80 гектар замини Ёвон барои соҳибкорони Чин

Хабари хуб 20.01.2012 16:54

Zamini_ijoraРаҷабалӣ Тағоев,  раиси ноҳияи Ёвон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз ноҳияи мо барои соҳибкорони чинӣ 80 гектар замин дода мешавад.

 Мақсад аз тасмими ҳукумат ин ҷалби самоягузорони чинӣ, ки дорои технологияи замонавӣ ва таҷрибаи хуб дар соҳаи кишоварзиро дороанд, мебошад. Ҳамчунин ин ҳамкорӣ ба хоҷагидорони ноҳия низ аз аҳамият холӣ нест, зеро онҳо имкон пайдо мекунанд, ки аз таҷрибаи пахтакорони чинӣ огоҳ шаванд. Чиниҳо дар ин заминҳо пахта кишт мекунанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Тағоев, ки ноҳия  беш аз 21 777 гектар заминҳои обии корам дорад, омӯзиши таҷрибаи пахтакории дигар кишварҳои пешрафта, мисли Чин аз манфиат холӣ нест.
Ҳамчунин раиси ноҳия, ҷаноби Раҷабалӣ Тағоев  афзуд, ки мо дар соли аввал мебинем, ки ин ҳамкорӣ барои хоҷагии қишлоқи ноҳия чӣ фоида меорад. Пас, хулосаи худро мебарорем, ки бастани ягон шартнома аз ин сӯ пас зарурат дорад ё не. Мо ҳамчунин омодаем, ки 70 гектари дигари заминро барои кишти пахта ба чиниҳо пешкаш намоем.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97