Анҷумани ҲСДТ: Раҳматилло Зойиров №1

Хабари хуб 24.12.2009 18:42

Рӯзи якшанбеи 20 декабр Анҷумани XI-уми Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) баргузор гардид. ҲСДТ дар ин Анҷуман феҳрасти номзадҳояшро ба ҳавзаи ягонаи интихоботӣ муаррифӣ кард.

Агарчӣ қаблан масъулони ин ҳизб идаъо доштанд, ки гаравпулӣ гарон аст, аммо рӯйхати номзадҳои ин ҳизб иборат аз 22 нафар тасдиқ ва ба КМИР ирсол шуд.

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ, гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки шояд бархе аз ин номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ низ номзад шаванд, имкон дорад, шумори номзадҳо дар феҳрасти ҳизбӣ коҳиш пайдо кунад.

Дар аввали ин рӯйхат номи Раҳматилло Зойиров, раҳбари сотсиал - демократҳо, ва баъдан муовинони ин ҳизб қарор доранд. Ба ин тартиб, Амният Абдулназаров, Дилбар Самадова, Шокирҷон Ҳакимов, Алим Шерзамонов (дар ҳамин анҷуман муовини раиси ҳизб интихоб шуд) ва Диловаршоҳ Ҷӯраев дар аввали рӯйхати ҳизби сотсиал-демократӣ ҷой гирифтаанд. Ин рӯйхатро номи Файз Нормуродов, олими шинохтаи физикаи ҳастаӣ ба поин мебарад.

Инчунин чанд ғайриҳизбӣ низ дар феҳрасти номзадҳои сотсиал-демократ ҷой гирифтаанд. Аз ҷумла, Ватан Абдураҳмонов, қозии собиқи додгоҳи Тоҷикистон ва Маҳмудҷон Қосимов, раиси собиқи кумитаи гумруки кишвар. Ватан Абдураҳмонов, ки дар ин анҷуман ширкат дошт, ризояти худро изҳор кард, аммо Маҳмудҷон Қосимов дар анҷумани ин ҳизб ширкат надоштааст.

Гуфта мешавад, намояндагони ҲСДТ аз ҳавзаҳои як мандатии Бадахшон ва вилояти Суғд низ номзад хоҳанд шуд. Раҳматилло Зойиров, раиси ин ҳизб, гуфтааст, худи ӯ аз ҳавзаи якмандатии Душанбе низ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон хоҳад шуд. Ӯ бовар дорад, ки агар ҳадди ақали тақаллуб сурат бигирад, ҳизбаш хоҳад тавонист, то се намояндаи худро вориди маҷлис кунад.

Раҳматилло Зойиров дар мавриди барномаи пешазинтихоботии ҳизбаш гуфт, интихоботи пеши рӯ як майдони муаррифии ақидаҳои сотсиал-демокаратӣ ва мизони омодагии мардум барои пазируфтани ин андешаҳо мебошад. ҲСДТ дар барномаи худ рушди қишри миёнаро ба унвони сутуни устувори рушди иҷтимоӣ арзёбӣ мекунад.

Феҳрасти ҲСДТ ба ин тартиб аст:

1. Раҳматилло Зойиров

2. Амният Абдулназаров

3. Дилбар Самадова

4. Шокирҷон Ҳакимов

5. Файзинисо Воҳидова

6. Диловаршо Ҷӯраев

7. Мавзуна Каримова

8. Алим Шерзамонов

9. Мамадҷон Абдуллоев

10. Дилбар Расулова

11. Ватан Абдураҳмонов

12. Любов Ҳакимова

13. Муҳаммадраҳим Абдуманофов

14. Моҳлиқо Шарифова

15. Хушомад Алидодов

16. Ҳайдар Алиев

17. Маҳмудҷон Қосимов

18. Шӯҳрат Қудратов

19. Марат Мамадшоев

20. Мустафо Муаззамов

21. Бахтиёр Насруллоев

22. Фирӯз Муҳиддинов

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97