Ҳаракати нақлиёт дар масири Хоруғ-Ишкошим аз сар гирифта шуд

Хабари хуб 11.02.2019 13:19

Хабаргузории ТоҷикТа бо истинод аз бахши нақлиёти ҳукумати вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мегӯяд: роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим пас таваққуфи зиёд дубора кушода шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ: “роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим бо сабаби бориши зиёди барф ва резиши тарма барои муддати зиёд баста шуда буд. Норасойи таҷҳизоти роҳтозакунӣ ва зуд-зуд фаромадани тарма, ки имкон намедод сари вақт ин роҳ тоза карда шавад, боъиси муддати зиёд қатъ гардидани ҳаракати мошинҳо дар ин  масир шуда буд”.

Дар ин роҳ кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Бадахшонроҳсоз” ба фаъолият машғул мебошанд.

Шуруъ аз бегоҳии 10 феврал ин роҳ ба таври комил аз барфу тарма тоза карда шуда, ҳаракати васоити нақлиёт дубора барқарор шуд, мегӯянд бахши нақлиёти ҳукумати Бадахшон.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97