Ниругоҳи “Сангтӯда-1”, ки бештари саҳмияҳояш ба давлати Русия мутааллиқ аст, ширкати “Барқи тоҷик”-ро ба додгоҳ кашидааст.
Амирхоҷа Ғоибназаров, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, рӯзи 17 январ ин хабарро дар як нишасти матбуотӣ эълом кард.
Ба иттилои ӯ, “Сангтӯда-1” аз “Барқи тоҷик” хостааст, панҷ миллион сомонии ин ниругоҳро баргардонад.
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта эълом шуда буд, ки “Барқи тоҷик” аз ниругоҳи “Сангтӯда-1” ҳудуди 200 миллион сомонӣ ё беш аз 41 миллион доллар қарздор аст.
Ба гуфтаи Ғоибназаров, “Сангтӯда-1” шикояти худро ба додгоҳ як рӯзи қабл аз рӯзи эълони ин хабар супурдааст, вале раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз эъломи ҷузъиёти дигари ин шикоят худдорӣ кард.
Масъулини ниругоҳи “Сангтӯда-1” низ барои шарҳи ин мавзӯъ ҳозир нашуданд, ҳарчанд ироаи чунин шикоятеро таъйид кардаанд.
Аз сӯйи дигар, арзиши нирӯи барқ барои сокинони Тоҷикистон 9 дирам ё ҳудуди 2 сенти амрикоӣ барои ҳар як киловат/соат аст. Гузашта аз ин, корхонаҳо ва ширкатҳо, ба ҷуз аз корхонаи алюминии Тоҷикистон, “Талко”, барои ҳар як киловат/соат барқ 26 дирам пардохт мекунанд.
Гузориш мешавад, ки дар соли гузашта дар Тоҷикистон аз 70 то 90 дарсади қимати барқи тавлидшуда ҷамъоварӣ шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Би-би-сӣ ба ин далел, бархе аз коршиносон ба шаффоф набудани наҳваи мудирият ва вуҷуди фасод дар фаъолияти ширкати “Барқи тоҷик” ишора карда ва иддао доранд, ки ҳатто бо дарназардошти “зоеъ шудани миқдоре аз нируи барқ ба далоили фаннӣ”, ин ширкат набояд қарздор бошад.
Бахусус, ширкати “Талко”, ки ҳудуди 30 дарсади нируи барқи тавлидотӣ дар кишварро масраф мекунад, рӯзи 16 январ хабар додааст, ки аз ширкати “Барқи тоҷик” дигар қарздор нест.
Зимнан, нирӯгоҳи “Сангтӯда-1” соли 2009 бо сармояи ҳудуди 500-миллиондолларии давлати Русия сохта шуд ва мавриди истифода қарор гирифт. 75 дарсади саҳоми ин нерӯгоҳ ба давлати Русия ва 25 дарсади он ба давлати Тоҷикистон тааллуқ дорад. Мудирияти ин ниругоҳро ширкати «ИНТЕР РАО ЕЭС» - и Русия ба уҳда дорад. Ин ниругоҳ солиёна то 15 дарсад аз нируи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад.