Иқтисоди Олмон ба 260 ҳазор мутахассиси хориҷӣ ниёз дорад

Хабари хуб 13.02.2019 13:06

Натиҷаҳои як таҳқиқ дар Олмон нишон медиҳад, ки ин кишвар барои бартараф кардани ниёзҳои худ дар заминаҳои гуногуни иқтисодӣ дар 40 соли оянда ба нерӯи кори дастикам 260 ҳазор коршиноси хориҷӣ, аз ҷумла 146 ҳазор нафар аз кишварҳои ғайри аврупоӣ ниёзманд аст.

Натоиҷи ин таҳқиқ нишон медиҳад, ки то соли 2040, яъне то ҳудуди 40 соли дигар, иқтисоди Олмон барои бартараф кардани ниёзҳои худ дар заминаҳои гуногун ба нерӯи кори дастикам 260 ҳазор мутахассиси хориҷӣ ниёзманд аст.

Тибқи ин баррасӣ ҳудуди 146 ҳазор тан аз ин мутахассисон аз кишварҳои ғайри аврупоӣ хоҳанд буд.

Пажӯҳишгароне, ки ба ин таҳқиқ ҳамкорӣ кардаанд ба давлати Олмон тавсия мекунанд, ки ба хотири рушди бозори иқтисодӣ дар ин кишвар ҳар чи сареътар барои контроли беҳтари вуруди коршиносони хориҷӣ иқдомоти лозимро анҷом диҳанд.

Ин таҳқиқ тавассути муассисаи таҳқиқоти бозори кор ва пажӯҳиши ҳирфаӣи донишгоҳи Кобурги Олмон анҷом гирифтааст.

Муҳаққиқон ба ин натиҷа расиданд, ки танҳо бо вуруди 260 ҳазор нафар дар сол ба Олмон, иқтисоди ин кишвар қодир хоҳад буд камбуди нерӯи корро таҳаммул кунад.

Дар сенарияҳои мухталифи натиҷаҳои ин пажӯҳиш, илова бар мизони афзоиши омори таваллуд дар солҳои оянда, ширкати бештари занони Олмон дар бозори кор ва афзоиши синни бознишастагӣ то 70 сол дар ин кишвар дар назар гирифта шудааст.

Интизор меравад, ки кишварҳои аврупоӣи дигар битавонанд танҳо ҳудуди 114 ҳазор нерӯи мутахассиси бозори Олмон дар солҳои ояндаро таъмин кунанд. Дар натиҷа Иттиҳодияи Аврупо танҳо манбаъ таъмини нерӯи мавриди ниёзи бозори Олмон нахоҳад буд.

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97