Таниш миёни Додситонӣ ва Агентии мубориза бо фасод

Хабари хуб 15.01.2010 14:59

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки маъмурони Агентии мубориза бо фасод додситонҳоро ба даст задан дар ҷиноятҳо таҳрик мекунанд. Ба гуфтаи Бобоҷон Бобохонов, дар соли гузашта алайҳи чаҳор додситон дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ду мавриди он бо "таҳрики" маъмурони ин агентӣ сурат гирифтааст.

Дар нишасти матбуотии Додситонии кулл, ки рӯзи сешанбеи 12 январ баргузор шуд, ҷаноби Бобохонов хабар дод, ки мизони даст доштан дар ҷиноятҳо дар миёни маъмурони ниҳодҳои дигари интизомӣ дар Тоҷикистон низ дар ҳоли афзоиш аст. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, дар соли 2009 алайҳи 174 корманди ниҳодҳои интизомӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, 110 нафар аз онҳо маъмурони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мебошанд. Дар соли гузашта 27 афсари Вазорати дифоъ, панҷ корманди амниятӣ, се масъули агентии мубориза бо фасод, чаҳор корманди Кумитаи андоз, даҳ судя, даҳ маъмури гумрук ва ду корманди Вазорати адлия ба даст доштан дар ҷиноят муттаҳам шудаанд. Бобоҷон Бобохонов ҳамчунин гуфт, ки дар соли гузашта чаҳор корманди додситонӣ низ ба даст доштан дар ҷиноят боздошт шудаанд. Вале, ба гуфтаи вай, дар ду маврид ин кормандон аз сӯйи маъмурони Агентии мубориза бо фасод "ба даст доштан дар ҷиноят таҳрик шудаанд". Додситони кулл дар ин замина ба мавориди боздошти маъмурони додситонӣ дар ноҳияҳои Ҷиликӯл ва Восеъ дар вилояти Хатлон ишора карда ва гуфтааст: "Кормандони Агентии мубориза бо фасод қотилонро барои додани ришва ба додситонҳо водор карда, сипас додситонҳоро боздошт карданд."

Ба назари ҷаноби Бобохонов, чунин наҳваи мубориза бо фасод, муассир нест, зеро "агар кормандони ин агентӣ ҷинояткореро ошкор кардаанд, бояд онро боздошт ва ба милиса таҳвил диҳанд, на ин ки аз онҳо барои боздошти додситонҳо истифода кунанд." Ихтилофоти лафзӣ миёни Додситонии кулл ва Шерхон Салимзода, раиси пешини Агентии мубориза бо фасод дар соли гузашта буруз карда буд ва чунин ба назар мерасад, ки ин ихтилоф бо барканории ҷаноби Салимзода аз ин симат низ рафъ нашудааст.

Бобоҷон Бобохонов хабар додааст, ки Додситонии кулл таҳқиқи парвандаи Ҳокимшо Тиллоев, раиси пешини ширкати "Тоҷик Эйр"-ро анҷом дода ва азбаски иттиҳомоти ворида алайҳи вай ба фасод марбут аст, парвандаи ӯро барои идомаи таҳқиқ ба Агентии мубориза бо фасод таҳвил додааст.

Ба гуфтаи вай, собит шудааст, ки Ҳокимшо Тиллоев бо истифода аз маболиғи ширкат дар дараи Варзоб кӯле сунъӣ сохтааст, ки дар он "ҳатто қаиқҳо шино мекунанд." Вале ба гуфтаи Додситони кулл, сарнавишти ин парванда то ҳол рӯшан нест.

Додситони кулл афзудааст, ки дар бораи ин мушкил раиси ҷумҳури Тоҷикистон огоҳ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Додситони кулл хабар додааст, ки дар соли гузашта дар Тоҷикистон мизони даст доштан дар ҷиноят дар маҷмӯъ 6,4 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба эътиқоди ҷаноби Бобохонов, афзоиши мавориди қатл (11 дарсад) ва ҷиноят бо истифода аз силоҳ (12,5 дарсад) нигаронкунанда мебошад. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, дар соли гузашта мавориди ҷинояти даст доштан ба қочоқи маводди мухаддир (15,5 дарсад), роҳзанӣ (14,3 дарсад) ва ҷиноят аз сӯйи гурӯҳҳои ҷиноятпеша (9,5 дарсад) афзоиш ёфтааст.

Ба эътиқоди Бобоҷон Бобохонов, раванди афзоиши мизони ҷиноят дар чанд соли ахир мушоҳида мешавад. Вай афзудааст: "Соле чанд дарсад зиёд мешавад, баъд як сол камтар мешавад, вале дар маҷмӯъ ин амр ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст".

Додситони кулл дар ин нишасти матбуъотӣ ҳамчунин хабар додааст, ки назорат бар иҷрои фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун" ба дӯши вай вогузор шудааст. Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки касе ҳақ надорад нафари дигареро ба харидории ин саҳмияҳо ба сурати иҷборӣ водор созад. Вай афзудааст: "То ҳол ба мо ҳеҷ шикояти расмие дар ин замина ворид нашудааст. Вале агар чунин иттилоъе пайдо шуд, ҳатман ба он расидагӣ хоҳем кард".

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97