Нигаронии расмии Узбакистон аз сохтани Роғун

Хабари хуб 04.02.2010 16:39

Мақомоти давлати Тоҷикистон мегӯянд, номаи Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистонро дар робита ба тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун гирифтаанд ва дар ҳоли таҳияи посух ба ӯ мебошанд.

Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон дар номае ба Оқил Оқилов, ҳамтои тоҷикаш, зимни баёни нигаронии кишвараш аз сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" гуфтааст, дар сурати сарфи назар шудани ин мавқеъ, Узбакистон маҷбур аст, то барои рафъи пайомадҳои эҳтимолии, ба қавли ӯ, "фоҷеабори иҷрои ин тарҳ" ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.

Ин бор низ Тошканд аз пайомади иҷрои ин тарҳ изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, сохтмони "Роғун" хатаротеро барои вазъи зистмуҳитӣ, тавозуни об ва фоҷеаҳои техногенӣ ба думбол дорад. Узбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати сарфи назар шудани хостааш аз сӯйи Тоҷикистон, ба худ ин ҳақро медиҳад, ки ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.

Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни таъйиди хабари дарёфти номаи нахуствазири Узбакистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, паёми Шавкат Мирзиёев мавриди омӯзиши нахуствазири Тоҷикистон қарор дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97