Р. Зойиров худмухтории Бадахшонро мехоҳад

Хабари хуб 26.11.2009 14:55

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хоҳони баробарии шумори раъйдиҳандагон дар ҳавзаҳои интихоботии инфироди ё якмандатӣ шудааст. Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ бояд ҳавзаҳои интихоботии инфиродиро тибқи моддаи Қонуни асосии Тоҷикистон таъсис диҳад.

Масъулони ин ҳизб дар як номаи дархостӣ унвонии мақомоти зидахли Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии кишвар бархе аз пешниҳодоти ба гуфтаи онҳо мушаххасро барои баргузории интихоботи порлумонӣ дар фазои демократӣ ва озод ироа кардаанд.

Раҳматилло Зойиров рӯзи 24-уми ноябр дар як нишасти хабарии ҳизбаш гуфтааст, Қонуни асосии Тоҷикистон баробарии шумораи райъдиҳандагон дар ҳавзаҳои интихоботи инфиродиро таъйин кардааст.

Дар сурати зарурат дар ин қонун, танҳо 15 дар сади тафовут дар шумори райъидҳандагони ҳавзаҳо дар назар гирифта шудааст.

Аммо ба ақидаи Зойиров теъдоди раъйдиҳандагон дар бархе аз ҳавзаҳои интихоботи инфиродӣ ба маротиб бештар аз ҳавзаҳои дигар аст ва вай муътақид аст, ки дар бархе навоҳӣ ин тафовут то панҷоҳ дар садро нишон медиҳад.

Барои мисол раиси ҳизби сотсиал-демократ аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ёдовар шуда гуфтааст: "Дар ноҳияи Исфара беш аз 100 ҳазор сокин ба сар мебаранд, ки раъйи онҳо фақат дар як ҳавзаи интихоботии инфиродӣ дарёфт мешавад, ки хилофи қонуни мавҷуд дар кишвар аст. Тибқи қонун дар ин ноҳия бояд ду ҳавзаи интихоботӣ таъсис ёбад."

Р. Зойиров ҳамчунин аз чанд ноҳияи дигари Тоҷикистон ном бурдааст, ки низ шумори нуфус дар онҳо бештар аз муқаррароти муайяншуда дар қонун будааст. Ба гуфтаи ӯ дар бархе ҳавзаҳои интихоботие, ки раъйдиҳандагон аз чанд навоҳӣ ва шаҳрҳо якҷо шудаанд, натиҷаи интихобот бар зарари ақалиятҳо тамом мешавад. Раиси ҲСДТ аз сокинони шаҳри Норак ёдовар шудааст, ки ба ҳавзаи интихоботии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон шомил шудаанд. Аз ин рӯ ба гуфтаи вай аксари намояндагони порлумон аз ҷумлаи номзадҳои як шаҳр ва ё ноҳияе интихоб мешаванд, ки раъйдиҳандагони бештаре доранд. Вай гуфтааст, ширкати ҳадди ақал як намоянда аз ҳамаи шаҳрҳо ва навоҳӣ дар порлумон ва дифоъ аз мавқеъи иҷтимоъӣ ва иқтисодии сокинони он метавонист барои ҳалли масоили зиёде кӯмак кунад

Раҳматилло Зойров зимни интиқод аз бефаъолиятии мақомоти ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар гуфтааст, ки мақомоти вилояти Бадахшон ҷавобгӯйи худмухтор будани ин вилоят набуда ва дар ҳалли масоили иҷтимоъӣ ва иқтисодии ин вилоят истиқлол надоранд. Ба эътиқоди ӯ мақомоти маҳаллии тамоми манотиқи дигари Тоҷикистон низ дар ин замина монанди якдигар будаанд.

Қаблан масъулони ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон изҳор доштаанд, номзадҳояшонро дар ҳар ду ҳавзаи интихоботии кишвар вориди рақобат хоҳанд кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97