Муаррифии стратегияи сармоягузорӣ

Хабари хуб 20.01.2012 17:00

ZavqibekovvvvКотиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ  стратегияи фаъолияти худро муаррифӣ кард. Ин муаррифӣ рӯзи ҷумъаи 20 январ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Раҳбари котиботи Шӯрои мазкур Завқиҷон Завқиев гуфт, стратегия аз самтҳои афзалиятнок иборат аст, ки ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ равона шудааст.

Вай ба таври мушаххас содда намудани низоми андозсупорӣ, аз байн бурдани санҷишҳои бе асос, пурзур намудани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, таҳияи нишондиҳандаҳои асосии беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузориро аз самтҳои афзалиятнокӣ ин стратегия ном бурд.
Аммо дар ҳамин ҳол Завқиҷон Завқиев гуфт, ин Шуро ва дар маҷмӯъ фазои сармоягузорӣ дучори мушкилоти фаровон аст. Бо амалӣ кардани ин стратегия метавон бархе аз мушкилоти ин самтро ҳал кард, афзуд Завқиев.
Зимнан, Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар моҳи декабри соли 2007 таъсис шудааст, ки ҳадафи аслӣ аз таъсиси ин шӯро тақвияти раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ унвон мешавад.
Ин дар ҳолест, бисёре аз соҳибкорон аз раванди кунди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ шикоят мекунанд.  

Миллат

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97