Ҳеч касе ҷуръати хариди наққошиҳои Гитлерро накард

Хабари хуб 11.02.2019 14:54

Панҷ тасвир, ки мумкин аз сохтаҳои Адолф Гитлер бошад, дар музоядаи “Weidler”-и шаҳри Нюрнберги Олмон ҳеч харидоре наёфтанд.

Рӯзномаи “Nuernberger Nachrichten” дар ин хусус навиштааст.

Бар асоси иттилоъоти ин рӯзнома, қимати ибтидойи ин наққошиҳо 45 ҳазор евро буд. Далелҳое, ки бар асоси он тасвирҳо фурӯхта нашуд, мушаххас нест, аммо ин рӯзнома менависад, ки мумкин аст қимати бисёр боло харидоронро тарсонда бошад.

Ин рӯзнома таъкид мекунад, ки дар ибтидои музояда қарор буд тақрибан 30 наққошии раҳбари фашистҳоро барои фурӯш бигзорад. Аммо рӯзи панҷшанбе шаҳрдори Нюрнберг аз хонаи музояда 63 наққошии Гитрелро дархост кард, дар иртибот бо ин ки воқеъӣ будани онҳо то ҷое шубҳанок аст. Ин рӯзнома менависад, ки шаҳрдорӣ қасд дорад таҳқиқотеро дар хусуси муттаҳамон ба сохтакории аснод анҷом диҳад.

Наққошиҳое, ки фурӯхта нашудаанд мумкин якбори дигар рӯзи шанбе ба фурӯш гузошта шаванд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97