Низоми андозбандӣ дигар мешавад

Хабари хуб 19.02.2010 22:20

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар низоми андозбандӣ таҷдиди назар кунад. Ба ин манзур корҳое дар сатҳи ҳукумат дар ҳоли анҷом шудан аст.

Сарвар Холиқов, масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, рӯзи 16 январ иброз доштааст, ки низоми молиёт бо шароити иқтисодиву иҷтимоӣ мутобиқ нест. Вай афзудааст, ки ин вазъ яке аз сабабҳои асосии нақзи муқаррарот аз тарафи соҳибкорон, аз қабили пинҳон доштани даромад ва ё ворид намудани молҳои пастсифат, шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, қарор аст то охири соли 2010 механизми нави андозситонӣ дар Тоҷикистон ба роҳ андохта шавад, то системи молиёт бо шароити имрӯзаи кишвар созгор шавад. Вай гуфтааст агар дар ин самт ҳукумат таваҷҷуҳе аз худ зоҳир накунад, пас қонуншиканиҳо ва иқтисоди ғайрирасмиву фасод коҳиш нахоҳад ёфт.

Аксари соҳибкорону тоҷирон бар онанд, ки ба сабаби мушкил будани низоми андозбандӣ онҳо наметавонанд кору фаъолияти худро дар Тоҷикистон бо суръат пеш баранд. Ба гуфтаи онҳо, соҳибкор ё тоҷир барои супурдани андози худ вақти зиёдеро дар кумитаи андоз сарф мекунад.

Сарвар Холиқов мегӯяд аксари ашхосе, ки аз низоми андозбандӣ шикоят мекунанд, деҳқонон ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, деҳқонон бояд дар замин кор кунанд, на ин ки аз пушти пур кардани иҷозатномаҳо гарданд.

Деҳқонон мегӯянд, ки онҳо розӣ ҳастанд андоз бисупоранд, аммо теъдоди андозҳо бояд кам карда шавад ва мӯҳлати супурдани он низ бояд дар як сол як маротиба бошад. Дар ҳоли ҳозир хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳар се моҳ ба кумитаи андоз маблағҳои худро пардохт мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, баъд аз дидори раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ, Кумитаи сармоягузорӣ лоиҳаҳо ва нақшаҳо барои сода кардани низоми андозбандиро ба ҳукумат пешниҳод карда аст.

Ҳамчунин, дар рӯзҳои наздик як гурӯҳи махсус ташкил хоҳад шуд, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони анҷуманҳои тиҷоратӣ шомил хоҳанд шуд. Ин гурӯҳ низоми андозбандии Тоҷикистонро таҳқиқ ва таҳлил хоҳад кард ва ба ҳукумат пешниҳодҳои худро оид ба сабук кардани низоми молиёт ва коҳиш додани якчанд навъи молиёти нолозим пешниҳод хоҳад кард.

Коршиносон мегӯянд агар ҳукумати Тоҷикистон низоми андозбандиро сабуктар накунад, рушди тиҷорат ё соҳибкории хурду миёнаро наметавон интизор дошт.

Онҳо ҳамчунин муътақиданд, ки Тоҷикистон агар 21 навъи андози худро кам накунад, ин раванд метавонад ба рушди сармоягузории хориҷӣ низ осеб расонад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97