд ба Кобул дар дастури кори Сафорат қарор гирифт”.[21] Ф. Моликӣ масъалаи обро дар муносибатҳои Эрон ва Афғонистон бисёр ҳассос ва мушкилзо тавсиф мекунад ва як далели ҳассосияти онро мудохилаи хориҷиҳо дар ин масъала медонад. Сафири ҶИЭ бо ёдоварӣ аз мулоқотҳояш бо мақомоти Афғонистон матраҳ шудани масъалаи фурӯши оби Ҳилманд ба Эронро тазаккур медиҳад ва бо такя ба маълумоти Ҳ. Карзай инро таҳрики амрикоиҳо ба манзури хароб сохтани муносибатҳои Эрон ва Афғонистон меномад. Аммо ба сурати расмӣ масъалаи хариду фурӯши об то кунун дар сатҳи музокироти расмӣ матраҳ нашудааст. Бо вуҷуди он ки ин масъала дар зеҳни бисёре аз мақомоти расмии Афғонистон ҷой гирифтааст. Ф. Моликӣ ёдовар мешавад, аввалин дастуреро, ки бояд иҷро мекард, фаъол намудани кори “Комиссарони об”-и ду кишвар буд, ки иҷрои Муоҳидаи соли 1973-ро назорат мекарданд, вале дар замони ҳукумати муҷоҳиддин ва баъдан дар замони “Толибон” аз фаъолият боз монда буданд.    

ҶИЭ талош дорад, ки шароити Муоҳидаи соли 1973-ро ба манфиати худ тағйир диҳад. Зеро миқдори обе, ки барои минтақаҳои ин кишвар пешбинӣ шудааст, барои пешбурди корҳои кишоварзӣ ва умуман ҷараёни табиии ҳаёти инсон, наботот ва ҳайвонот кофӣ намебошад. ҶИЭ аз ҳар фурсат барои аз сар гирифтани музокира барои омода намудани қарордоди нави тақсими об истифода кардааст.

Д.Р. Спанто, менависад, ки “дар нахустин сафари ман ба Эрон М. Муттакӣ, вазири корҳои хориҷии ҶИЭ дар ибтидои суҳбат аз ман хост, ки бо эҷоди як комиссияи муштарак барои баҳс рӯи ҳақобаи Эрон дар Афғонистон мувофиқат кунам”.[22] Р.Д. Спанто бо пеш овардани ин далел, ки Афғонистон дар мавриди масоили ҳуқуқии рӯдхонаи Ҳарирӯд ва миқдори обе, ки аз он ба кишварҳои Эрон ва Туркманистон меравад, ҳеҷ таҳқиқи илмие анҷом надодааст, ба ташкили комиссияи муштараки байнидавлатӣ мувофиқат намекунад. Вазири корҳои хориҷии Афғонистон хостори берун кардани ин масъала аз рӯзномаи мулоқотҳои дуҷониба шуд, ки боиси нороҳатӣ ва ҳатто хашми ҳайати Эрон қарор гирифт ва ба гуфтаи Р.Д. Спанто ба ин далел мулоқоти ӯ бо президенти Эрон М. Аҳмадинажод дар фазои сарде баргузор гашт.

Ба назари Р.Д. Спанто масъалае, ки монеи ҳамкории самарабахш дар муносибатҳои Эрон ва Афғонистон мешавад, бидуни шак, масъалаи об буда ва ҳаст. Ҷониби Афғонистон даъво дорад, ки Эрон ва Туркманистон зимни сохтани сарбанди “Дӯстӣ” дар дарёи Ҳарирӯд ҳаққи болооб будани Афғонистонро ба назар нагирифтанд.

М. Буруҷердӣ, раиси Комиссияи корҳои байналмилалии порлумони ҶИЭ дар мулоқоти аъзои Шӯрои амнияти миллии Эрон ва бо ҳайати расмии Афғонистон дар Теҳрон бо ишора ба дарёи Ҳарирӯд таъкид кард, ки “Раиси ҷумҳури Миср дар бораи барномаи Судон барои сохтани банди обгардон ба рӯи дарёи Нил гуфта буд, ки мо ин бандро бомбаборон мекунем”.[23] Ин суханон таҳдиди ошкор ба Афғонистон барои сарфи назар кардан аз сохтани банди “Салмо” дар соли 2008 буд. Аз ҷониби дигар, ин гуна изтироби мақомоти Эрон ҷиддияти амиқи масъалаи об дар муносибатҳои байнидавлатиро ба намоиш мегузорад. Эҳтимоли бештар осебпазир шудани муносибатҳои дуҷониба ба далели авҷ гирифтани баҳси об аз имкон дур нест.

