Бо сарварии раиси палатаи поёнии МО парлумони кишвар, Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор баргузор шуд.
Дар нишасти мазкур якчанд лоиҳаҳои қонун ва созишномаву конвенсияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН ба нашрияи "Миллат" гуфт, дар Шӯро Созишнома дар бораи мубодилаи иттилоот дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ пешниҳод гардид.
Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳамчунин лоиҳаи Қарорҳои парлумон "Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев ва аз ҳайати Кумитаи ҳамин ниҳод оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани ӯ" муҳокима шуд.
Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон инчунин лоиҳаҳои қонунҳо "Дар бораи амнияти нақлиётӣ", "Дар бораи ташкилоти маблағгузории хурд", "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ", "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонун "Дар бораи яроқ", "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонӣ" баррасӣ шуд.