ЮНИСЕФ: 250 ҳазор кӯдаки сарбоз дар ҷаҳон мавриди суъистифода қарор мегиранд

Хабари хуб 13.02.2019 10:52

Созмони ЮНИСЕФ дар гузориши ҷадиди худ таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба сарнавишти 250 ҳазор духтар ва писари хурдсоле ҷалб карда, ки барои пешбурди мақсадҳои низомӣ ва дар ҳимоят аз ҷангҳо ба унвони кӯдаки сарбоз, хидматкор ё бардаи ҷинсӣ мавриди суъистифода қарор мегиранд.

Ба гузориши Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони (ЮНИСЕФ) Созмони Миллал агарчи ба коргирии кӯдакон барои расидан ба мақсадҳои низомӣ мамнуъ аст, аммо ҳанӯз даҳҳо ҳазор духтар ва писари хурдсол дар саросари ҷаҳон ба унвони кӯдаки сарбоз мавриди суъистифода қарор мегиранд. ЮНИСЕФ хостори поён додан ба ин раванд шудааст.

Ба гуфтаи ин Сандуқ, омори дақиқе аз теъдоди ин кӯдакони сарбоз дар даст нест, аммо тахмин зада мешавад, ки теъдоди сарбозони хурдсол дар ҷаҳон ба 250 ҳазор нафар мерасад.

Ба муносибати 12 феврал рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ба коргирии кӯдакони сарбоз, созмони ЮНИСЕФ дар фарохонӣ ба ҳама давлатҳои ҷаҳон хостааст, ки барои поён додан ба ин “нақзи ҷиддии ҳуқуқи кӯдак” талош кунанд.

Ба коргирии кӯдакон дар 50 артиш ва гурӯҳи низомӣ

Дар гузориши ЮНИСЕФ омадааст, ки ҳудуди 20 кишвар ё минтақаи даргир дар ҷаҳон “шадидтарин нақзи ҳуқуқи кӯдакон” ба маънии суъистифода аз нерӯи кӯдакон ба унвони сарбоз, дар куштор, зургӯй, ҳамла ба мактабҳо ва бемористонҳо ба кор гирифта мешавад.

Бар асоси феҳристе, ки Созмони Миллал мунташир кардааст кори кӯдакон дар пешбурди мақсадҳои низомӣ дар 50 артиш ва гурӯҳи мусаллаҳи низомӣ сабт шудааст.

ЮНИСЕФ ба вижа аз суъистифода аз бисёре аз духтарон ва писарони хурдсол тавассути тарафҳори даргир дар ҷануби Судон, дар ҷумҳурии Африқои Марказӣ, дар Конго, Сомалӣ, Сурия ва Яман гузориш додааст.

Дар Афғонистон, Малӣ ва Мя́нма низ аз кӯдакон ба унвони сарбоз ё дар ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳ дар бахшҳои хадамотӣ суъистифода мешавад.

Дар гузориши ЮНИСЕФ омадааст, ки ин духтарон ва писарони хурдсол набояд дар ҷанг ширкат кунанд, дар бархе манотиқи даргир аз ин кӯдакон ба унвони қосид, ҷосус ва хидматгори ошпазхона истифода мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97