Ба тасдиқи Ф.Ҳ. Моликӣ меҳвари аслии сафари М. Аҳмадинажод ба Кобул ва гуфтугӯҳои ӯ бо Президент Ҳ. Карзайро дар 26 апрели соли 2010 масъалаи танзими оби Ҳилманд, бахусус расонидани об ба Систону Балучистон ва ҷилавгирӣ аз эҳтимоли хушкидани ҳавзи Ҳомун буд. Зеро дар он сол хушксолӣ минтақаро таҳдид мекард ва агар маҷрои дарёи Ҳилманд дар моҳҳои охири баҳор ва аввали тобистон ба сӯи Систон ва Балучистон маҳдуд мешуд, имкони аз байн рафтани олами наботот ва ҳайвоноти атрофи ҳавзи Ҳомун вуҷуд дошт. М. Аҳмадинажод аз Ҳ. Карзай дар ин мулоқот хостори оғози музокироти танзими об ва мусоидат ба наҷоти Ҳомунро мекунад. Ҳ. Карзай бе об намондани Ҳомунро ваъда дод, вале тавофуқ дар мавриди оғози музокирот дар масъалаи об ҳосил намешавад. Ҳ. Карзай ба М. Аҳмадинажод дар поёни ин мулоқот ёдовар шуд, ки “ҳайатҳои эроние, ки бо Кобул меоянд, ҳар мавзӯе, ки дар дастури кори онҳо бошад, аввал аз баҳси Ҳилманд оғоз мекунанд, агар мавзӯи ҳузури Амрико ва НАТО ҳам бошад, охираш боз бо оби Ҳилманд тамом мекунанд, мо бо оқои сафир Моликӣ ҳам ҳамеша ин мавзӯъро баҳс мекунем”.[24] Ҳ. Карзай дар ин мулоқот ваъда дод, ки агар Афғонистон як қатра оби охиронаш боқӣ бимонад, онро бо Эрон тақсим хоҳад кард.

Соли 2007 ҳукумати Афғонистон барномаи миллии “Стратегияи захираҳои обӣ ”-ро қабул намуд, ки дар он ба зарурати ҳамкории минтақавӣ дар масъалаи танзим ва истифодаи обҳои фаромарзӣ таъкид мешавад.[25] Стратегияи мазкур ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар заминаи баҳрабардорӣ аз манбаҳои обӣ бидуни расонидани зарар ба экосистемаи минтақавӣ, таъмини баробарҳуқуқӣ дар истифодаи захираҳои обиро пешбинӣ мекунад. Бар асоси усулҳои муайяннамудаи стратегияи миллӣ дар соли 2009 Маҷлиси намояндагони Афғонистон “Қонуни об”-ро қабул намуд.[26] Стратегияи миллии истифодаи захираҳои обӣ тадриҷан ба шакли идораи ҳамоҳангшудаи захираҳои обӣ гузаштан пешбинӣ мекунад. Қабули усули ҳамоҳангии минтақавӣ дар истифодаи захираҳои обӣ як навъ кӯшиши мақомоти Афғонистон барои додани итминон ба Эрон дар бораи беоб нагузоштани минтақаҳои марзии он кишвар дар сурати иҷрои тарҳҳои бузурги обёрӣ ва сохтмони неругоҳҳо буд.

Аммо бо вуҷуди ин Эрон ба истифода аз роҳу воситаҳои гуногун талош намуд, ки Афғонистонро водор намояд, то аз сохтани неругоҳи барқи обии “Салмо” дар рӯдхонаи Ҳарирӯд сарфи назар кунад. Ба маълумоти матбуоти Афғонистон дар солҳои 2010-2011 Эрон тавассути пешниҳод намудани имтиёз ба ширкатҳои Ҳиндустон, ки масъулияти такмил намудани лоиҳаи “Салмо”-ро доштанд, талош намуд, сохту соз дар ин банд ба таъхир андохта шавад.[27] Ҳатто расонаҳо бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон аз вилояти Ҳиротро дар ин барномаҳои Эрон ҳамкор эълон намуданд.[28]

