12 узви ҳизби Таҳрир зиндонӣ шуданд

Хабари хуб 19.02.2010 22:19

Додгоҳи шаҳри Душанбе 12 узви ҳизби Таҳрирро аз 8 то ба 14 сол равонаи зиндон кард. Дар миёни ин афрод як хонандаи мактаби миёна низ барои се соли зиндон муҷозот шудааст. Ҳамчунин, ду шаҳрванди Узбакистон низ узви ҳизби Таҳрир будаанд, барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.

Манобеъи Додгоҳи шаҳри Душанбе хабар доданд, ки муҳокимаи парвандаи 12 нафарро ба иттиҳоми узвият дар ҳизби Таҳрир анҷом дода ва ҳукми онҳоро содир кардааст.

Таъкид мешавад, ки ин афрод дар тирамоҳи соли гузашта дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он боздошт шуда ва шаш тан аз онҳо барои бори дувум ба иттиҳоми узвият дар ҳизби Таҳрир муҳокима шудаанд.

Додгоҳ ин афродро дар таъсиси гурӯҳи ғайриқонунӣ, даъват ба тағйири сохти давлатдорӣ ва барангехтани низоъҳои мазҳабиву қавмӣ гунаҳкор шинохтааст.

Гуфта мешавад Азамат Ваҳҳобов, раҳбари ин гурӯҳи ҳизби Таҳрир, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст, ки додгоҳ ӯро барои 14 сол равонаи зиндон кардааст.

Дар гузашта Азамат Ваҳҳобов бо уноҳе монанд ба ин панҷ сол зиндонӣ шуда буд.

Дар миёни ин гурӯҳ Солеҳҷон Ҳамзаев, ҷавонтарин узви ҳизби Таҳрир низ будааст, ки ҳоло бояд дар синфи 11-и мактаби миёна таҳсил кунад. Додгоҳ бо дарназардошти синни ин ҷавон, ӯро танҳо барои се сол ба зиндон маҳкум кардааст.

Аъзои дигари ин гурӯҳ аз ҳашт то ба 13-солӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, ки дар миёни онҳо ду шаҳрванди Убакистон низ ҳастанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97