Агентии мубориза бо коррупсия аз ҳама бештар ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи маъориф ва тандурустиро ошкор кард

Хабари хуб 12.02.2019 08:38

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуъотӣ гузориш дод, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои маъориф ва илм 96, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ 108 теъдодро ташкил додааст.

Ин теъдоди ҷиноятҳои коррупсионӣ дар муқоиса ба дигар вазорату идораҳо ба маротиб бештар аст.

Қобил ба зикр аст, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои маъориф ва илм 96, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ 108, нақлиёт 38, кишоварзӣ 21, энергетика ва захираҳои об 1, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 39, саноъат ва технологияҳои нав 7, молия 7, инчунин дар сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 88, Кумитаи ҳифзи муҳити зист 4, Кумитаи телевизион ва радио 3, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон 18, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 5, Кумитаи ҷавонон ва варзиш 2, Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдо 6, ҷамъиятҳои саҳомӣ 255, соҳибкорони инфиродӣ 435, соҳаи бонкӣ 305 ва дар дигар идораву корхонаҳо 225 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ: “аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар давраи сипаришуда 2047 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, ки 598 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Аз ҷумла, 553 ҷиноятҳои қаллобӣ, 20 ҷиноятҳои саркашӣ аз супоридану пардохти андозҳо, 119 ҷиноятҳо вобаста ба гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯи ошкор ва бақайд гирифта шудааст”.

Агенти дар идома афзуд, ки маблағи умумии зарар бо ҷиноятҳои ошкоргардида 442,0 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки тавассути чораҳои андешидашуда 225,4 млн. сомонии он барқарор карда шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97