ҶИЭ ҳамчунин интиқоли маводи мавриди ниёз барои сохтмони неругоҳи “Салмо” аз тариқи қаламрави ин кишварро бо ҳар баҳона маҳдуд ва ё ғайри имкон намуда буд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо ширкатҳои ҳиндӣ ин маводро аз тариқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба шимоли Афғонистон ва аз он ҷо ба маҳалли сохтмони “Салмо” дар ғарби Афғонистон интиқол медоданд. Ҳамчунин дар маҳалли сохтмони неругоҳи “Салмо” чанд дафъа инфиҷор рух дод ва муҳофизони сохтмони обанбор кушта шуданд. Агарчанд гурӯҳҳои толибон ин масъулиятро бар дӯш мегирифтанд, аммо матбуоти маҳаллӣ аз эҳтимоли вобаста ба Эрон будани ин гурӯҳҳо маълумот нашр кардааст.[29] Мутахассисони ҳиндӣ ҳам дар тӯли иҷрои ин лоиҳа борҳо кори онро мутаваққиф намуда, дубора аз сар гирифтанд. Бо вуҷуди ин масъалаҳо кори сохтмони обанбори мазкур ба анҷом расонида шуд. Ин сарбанд 107 метр баландӣ, 550 метр паҳно дошта, имкони захира намудани 514 млн. метри мукааб об ва иқтидори тавлиди 42 мегават неруи барқро дорад.

Сохтмони ин обанбор ба Афғонистон имкон додааст, ки оби ҳавзаи дарёи Ҳарирӯдро ба назорат дароварда ва истифодаи онро танзим намояд. Ин имконро соҳиб шудани Афғонистон барномаҳои обёрӣ ва раванди кори неругоҳи “Дӯстӣ”-ро дар марзи Эрон ва Туркманистон, ки дар маҷрои поёноби ҳамин дарё сохта шудааст, таҳти хатар қарор медиҳад. Афғонистон дар марҳилаҳои зарурӣ имкон пайдо мекунад, аз оби ин ҳавза ҳамчун ҳарбаи сиёсӣ ва аҳроми фишор ба ҳамсояи худ истифода кунад. Эрон бо Афғонистон дар мавриди истифодаи оби ҳавзаи Ҳарирӯд ҳеҷ гуна қарордоде надорад, ки аз он ба унвони асбоби фишори қонунӣ дар муқобили Афғонистон истифода намояд. 

Дар адабиёти сиёсӣ ва матбуоти Эрон ва Афғонистон истилоҳи “ҷанги хомӯш” роиҷ шудааст, ки зимни тафсир ва баёни масъалаи об миёни ду кишвар ба кор бурда мешавад.[30] Дар заминаи истифода аз захираҳои обӣ байни ду кишвар муноқиша ба шакле идома дорад, ки ба далели баландтар будани садои ҷанги мусаллаҳона, садои ҷанҷоли обӣ баланд шунида намешавад. Аммо имкони шиддат гирифтани ин баҳс, сар задани муноқишаҳои ҷиддӣ ва бархӯрдҳои хушунатомез дар ин заминаро муҳаққиқон сарфи назар намекунанд.

Дар мулоқоти М.А. Ғанӣ ва Ҳ. Рӯҳонӣ 26 марти соли 2015 дар Кобул мавзӯи таъсиси танзими истифода аз оби ҳавзаҳои муштарак баррасӣ шуд. Ҳ. Рӯҳонӣ хостори таъсиси комиссияи муштарак барои оғоз намудан ба музокира ҷиҳати таъйини ҳақобаи Эрон дар рӯдхонаи Ҳарирӯд ва иҷро намудани қарордодҳои қаблӣ роҷеъ ба ҳақобаи Эрон дар ҳавзаи Ҳилманд шуд.

М. Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон дар баёнияи матбуотии худ эълон намуд: “ҶИЭ аз аҳромҳои мухталиф барои ҳалли ихтилофот бар сари ҳақобаи рӯдхонаи Ҳирманд (Ҳилманд) бо Афғонистон истифода хоҳад кард. Шояд ҳафтае набошад, ки дар мавриди масъалаи оби Ҳирманд (Ҳилманд-муаллиф) суҳбат накунем. Вале барои расидан ба тавофуқи ҷомеъ ба вақти бештар ниёз аст.”[31] М.Ҷ. Зариф ошкоро эълон намудааст, ки Эрон метавонад аз омили савдои марзӣ, муҳоҷирони афғон ва мавзӯи маводи мухаддир барои фишор ба Афғонистон ҷиҳати ҳалли масъалаи об истифода кунад.

