Узбекистон тавлиди яхдонҳо дар Тоҷикистонро роҳандозӣ мекунад

Хабари хуб 13.02.2019 09:26

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ Тоҷикистон гуфт, ки ширкати узбакии Artel барои истеҳсоли яхдонҳо дар кишвар ифтитоҳ хоҳад шуд.

Молҳои тавлиди  Artel чанд сол мешавад, ки дар бозори Тоҷикистон низ ба фурӯш меравад. Ширкат байни сокинони кишвар харидорони зиёд пайдо кардааст.

Фаррух Ҳамрализода раиси Кумитаи сармоягузорӣ бо баёни ин ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон ба сатҳи нав баромадааст, афзуд: соли гузашта сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисодӣ Тоҷикистон 644,5 миллион доллар маблағгузорӣ кардаанд, ки аз он 5,4 миллион доллараш ба сармоягузорони Узбекистон рост меояд.

Сармояи Узбакистон ба рушди хоҷагии қишлоқ, паррандапарварӣ ва боғпараварӣ равона карда шудааст.

Вай дар идома тасреҳ кард, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи ифтитоҳи коргоҳи Artel барои истеҳсоли яхдон дар Душанбе баррасӣ мешавад.

Ҳамрализода ёдрас шуд, ки маҳсулоти ширкати мазкур чанд сол аст, ки дар бозори Тоҷикистон ба фурӯш меравад. Ширкат байни сокинони кишвар харидорони зиёд пайдо кардааст.

Ин дар ҳоле аст, пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон коргоҳи бофандагии нав ба кор медарояд. Барои коргоҳи мазкур масолеҳи хом аз Узбакистон ворид карда мешавад. Дар бозори "Хоҷӣ Шариф"-и Бохтар бошад, маркази соҳибкорони узбакистонӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97