Русия дар 30 млн $ дар Тоҷикистон чанд мактаби русӣ месозад

Хабари хуб 22.12.2020 19:59

Михаил Мишустин, нахуствазири Русия дар бораи ихтисос додани 30 миллион доллар барои бунёд ва таъминоти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон қарор имзо кард.

 Қарори нахуствазири Русия ахиран дар сомонаи маълумоти ҳуқуқии Русия нашр шудааст.

 Бино ба иттилои хабаргузории "Спутник" Русия маблағҳои мазкурро ба Тоҷикистон тибқи шартномаи байналмилалӣ, ки миёни ду кишвар 17 апрели соли 2019 ба имзо расида буд, ҷудо намудааст.

Тибқи санади мазкур, Русия ба Бунёди авруосиёии субот ва рушд 30 миллион доллар ихтисос медиҳад. Ин маблағҳо ба сохтмону таъминоти молиявӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ, ки таҳсилот дар онҳо ба забони русӣ фаро гирифта шудааст, равона мегардад.

Пеш аз ҳама сармоягузории  мактабҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар назар гирифта шудаанд.

Аз ин маблағ қисми аввали он дар ҳаҷми 3 миллион доллар бояд то охири сол ихтисос ёбад. Қисми дувуми ин маблағ дар ҳаҷми 27 миллион доллар дар соли 2021 ҷудо карда мешавад.

Ин маблағҳо ба корҳои лоиҳавӣ ва пешпардохти корҳои сохтмонӣ равона хоҳанд шуд.

Нахуствазири Русия ба Вазорати умури хориҷаи Русия дастур дода, ки ҳукумати Тоҷикистонро дар ин бора огоҳ созад. 

Вазорати молияи ин кишвар бо Бунёди авруосиёии субот ва рушд тартиби гузаронидани маблағ, инчунин пардохти ин маблағ аз буҷаи давлати Русияро таъмин хоҳад кард.  

Зимнан, дар моҳи апрели соли 2019 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия созишномаи 5-сола дар бораи сохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳри мухталифи ҷумҳурӣ, ба имзо расида буд.

Қарор аст, дар ҳар як аз ин макотиб 1,2 ҳазор донишомуз ба таҳсил фаро гирифта шавад. Созишномаи мазкур моҳи феврали соли равон аз тарафи Думаи давлатӣ ва шӯрои Федератсияи Русия тасдиқ гардид.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97