Раиси ҷумҳурии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ дар конференсияи байналамилалии “Муқобила бо гарду ғубор” изҳор дошт: “Наметавонем дар баробари ончи муҳити зисти моро тахриб мекунад, бетафовут бошем, эҳдоси саддҳои мутааддид дар Афғонистон, бандҳои “Каҷакӣ”, “Камолхон”, “Салмо” ва дигар садҳо ва бандҳо дар шимол ва ҷануби Афғонистон дар Хуросон, Систон ва Балучистони мо таъсиргузор аст”.[32]

Алӣ Аҳмад Усмонӣ, вазири энергетика ва оби ҶИА (2015-2018) дар вокуниш ба суханони Ҳ. Рӯҳонӣ таъкид кард, ки Афғонистон ҳеҷ навъ музокира дар масъалаи об бо Эрон надорад ва нахоҳад дошт. Зеро Эрон бо садсозиҳои бенизом ва беш аз ҳадди мумкин ба экосистемаи минтақа осеб ворид намуда ва ин масъала омили биёбоншавии заминҳо дар вилоятҳои Систон ва Балучистони он кишвар мебошад.[33] Афғонистон даъво дорад, ки Эрон дар чор ҳавзаи муштараки обӣ (Ҳилманд, Ҳарирӯд, Патрагон ва Хоф) ҳудуди 400 садди миёна ва кӯчаки обӣ сохтааст, ки сабаби асосии камобӣ дар минтақаҳои дигар мебошанд. Афғонистон дар ин чор ҳавза танҳо чор лоиҳаи сохтмони сарбанди обиро дар ҳоли иҷро намудан мебошад.[34]

Баъзе аз мақомоти баландрутбаи эронӣ эҳтимоли ба низои мусаллаҳона анҷом шудани баҳси обии миёни Эрон ва Афғонистонро аз имкон дур намедонанд. Генерал-лейтенант Яҳё Сафавӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон бо истифода аз лаҳни таҳдид дар масъалаи баҳси об бо кишвари ҳамсоя гуфтааст: “Афғонистон дар оянда шояд сарманшаи муноқишоти обӣ бо Эрон бошад”.[35]

21 апрели соли 2015 сафари расмии М.А. Ғанӣ ба Эрон ва мулоқоти ӯ бо Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари рӯҳонии Эрон доир шуд, ки яке аз масъалаҳои асосии мулоқоти онҳо танзими ҳавзаҳои обии муштарак буд. С.А. Хоманаӣ дар мулоқот таъкид намуд, ки “масоили об байни Афғонистону Эрон бояд бо гуфтугӯ ҳал шавад ва боиси ташаннуҷи равобит нагардад”.[36]

Ҳ. Рӯҳонӣ дар суҳбати телефонӣ бо М.А. Ғанӣ 7 июни соли 2016 хостори оғози музокира бар сари назорати обҳои минтақавӣ миёни ду кишвар шуд. М.А. Ғанӣ пешшарти оғози музокираро ҳамкории Эрон дар таъмини амнияти минтақаҳои ғарбии Афғонистон, вилоятҳои ҳамсоя бо Эрон донист. Президенти ҶИА аз ҳамтои худ хост, ки ҶИЭ аз ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ғайриҳукуматии мусаллаҳ дар дохили хоки Афғонистон худдорӣ намояд.[37] М.А. Ғанӣ таъкид кардааст, ки Афғонистон танҳо дар чаҳорчӯби қарордоди ҳамкориҳо дар шаш замина бо Эрон омодаи ҳамкорӣ ва музокира мебошад, ки бознигарии санадҳои вобаста ба масъалаи танзими оби ҳавзаҳои муштарак шомили ин шаш банд намешавад. Ба ин тартиб, масъалаи об ҳамчун омили мушкилзо дар робитаҳои сиёсӣ ва дипломатии ҶИЭ ва ҶИА боқӣ мондааст.

