Боздошти ду узви «Ҳизб-ут-таҳрир» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Хабари хуб 20.01.2012 12:41

versh007Ду нафар сокинони ноҳияи А. Ҷомӣ бо ҷурми фаъолият ва таблиғи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар ҳудуди ноҳия боздошт шудаанд. Дар асоси маълумоти ин ду нафар инчунин аз ноҳияи Фирдавсӣ 5 нафари дигар боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи муовини сардори ШКД - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайфов Самад ду гумонбар ба «Ҳизб –ут - таҳрир», Саидов Холмаҳмад Нурмаҳмадович соли таваллудаш 25.02.1983 ва Ашӯров Қурбоналӣ соли таваллудаш 1981 3-юми январи соли ҷорӣ боздошт шуданд.
Зимни боздошт якчанд китобҳои аз қабили «Низоми Ислом», «Назарияи ислом», «Корҳои даъватбарӣ», «Низоми иқтисодии дар ислом», «Субҳи Хилофат» дарёфт карда шудааст.
Бинобар маълумоти ҳамин манбаъ, Саидов Холмаҳмад Нурмаҳмадович сокини ҷамоати деҳоти Иттифоқ деҳаи Бӯстон Сулаймон қаблан дар қушунҳои сарҳадии «Ҳамадонӣ» хидмат намуда, айни хидмати давлатӣ тибқи Кодекси ҷиноятии Ф. Руссия равонаи зиндон шуда буд. Баъдан ин парвандаро кормандони РКД вилояти Хатлон пеш бурда, 5 нафар аз дигар аъзоёни «Ҳизб – ут - таҳрир» -ро дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт боздошт намудаанд.
Гуфта мешавад, ки зимни пурсиш ин ду нафар иқрор шудаанд, ки узви ин ҳизб буда, фаъолияти онро дар кишвар таблиғ мекунанд.

Ҷамолиддини УСМОНИЁН

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97