Душанбе ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро маҳкум кард

Хабари хуб 14.01.2012 09:55

Davlat_Nazriev_sukhangui_VazortВазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамла ба хабарнигори тоҷик Додоҷони Атовулло дар Маскавро маҳкум кард ва умедвори ҳарчӣ зудтар ошкор шудани омилони ин сӯъиқасд шуд. Сухангӯи ин вазорат Давлат Назриев ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, дар Душанбе шеваҳои муҷозоти худсаронаро қатъиян қабул надоранд.

Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҷунбиши «Ватандор» шаби панҷшанбе ду зарби корд хӯрд ва ӯро дар Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и Маскав ҷарроҳӣ карданд.  Бо ин ҳол, пулиси Маскав мегӯяд, нафареро, ки бо гумони даст доштан дар ин сӯъиқасд боздошт шуда буд, баъди собит шудани бегуноҳиаш раҳо кардааст. Қаблан аз боздошти  Бахтиёр Раҳимбердиев, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон гузориш шуда буд. «Хабарнигорони бидуни марз» ва 4 созмони журналистии Тоҷикистон – Иттиҳодияи журналистон, НАНСМИТ, Медиа-Алянс ва АФРӮЗ ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро шадидан маҳкум  ва ба таҳқиқи мӯшикофонаи қазия даъват карданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97