Хулоса, таҳлилу баррасии вазъияти ҷорӣ ва асноди мавҷуда нишон медиҳад, ки масъалаи истифода аз ҳавзаи оби Ҳилманд ва иҷро нашудани бандҳои созишномаи соли 1973 дар мавриди “ҳақоба” аз як тараф ва аз ҷониби дигар тағйири иқлим, хушксолӣ ва вобаста ба он каму зиёд шудани оби ин ҳавза яке аз муҳимтарин омилҳои таъсиргузор дар равобити сиёсии ҶИЭ ва ҶИА мебошад. Дар ин муҷодила ва баҳсу талошҳо, ки аз даҳаи 80 асри XIX идома дорад, ҷониби Афғонистон бинобар кишвари болооб будан, назар ба ҳамсояи ғарбии худ Эрон аз афзалияти бештаре бархӯрдор аст.

Сохтани обанборҳои нав, тармиму бозсозии бандҳои обии мавҷуда, хусусан ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Салмо” бо сарбанди 107-метрӣ ба Афғонистон имкон медиҳад, ки оби ҳавзаи муштаракро танзим намуда, бештар назорат кунад ва ҳаҷми обро мутобиқи майлу хости худ ба Эрон интиқол бидиҳад.

Аз натиҷаи таҳқиқот ва баррасиҳо метавон ба ин хулоса расид, ки Афғонистон қарордоди нави танзими оби ҳавзаи муштаракро ба манфиати худ намедонад, аз ин хотир оғози музокира дар мавриди санади нав дар ин заминаро бо ҳар баҳонаву васила рад намуда, ба иҷрои қарордодҳои мавҷуд таъкид мекунад. Танзими оби ҳавзаҳои муштарак тавассути сохтани обанборҳо, аз ҷониби дигар ҳимояти ҳамаҷонибаи молӣ ва низомии кишварҳои ғарбӣ аз ҶИА, ҳузури воҳидҳои низомии НАТО дар Афғонистон ба ин кишвар имкон медиҳад, ки масъалаи имзои муоҳидаи нав бо Эронро ба таъхир биандозад.

Бояд таъкид намуд, ки миёни Афғонистон ва Эрон танҳо дар мавриди як ҳавзаи муштараки обӣ, яъне Ҳилманд қарордод вуҷуд дорад. Аммо дар маҷмӯъ шаш ҳавзаи муштараки хурду бузурги умумӣ миёни ду кишвар мавҷуд мебошад, ки қарордод оид ба истифодаи онҳо вуҷуд надорад. Ин шаш дарё ва рӯдхонае, ки аз Афғонистон сарчашма мегиранд ва ба қаламрави Эрон сарозер мешаванд, иборатанд аз: Ҳилманд (Ҳирманд), Арғандоб, Ҳарирӯд, Хошрӯд, Фарорӯд, Шиндан, (Исфазор).

Вобаста ба ин имкони амалии ҳалли масъала барои Эрон додани имтиёз ба ҳамсояи шарқии худ ба манзури гирифтани саҳми бештар дар назорат ва танзими оби ҳавзаҳои муштарак мебошад.

Метавон натиҷа гирифт, ки истифода аз фишор, таҳдиди низомӣ ва аҳромҳои дигари таъсиргузорӣ, мисли омили иқтисодӣ, маводи мухаддир ва муҳоҷирон дар шароите, ки ҶИА таҳти ҳимояти кишварҳои ғарбӣ ва ИМА қарор дорад, муносибатҳои ду кишварро бештар дучори ташаннуҷ намуда, ба ҳалли масъалаи танзими об кумаки амалӣ нахоҳад кард. Ҳалли масъалаи об миёни ду кишвар ба ёфтани роҳкорҳои муштарак зарурат дорад. Аз ҷумла, бояд қайд намуд, ки мавриди мутолиа қарор додани таҷрибаи кишварҳои Осиёси Миёна дар амри танзими масъалаи истифода аз захираҳои обӣ метавонад барои Афғонистон ва Эрон муфид ва корсоз бошад. Дар қадами нахуст, зарур аст, ки як созмони муштараки байнидавлатӣ барои наҷоти Ҳомун байни Афғонистон ва Эрон ташкил карда шавад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз хушкидани баҳри Арал дар ибтидои даҳаи 1990 Бунёди байнидавлатии наҷоти Аралро таъсис намуданд.

