Вазири умури хориҷа: соли 2018 аз лиҳози боздиди ҳайатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон дар таърихи кишвар бесобиқа буд

Хабари хуб 13.02.2019 10:05

Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуъотӣ гуфт, ки соли 2018 аз лиҳози боздиди ҳайатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон дар таърихи кишвар бесобиқа буд, зеро тақрибан 400 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ аз ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд.

Вай дар идома бо тасреҳи ин мавзуъ изҳор дошт: “дар ин давра сафарҳои расмӣ (1 — 2 феврал) ва кории (27 — 28 сентябр) Жээнбеков раиси ҷумҳури Қирғизистон, сафари давлатӣ (9 — 10 март) ва кории (27 — 28 сентябр) Мирзиёев раиси ҷумҳури  Узбекистон, сафари расмӣ (16 — 18 май) ва кории (27 — 28 сентябр) Лукашенко раиси ҷумҳури Беларус, сафари расмии Мамнун Ҳусейн раиси ҷумҳури исломии Покистон (19 июн), сафари кории Бердимуҳаммедов раиси ҷумҳури Туркманистон (20 июн), сафарҳои кории Путин раиси ҷумҳури Русия, Назарбоев раиси ҷумҳури Қазоқистон, Алиев раиси ҷумҳури Озарбойҷон, Додон раиси ҷумҳури Молдова, Пашинян сарвазири Арманистон (27-28 сентябр), сафари давлатии Рам Натҳ Ковинд раиси ҷумҳурии Ҳиндустон (7-9 октябр), сафари расмии Медведев раиси ҳукумати Русия (31 май), сафари расмии Ли Кетсян сарвазири Шӯрои давлатии ҷумҳурии халқии Чин (12-14 октябр), сафари расмии Абдулло Абдулло раиси иҷроияи ҷумҳурии исломии Афғонистон (21 июн), Сирил Мюллер ноиби раиси Бонки ҷаҳонӣ (15-16 ноябр) ва дигар ҳайатҳои баландмақом ба Тоҷикистон анҷом ёфтанд”.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин гузориш дод: “дар доираи ин сафарҳо як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ миёни ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои шарик, дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд.   Дар маҷмӯъ, дар соли 2018 заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон бо шарикони он бо имзои 127 санади дуҷониба дар бахшҳои гуногун таҳкими бештар ёфт, ки аз онҳо: 7 адад санадҳои сиёсӣ, 32 адад шартномаҳои байниҳукуматӣ, 36 адад шартномаҳои байналмилалии байниидоравӣ ва байнимуассисавӣ, 37 адад ёддоштҳо  ва протоколҳои байниидоравӣ ва 15 адад барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ буда, соҳаҳои гуногунро дарбар мегиранд”.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97