Ихтилоф бар сари масъалаи истифодаи захираҳои обӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки солҳо идома дошт, билохира бо эҷоди эътимод миёни тарафҳо ва музокираву тафоҳум ҳалли худро пайдо намуд. Таҷрибаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев нишон дод, ки дар сурати доштани ирода барои ҳамкорӣ, ду кишвар бидуни миёнаравии тарафи сеюм қодир ба ҳалли масъалаи танзими истифодаи манобеи обии минтақа ва дигар мушкилот мебошанд. Истифодаи ин таҷриба барои Афғонистон ва Эрон омӯзанда хоҳад буд. Аммо дар ҳар сурат, масъалаи истифода аз обҳои муштарак ҳамчун омили таъсиргузор дар муносибатҳои ояндаи ду кишвар боқӣ хоҳад монд.

 

Раҳматкарими Давлат,

номзади илмҳои таърих,

коршиноси муносибати Афғонистон ва Эрон

 



[1] Мужда В. Равобити сиёсии Эрон ва Афғонистондарқарнибистум. С. 300.

 

[2]Қонуни оби ҶумҳурииИсломииАфғонистон // Расмӣҷарида. – 1388 (2009). – 980. (202).

[3] Раҳманд А.ТаърихиравобитибайналмилалииАфғонистон. С.183.

[4]ҲусайнӣР. ТақсимиобиҲирмандваинъикосиондарравобитиЭронваАфғонистон. – 1371 (1992). – №1-2. С. 44.

[5] Орзу А. Буҳрони об ва диплумосии хомӯш (ҳидружиупулитик). С. 201-202.

[6]ҲусайнӣР. ТақсимиобиҲирмандваинъикосиондарравобитиЭронваАфғонистон. – 1371 (1992). – №1-2. С. 45.

[7]Ҳофизниё М. ҲидрополитикиҲирмандватаъсирионбаравобитисиёсииЭронваАфғонистон / [Манбаи электронӣ] /http://ormr.modares.ac.ir/article-21-4391-fa.pdf (дастрасӣ: 02.04.2019).

[8] Давлатов Р.М. Назаре ба равобити Эрон ва АфғонистондарзамониҳокимиятиМ. Довуд // АхбориИФСҲбаномиА.Баҳоваддинови АИ ҶТ. – 2018. –№2. С.123.

[9] Матни МуоҳидаитақсимиобиҲилмандбайнидавлатиАфғонистонваЭрон [Манбаи электронӣ] /http://www.payam-aftab.com/fa/doc/news/14352/ (дастрасӣ: 02.04.2019).

[10] Раҳманд А.А. Таърихи равобити байналмилалии Афғонистон. С.183.

[11] Ҳофизниё М.Р. Гидрополитикаи ҲилмандватаъсирионбаравобитиЭронваАфғонистон / [Манбаи электронӣ] /http://ormr.modares.ac.ir/article-21-4391-fa.pdf (дастрасӣ: 02.04.2019).

[12] Мужда В. Равобити сиёсии Эрон ва Афғонистондарқарнибистум. С. 300.

 

[13]Latter dated 12 December 2002 from the permanent Representative of the Islamic Republic of Iran on the United Nations, address to the secretary general , UN, security council, 13 December 2002 [Манбаи электронӣ] / https://www.un.org/Depts/los/general_assembly/other_general_assembly_documents.htm (дастрасӣ: 02.04.2019).

[14]АбдӣА.Ҷидоли хомӯшиоббайниЭронва Афғонистон. Шарқ. .– 1394. – 2 мурдод (2017. – 24 июл. № 2918. С.8.

[15] Аъзам Ф. Масъалаи об ва равобити Эрон ва Афғонистон [Манбаи электронӣ] / https://www.nunn.asia/128215/ (дастрасӣ:29.01.2019).

[16]Ҷанги хомӯшиоббайниЭронваАфғонистон [Манбаи электронӣ] /www.trt.net.tr/persian/mhyt-zyst/2017/07/09/jng-khmwsh-ab-byn-yrn-w-fgnstn-767356 (дастрасӣ: 29.01.2019).

[17]Ҳофизниё М. ҲидрополитикиҲирмандватаъсирионбаравобитисиёсииЭронваАфғонистон [Манбаи электронӣ] / http://ormr.modares.ac.ir/article-21-4391-fa.pdf (дастрасӣ: 02.04.2019).

[18]Окимбеков У.В. Экономика Афганистана. С. 399.

[19] Спанто Р.Д. Сиёсати Афғонистон: нигоҳеаздарун. С. 746.

[20]Ҷанги хомӯшиоббайниЭронваАфғонистон [Манбаи электронӣ] www.trt.net.tr/persian/mhyt-zyst/2017/07/09/jng-khmwsh-ab-byn-yrn-w-fgnstn-767356 / www.trt.net.tr/persian/mhyt-zyst/2017/07/09/jng-khmwsh-ab-byn-yrn-w-fgnstn-767356 (дастрасӣ: 29.01.2019).

[21] Моликӣ Ф.Ҳ.Ӯтанҳояксафирнабуд, 1700 рӯзитабдирдарарсаидиплумосӣ. С. 62.

[22] Спанто Р.Д. Сиёсати Афғонистон: нигоҳеаздарун. С.746.

[23] ТаҳдидираисиКомисиюни МаҷлисиЭрон // Иттилоотирӯз. – 1390. – 15 мизон. (2011. – 7 окт.)

[24] МоликӣФ.Ҳ. Ӯтанҳояксафир набуд. 1700 рӯзтадбирдарарсаидиплумосӣ. С. 229.

[25] Афганистанв свете регионального сотрудничествав области водных ресурсов/Межгосударственная координационная водохозяйственная комиссия Центральной Азии (МКВК) [Манбаи электронӣ] //http://www.cawater-info.net/library/rus/carewib/afghanistan _reg_sotr. pdf (дастрасӣ: 15.03.2019).

[26]Қонуни оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон//Расмӣҷарида. № 980. 2.02.1388 (20.04.2009)[Манбаи электронӣ] //http://afghanwaters.net/wp-content/uploads/2017/ 10 /2009-Water-Law-Dari.pdf (дастрасӣ: 19.04.2018).

[27] Окимбеков У.В. Экономика Афганистана. С.398.

[28] ШоҳпурС. ЭрониҳобододаниимтиёзмонеъикорипружаибандиСалмомешаванд [Манбаи электронӣ] // https://da.azadiradio.com/a/24761145.html (дастрасӣ: 02.02.2019).

[29]Шоҳпур С. Эрониҳо бо додани имтиёз монеъи кори пружаи банди Салмо мешаванд [Манбаи электронӣ] // https://da.azadiradio.com/a/24761145.html (дастрасӣ: 02.02.2019).

[30]ҶангихомӯшмиёниЭронваАфғонистон [Манбаи электронӣ] // www.trt.net.tr/persian/mhyt-zyst/2017/07/09/jng-khmwsh-ab-byn-yrn-w-fgnstn-767356 (дастрасӣ: 29.01.2019).

[31] Зариф Ҷ. Барои ҳаллиҳақобабоАфғонистоназаҳромҳоимухталифистифодамекунем [Манбаи электронӣ] / http://www.bbc.com/persian/iran-45322752// (дастрасӣ: 02.04.2019).

[32] НаҷибуллоМ. ИзҳоротиРӯҳонӣдармавридибандҳоиАфғонистонҷадидтариннамунаимудохилаиЭронмебошад [Манбаи электронӣ] // http://afghanistan.asia-news.com/prs/articles/cnmi_st/features /2017/07/21/feature-04 (дастрасӣ: 02.04.2019).

[33]ҲеҷгуфтугӯедармавридиоббоЭроннадорем [Манбаи электронӣ] // http://www.afghanpaper.com/nbody.php?id=135629 (дастрасӣ: 03.02.2019).

[34]Афғонистон: Эрон бо истифодаи беравия обҳои муштаракро хушконидааст [Манбаи электронӣ] // http://www.bbc.com/persian/afghanistan-40629533 (дастрасӣ: 03.02.2019).

[35] Сафавӣ Я.Р. Бояд бо Афғонистон ва Ироқ дар масъалаи об вориди гуфтугӯ шавем.Намехоҳем кор ба қудрати низомӣ бикашад [Манбаи электронӣ] / https://www.entekhab.ir/fa/news/395805/ (дастрасӣ: 02.02.2019).

[36] Нақши Ҳирманд дар равобити сиёсии Эрон ва Афғонистон [Манбаи электронӣ] //http://ensani.ir/fa/article /126351/ (дастрасӣ: 02.02.2019).

[37]Ғанӣ А. Дар бораи шаш мавзуъ бо Эрон гуфтугӯ мекунем [Манбаи электронӣ] //https://af.sputniknews.com/afghan/20160707754204/ (дастрасӣ: 03.02.2019).

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97